https://sadoimardum.tj

Номаи табрикӣ

№:117 (5169), 01 окт 2026, 15:31
2

1-уми октябри соли 2026 Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ба Раиси Кумитаи доимии Маҷлиси умумичинии намояндагони халқии Ҷумҳурии Мардумии Чин Чжао Летсзӣ номаи табрикӣ ирсол намуданд, ки дар он омадааст:

«Ҷаноби Олӣ,

Шумо ва мардуми дӯсти Ҷумҳурии Мардумии Чинро ба муносибати ҷашни миллӣ - Рӯзи таъсис­ёбии Ҷумҳурии Мардумии Чин самимона табрик менамоям.

Муносибатҳои дӯстӣ, ҳамҷаворӣ ва шарикии ҳамаҷонибаи Тоҷикистону Чин пайваста рушд ёфта, ба сатҳи нави ҳамкории судманд ва мутақобилан манфиатбахш баромада истодаанд. Дар ин раванд, муколамаи пайвастаи байнипарламентӣ дар таҳкими робитаҳои дуҷониба ва густариши ҳамкории байни мақомоти қонунгузории ду кишвар ҷойгоҳи муҳим дорад.

Ҷумҳурии Тоҷикистон ба рушди ҳамкории байнипарламентӣ бо Ҷумҳурии Мардумии Чин аҳамияти хоса дода, онро яке аз воситаҳои муассири таҳкими дӯстӣ, эътимод ва ҳамдигарфаҳмӣ миёни ду кишвар медонад.

Итминон дорам, ки ҳамкории судманд ва созандаи байни парламентҳои ду кишвар минбаъд низ таҳким ёфта, дар густариши муносибатҳои дӯстӣ ва шарикии ҳамаҷонибаи Тоҷикистону Чин саҳми назаррас хоҳад гузошт.

Ба Шумо, муҳтарам Ҷаноби Олӣ, саломатии бардавом, саодатмандӣ, дар фаъолияти пурмасъулияти давлатӣ комёбиҳои нав ва ба мардуми дӯсти Чин сулҳу субот, пешрафт ва шукуфоии рӯзафзун орзумандам».

Ҳамчунин дигар маводҳо: