https://sadoimardum.tj

Ҳамоиши муҳим дар Маҷлиси намояндагон

№:129 (5181), 21 окт 2026, 11:16
1

Рӯзҳои 15-16-уми октябри соли 2026 дар Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо идораи Комиссари олии СММ оид ба ҳуқуқи инсон оид ба буҷетбандии ба ҳуқуқи ин-сон ва ҳассосияти гендерӣ асосёфта ҳамоиш баргузор шуд.
Дар ҳамоиш муовини Раиси Маҷлиси намояндагон Мавсума Муинӣ баргузории чорабиниро дар самти пешбурди ҳуқуқи инсон, таъмини баробарии гендерӣ ва мубориза бо зӯроварии гендерӣ муҳим арзёбӣ намуда, тасдиқи (ратификатсияи) Конвенсияи Созмони Милали Муттаҳид оид ба ҳуқуқи шахсони дорои маъюбиятро аз ҷониби Маҷлиси намояндагон қадами муҳим дар таҳкими низоми миллии ҳифзи ҳуқуқи инсон номид.
- Бо роҳбарии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон дар давоми 35 соли истиқлол Тоҷикистон дар самти таҳкими заминаҳои ҳуқуқӣ ва институтсионалии ҳифзи ҳуқуқи инсон ба дастовардҳои назаррас ноил шудааст. Аз ҷумла, қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи баробарӣ ва барҳам додани ҳама гуна шаклҳои табъиз» ва «Стратегияи миллии ҳифзи ҳуқуқи инсон то соли 2038» дар пешбурди баробарӣ ва ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон тадбирҳои амалинамудаи Тоҷикистон дар ин самт мебо-шад, - гуфт М. Муинӣ.
Таъкид шуд, ки буҷети давлатӣ яке аз воситаҳои асосии иҷрои уҳдадориҳои давлат дар соҳаи ҳуқуқи инсон, бахусус ҳуқуқҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ, ба ҳисоб меравад. Муовини Раиси Маҷлиси намояндагон иб-роз дошт, ки буҷетбандии ба ҳуқуқи инсон ва ҳассосияти гендерӣ асосёфта имкон медиҳад, ки ҳангоми таҳия ва иҷрои буҷет эҳтиёҷоти занону мардон, духтарону писарон ба назар гирифта шуда, барои бартараф намудани нобаробариҳо тадбирҳои зарурӣ андешида шаванд.
Cайёра БОБОЕВА,
шуъбаи матбуоти МН МО ҶТ

Ҳамчунин дигар маводҳо: