Таъмини амнияти дастҷамъӣ дар доираи АП СААД баррасӣ гардид
15-уми октябри соли 2026 дар шаҳри Мински Ҷумҳурии Беларус дар доираи фаъолияти Ассамблеяи парламентии Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ (СААД) ҳамоиши ҳамоҳангсози раисони куми-таҳо (комиссияҳо) оид ба мудофиа ва амнияти парламентҳои давлатҳои узви созмон баргузор гардид, ки дар он раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба тарти-боти ҳуқуқӣ, мудофиа ва амният Насрулло Маҳмудзода иштирок дошт.
Зимни ҷаласа масъалаҳои мубрами таъмини амнияти дастҷамъӣ, арзёбии вазъи кунунии ҳарбию сиёсии минтақаи масъулияти СААД ва ҳудудҳои ҳамшафати он мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Иштирокдорони ҷаласа доир ба роҳҳои таҳкими ҳамкориҳои байнипарламентӣ, андешидани чораҳои муштарак ҷиҳати муқовимат ба чолишу таҳдидҳои муосир ва ҳамоҳангсозии талошҳои давлатҳои узви созмон мубодилаи афкор намуданд.
Самти калидии фаъолияти ҳамоиши ҳамоҳангсозӣ такмили қонунгузории миллӣ ва ҳамоҳангсозии он дар кишварҳои узви СААД ба ҳисоб рафта, дар ин замина, масъалаҳои таъминоти ҳуқуқии рушди ҷузъи низомии созмон, таҳкими иқтидори мудофиавӣ ва густариши ҳамкориҳои ҳарбию техникӣ баррасӣ гардиданд.
Дар идомаи ҷаласа иштирокдорони чорабинӣ бо Раиси Шурои ҷумҳурии Маҷлиси миллии Ҷумҳурии Бела-рус Наталя Кочанова мулоқот намуданд. Зимни вохӯрӣ аҳамияти муттаҳидсозии талошҳои кишварҳои узви СААД барои таъмини амният ва субот дар минтақа таъкид гардид.
Cайёра БОБОЕВА,
шуъбаи матбуоти МН МО ҶТ
Ҳамчунин дигар маводҳо:
