https://sadoimardum.tj

Мулоқоти Файзалӣ Идизода бо Аҳмад бин Муҳаммад Ал-Ҷарвон

№:144 (5196), 09 ноя 2026, 11:44
1

Панҷуми ноябри соли 2026 мулоқоти фосилавии Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Файзалӣ Идизода бо Президенти Шурои ҷаҳонии таҳаммулпазирӣ ва сулҳ Аҳмад бин Муҳаммад Ал-Ҷарвон баргузор гардид.
Зимни суҳбат ҷонибҳо вазъи кунунӣ ва дурнамои ҳамкориҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Шурои ҷаҳонии таҳаммулпазирӣ ва сулҳ, инчунин, роҳҳои густариши робитаҳои байнипарлумониро мавриди баррасӣ қарор доданд.
Таъкид гардид, ки Тоҷикистон ба фаъолияти Шурои ҷаҳонии таҳаммулпазирӣ ва сулҳ дар самти пешбурди арзишҳои сулҳ, таҳаммулпазирӣ, ҳамдигарфаҳмӣ ва таҳкими ҳамкориҳои байналмилалӣ аҳамияти хос зоҳир менамояд.
Ҷонибҳо, ҳамчунин, аз сатҳи кунунии муносибатҳои Тоҷикистон бо Шуро изҳори қаноатмандӣ намуда, за-рурати истифодаи имкониятҳои мавҷударо барои тавсеаи ҳамкориҳо ва татбиқи ташаббусҳои муштарак таъкид карданд.
Дар ин робита, нақши Тоҷикистон дар пешбурди ташаббусҳои байналмилалии сулҳҷӯёна, аз ҷумла қатъно-маи Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид оид ба эълон намудани «Даҳсолаи таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда», ки бо ташаббуси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикис­тон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қабул гардидааст, таъкид шуд.
Зикр гардид, ки ҳадафу самтҳои фаъо­лияти Шурои ҷаҳонии таҳаммулпазирӣ ва сулҳ бо вазифаҳои асосии даҳсолаи мазкур ҳамоҳанг буда, ҳамкории муштарак метавонад ба пешбурд ва татбиқи байналмилалии ҳадафҳои он мусоидат намояд.
Зикр шуд, ки моҳи майи соли 2027 шаҳри Душанбе мизбони Конфронси сатҳи баланд оид ба оғози татбиқи «Даҳсолаи таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда» хоҳад буд.
Дар ин замина, бо такя ба тавофуқоти қаблан ҳосилшуда масъалаи таъсиси дафтари минтақавии Шурои ҷаҳонии таҳаммулпазирӣ ва сулҳ дар шаҳри Душанбе баррасӣ гардид.

Ҳамчунин дигар маводҳо: