https://sadoimardum.tj

Мулоқоти Файзалӣ Идизода бо Валихан Туреханов

№:117 (5169), 01 окт 2026, 15:26
2

29-уми сентябри соли равон Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Файзалӣ Идизода бо сафири Қазоқистон дар Тоҷикистон Валихан Туреханов мулоқот намуд.

- Аз оғоз ҳамкориҳои дуҷониба ва бис­ёр­ҷониба байни Тоҷикистону Қазоқистон дар фазои мутақобилан судманд ва ҳусни тафоҳум ҷараён гирифта, имрӯз ба сатҳи шарикии стратегӣ расидаанд. Муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Қазоқистон, асосан, фарогири самтҳои муҳими ҳамкориҳо, аз ҷумла сиёсию иқтисодӣ, сармоягузорию андозбандӣ, бонкӣ ва гумрукӣ, инчунин, ҳарбӣ ва ҳарбию техникӣ буда, густариши фаъолонаи муносибатҳои минбаъдаро таъмин менамоянд, - зикр кард Файзалӣ Идизода зимни суҳбат.

Гуфта шуд, ки асоси ҳамкориҳои иқтисодии Тоҷикистону Қазоқистонро соҳаҳои саноати сабук, металлургияи ранга, энергетика, нақлиёт, коммуникатсия ва бахши кишоварзӣ ташкил медиҳад. Тоҷикис­тон ба Қазоқистон электроэнергия, пахта, алюминий ва анвои мухталифи маҳсулоти кишоварзӣ содир намуда, аз ин кишвар гандум ва маҳсулоти он, маҳсулоти нафтӣ, оҳан ва нуриҳои минералӣ ворид менамояд.

Таъкид карда шуд, ки ҳамдигарфаҳмию ҳамоҳангсозии мавқеъҳои ҳарду давлат, ҳамчунин, дар доираи созмонҳои байналмилалию минтақавӣ, аз қабили СММ, ИДМ, СААД ва СҲШ, дар шакли ҳамкории зич ифода мегардад.

Ҳамчунин дигар маводҳо: