Вохӯрии роҳбарони ҳайатҳои парлумонии кишварҳои узви СААД
Дар шаҳри Арушаи Ҷумҳурии Муттаҳидаи Танзания дар ҳошияи 153-юмин Ассамблеяи Иттиҳоди байнипарламентӣ вохӯрии ҳамоҳангсозии роҳбарони ҳайатҳои парлумонии давлатҳои аъзои Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ баргузор гардид.
Вохӯриро раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсон Рустам Шоҳмурод ифтитоҳ намуда, иштирокдорон тибқи рӯзнома, нахуст, татбиқи афзали-ятҳои раёсати Федератсияи Россия дар Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ дар соли 2026-ро баррасӣ кар-данд.
Инчунин, масъалаҳои ҳамоҳангсозии фаъолияти сиёсати берунии ҳайатҳои парлумонии давлатҳои аъзои СААД дар Иттиҳоди байнипарламентӣ ва масъалаҳои мубрами Ассамблеяи 153-юми Иттиҳоди байнипарла-ментӣ муҳокима шуданд.
Cайёра БОБОЕВА,
шуъбаи матбуоти МН МО ҶТ
Ҳамчунин дигар маводҳо:
