https://sadoimardum.tj

Баррасии ҳамкориҳо бо Чехия

№:129 (5181), 21 окт 2026, 11:18
1

Раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба корҳои байнал-милалӣ, иттиҳодияҳои ­ҷамъиятӣ ва иттилоот Маҳмадшоҳ Гулзода ва роҳбари гурӯҳи дӯстии байни-парлумонии Тоҷикистон ва Чехия Неъматулло Иброҳимзода бо сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Чехия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Любомир Фреборт мулоқот намуданд.
Зимни суҳбат ҷонибҳо вазъи кунунӣ ва дурнамои рушди муносибатҳои дӯстона ва ҳамкориҳои мутақобилан судманд миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Чехияро баррасӣ намуданд.
Ба таҳкими ҳамкориҳои байнипарлумонӣ, тақвияти заминаи шартномавию ҳуқуқӣ, рушди ҳамкорӣ дар соҳаҳои илму маориф, фарҳанг, ҷавонон, сайёҳӣ ва варзиш таваҷҷуҳи хос зоҳир гардид.
Ҳамчунин, баргузории мулоқоти маҷозии гурӯҳҳои дӯстии байнипарлумонии Тоҷикистону Чехия ҳамчун иқдоми муҳим дар таҳкими робитаҳои парлумонӣ арзёбӣ шуд. Ба нақши мероси илмии шарқшинос ва тоҷикшиноси маъруфи чех Иржи Бечка дар таҳкими робитаҳои илмӣ ва фарҳангии ду кишвар таваҷҷуҳ зоҳир гардид.
Дар фарҷоми суҳбат ҷонибҳо омодагии худро барои идомаи муколамаи созанда ва тавсеаи ҳамкориҳои гу-ногунҷанба изҳор доштанд.
Cайёра БОБОЕВА,
шуъбаи матбуоти МН МО ҶТ

Ҳамчунин дигар маводҳо: