Иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе
20-уми октябри соли 2026 таҳти раёсати Раиси Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар пойтахти мамлакат Иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе даъвати ҳафтум доир гардид. Дар ин хусус аз шуъбаи иттилооти дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе хабар доданд.
Дар кори иҷлосия муовинон, роҳбари дастгоҳи Раиси шаҳр, роҳбарони воҳидҳои сохтории дастгоҳ, корхона-ву муассисаҳои шаҳрӣ, раисони ноҳияҳои шаҳр, сардорони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, сохторҳои маҳаллии мақо-моти марказии ҳокимияти иҷроия ва намояндагони васоити ахбори омма иштирок намуданд.
Вакилон тибқи рӯзнома масъалаи омодагӣ ба давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2026-2027 дар шаҳри Ду-шанберо мавриди баррасӣ қарор дода, вобаста ба он ҳисоботи муовини якум, муовинони Раиси шаҳри Душан-бе ва раисони ноҳияҳои шаҳр шунида шуд.
Муҳтарам Рустами Эмомалӣ ба муовини якум ва муовинони Раиси шаҳри Душанбе, раисони ноҳияҳои шаҳр, роҳбарони воҳидҳои сохтории дастгоҳи Раиси шаҳр ҷиҳати иҷрои нақшаи чорабиниҳо оид ба сари вақт омода намудани соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёти шаҳри Душанбе барои фаъолияти мунтазам ва самара-бахш дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2026-2027 дастуру супоришҳои мушаххас доданд.
Таъкид гардид, ки баҳри муҳайё сохтани шароити бароҳат ба сокинон дар давраи зимистон корҳоро дар самти таъминоти бемамонияти обу барқ, гармӣ ва муътадил нигоҳ доштани нархи маҳсулоти ниёзи аввал дар бозорҳо тақвият бахшанд.
Сипас, рафти иҷрои «Стратегияи рушди иқтисоди «сабз» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2023-2037» ва рафти иҷрои нақшаи чорабиниҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар ин самт мавриди баррасӣ қарор дода шуда, вобаста ба он муовини Раиси шаҳри Душанбе гузориш дод.
Муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар ин робита ба муовини Раиси шаҳри Душанбе ва дигар сохторҳои дахлдор дастур доданд, ки ҷиҳати иҷрои босифати нақшаи чорабиниҳои стратегияи мазкур, истифодаи самараноки за-хираҳои табиӣ, сарфаи энергия, рушди манбаъҳои барқароршаванда, идоракунии дурусти партовҳо, рушди нақлиёти экологӣ, истифодаи технологияҳои муосир, ки ба рушди иқтисоди «сабз» нигаронида шудааст, чо-раҳои дахлдор андешанд.
Инчунин, бо мақсади амалӣ намудани ҳадафи стратегия ба сохторҳои соҳавӣ дастур доданд, ки дар ҳамкорӣ бо ширкати ватании ҶДММ «Руфтоб» доир ба насби панелҳои офтобӣ дар ҳама корхонаҳои ҳудуди шаҳр, но-вобаста аз шакли моликият, бо инобати имкониятҳои мавҷуда корбарӣ намоянд.
Вакилон дар идома «Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии шаҳри Душанбе барои солҳои 2026-2030»-ро баррасӣ ва тасдиқ намуданд.
Раиси Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ба муовини якум ва муовинон, роҳбари дастгоҳ, раисони ноҳияҳо, роҳбарони воҳидҳои сохтории дастгоҳ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе вобаста ба таъмини иҷрои босифат ва самараноки барномаи мазкур дастур доданд, ки корҳоро дар самтҳои рушди иқтисод, маориф, тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ, фарҳанг, сайёҳӣ, варзиш ва сиёсати давлатии ҷавонон, гузариш ба низомҳои рақамӣ, инноватсия, саноат, кишоварзӣ, ҷалби сармоя, соҳиб-кории хурду миёна, инфрасохтори роҳу нақлиёт, сохтмону меъморӣ, барқу гармидиҳӣ, обу корез ва иқтисоди «сабз» тақвият бахшанд.
Вакилон, ҳамчунин, як қатор қарорҳои қабулнамудаи Раиси шаҳри Душанберо дар масъалаҳои кадрӣ ва ди-гар соҳаҳои муҳими шаҳрдорӣ баррасӣ ва тасдиқ намуданд.
Дар фарҷоми кори иҷлосия Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ вакилон ва кулли ҳозиринро ба хизмати содиқона баҳри рушду нумуи пойтахти кишвар - шаҳри Душанбе даъват карда, ба онҳо сарбаландӣ, хонаободӣ, саодатмандӣ, муваффақият ва ба Тоҷикистони азиз пешравию шукуфоии рӯзафзун таманно наму-данд.
«Садои мардум»
Ҳамчунин дигар маводҳо:
