https://sadoimardum.tj

Номаи табрикӣ

№:117 (5169), 01 окт 2026, 15:27
2

30-юми сентябри соли 2026 Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами ­Эмомалӣ ба Раиси Думаи давлатии Маҷлиси федералии Феде­ратсияи Россия Володин В.В. номаи табрикӣ ирсол намуданд, ки дар он омадааст:

«Муҳтарам Вячеслав Викторович,

Табрикоти самимии маро ба муносибати аз нав ба мақоми Раиси Думаи давлатии Маҷлиси федералии Федератсияи Россия интихоб гардиданатон бипазиред.

Итминон дорам, ки эътимоди баланди ба Шумо зоҳиргардида эътирофи касбият, таҷрибаи ғании парламентӣ ва саҳми назарраси Шумо дар рушди парламентаризми Россия аст.

Бо истифода аз ин фурсат, мехоҳам хосатан рушди бемайлон ва хусусияти амалии ҳамкории байнипарламентии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Россияро зикр намоям.

Боварӣ дорам, ки ҳамкории байни Маҷлиси миллӣ ва Думаи давлатӣ минбаъд низ мунтазам рушд ва мундариҷаи нав пайдо хоҳад кард.

Муҳтарам Вячеслав Викторович, ба Шумо саломатии қавӣ, некуаҳволӣ, дастовардҳои нав дар хидмати пурмасъулияти давлатӣ ва ба мардуми дӯсти Федератсияи Россия сулҳу субот ва шукуфоӣ орзумандам».

Ҳамчунин дигар маводҳо: