https://sadoimardum.tj

Сафари Рустами Эмомалӣ ба Ӯзбекистон

№:144 (5196), 09 ноя 2026, 11:46
4

4-уми ноябри соли 2026 Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ бо мақсади анҷом додани сафари расмӣ ба шаҳри Тошканди Ҷумҳурии Ӯбекистон сафар карданд.
Дар ин сафар Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалиро раисони кумитаҳои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон, роҳбари Дастгоҳи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар шахсони расмӣ ҳамроҳӣ намуданд.

4-уми ноябр Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ҷиҳати анҷом додани сафари расмӣ вориди шаҳри Тошканди Ҷумҳурии Ӯзбекистон шуданд.
Дар Фурудгоҳи байналмилалии «Тошканд - Ҳумо» ба номи Ислом Каримов Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалиро муовини якуми Раиси Сенати Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Ӯзбекистон, ҳокими шаҳри Тошканд, сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва дигар намояндагони расмӣ самимона истиқбол гирифтанд.

Худи ҳамон рӯз дар ҳошияи сафари расмӣ дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон ­Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ бо нишони эҳтиром ба таърих ва давлатдории миллии Ӯзбекистон дар назди муҷассамаи «Истиқлолият» дар Боғи «Ӯзбеки-стони нав» гулчанбар гузоштанд.
Дар маросими гулчанбаргузорӣ Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалиро муовини якуми Раиси Сенати Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Ӯзбекистон, ҳокими шаҳри Тошканд ва дигар шахсони расмӣ ҳамроҳӣ карданд.

Дар идомаи сафари расмӣ дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар шаҳри Тошканд бо нақшаи генералии лоиҳаи шаҳрсозии «Тошканди нав» шинос шуданд.
Зимни муаррифӣ иттилоъ дода шуд, ки лоиҳаи мазкур яке аз ташаббусҳои назарраси шаҳрсозии Ҷумҳурии Ӯзбекистон ба ҳисоб рафта, бо мақсади ташаккули маркази нави муосири шаҳрӣ, фароҳам овардани шароити мусоиди зиндагӣ ва рушди устувори инфрасохтори шаҳрӣ амалӣ мегардад.
Тибқи лоиҳа, масоҳати умумии ҳудуди шаҳри нав 20 ҳазор гектарро ташкил дода, он барои зиндагии тақрибан 2 миллион нафар пешбинӣ гардидааст.
Дар доираи татбиқи лоиҳа бунёди маҳаллаҳои истиқоматӣ, марказҳои тиҷоративу маъмурӣ, муассисаҳои таълимӣ, фарҳангӣ ва иҷтимоӣ, инчунин, боғҳо, минтақаҳои сабз, обанборҳо ва дигар иншооти муосири инф-расохторӣ бо истифодаи васеи технологияҳои рақамӣ ба нақша гирифта шудааст.
Зикр гардид, ки таҷрибаи татбиқи чунин лоиҳаҳои бузурги шаҳрсозӣ, истифодаи технологияҳои муосир ва ҷорӣ намудани усулҳои инноватсионии идоракунии шаҳрҳо барои омӯзиш ва табодули таҷриба дар самти рушди инфрасохтори муосир аҳамияти муҳим дорад.
Муҳтарам Рустами Эмомалӣ ба иқдоми пешгирифтаи шаҳрдории Тошканд баҳои баланд дода, дар татбиқи амалии ин лоиҳа барори кор таманно намуданд.

4-уми ноябр дар доираи сафари расмӣ дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ бо Раиси Сенати Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Ӯзбекистон муҳтарам Танзила Нарбаева мулоқот анҷом доданд.
Зимни мулоқоти хосаи роҳбарони палатаҳои болоии парламентҳо ва музокироти васеъ бо иштироки ҳайатҳои парламентии Тоҷикистону Ӯзбекистон ҷонибҳо доираи васеи масъалаҳои марбут ба таҳким ва густариши ҳамкориҳои байнипарламентӣ, инчунин, рушди муносибатҳои шарикии стратегӣ ва ҳампаймонии Тоҷикисто-ну Ӯзбекистонро мавриди баррасӣ қарор доданд.
Таъкид гардид, ки муносибатҳои Тоҷикистону Ӯзбекистон, ки бар пояи робитаҳои таърихӣ, фарҳангӣ ва маънавии ду халқи бародар асос ёфтаанд, дар солҳои охир ба марҳилаи сифатан нав ворид гардида, дар руҳияи ҳусни ҳамҷаворӣ, эътимоди мутақобила, эҳтиром ва дастгирии ҳамдигарӣ пайваста рушд меёбанд.
Зикр гардид, ки муколамаи созанда ва муносибатҳои самимиву эътимодбахши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ ­Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев дар таъмини рушди устувори ҳамкориҳои дуҷониба нақши муҳим доранд.
Дар ҷараёни мулоқот ба рушди робитаҳои байнипарламентӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир карда шуд.
Ҳамзамон, ҷонибҳо фаъолияти Комиссия оид ба ҳамкорӣ байни Маҷлиси миллӣ ва Сенати Маҷлиси Олиро муҳим арзёбӣ намуда, зарурати тақвияти минбаъдаи ҳамкориҳоро дар ин самт таъкид карданд.
Дар бахши ҳамкориҳои тиҷоратию иқтисодӣ тамоюли мусбати афзоиши гардиши мол миёни ду кишвар бо қаноатмандӣ зикр гардид.
Ҷонибҳо муҳимияти андешидани тадбирҳои мушаххасро ҷиҳати расидан ба ҳадафи стратегии аз ҷониби сарони ду давлат гузошташуда - то ба 2 миллиард доллар расонидани ҳаҷми гардиши мол миёни ду кишвар таъкид намуданд.
Дар ин замина, масъалаҳои тавсеаи ҳамкориҳои сармоягузорӣ, татбиқи лои­ҳаҳои муштараки саноатӣ, энер-гетикӣ, нақлиётӣ ва инфрасохторӣ, инчунин, рушди савдои наздисарҳадӣ ва робитаҳои соҳибкорони ду кишвар баррасӣ гардиданд.


Ҳамзамон, ба дурнамои рушди ҳамкориҳои истеҳсолӣ ва густариши робитаҳо дар бахши кишоварзӣ таваҷҷуҳ зоҳир карда шуд.
Дар ҷараёни мулоқот ҷонибҳо иқтидори васеи ҳамкориҳои фарҳангию гуманитариро низ таъкид намуданд.
Зарурати густариши ҳамкорӣ дар соҳаҳои маориф, илм, сайёҳӣ, инноватсия ва технологияҳои муосир, инчунин, таҳкими робитаҳои гуманитарӣ байни минтақаҳои ду кишвар таъкид гардид.
Дар баробари ин, ҷонибҳо доир ба масъалаҳои мубрами минтақавию байналмилалӣ мубодилаи афкор намуда, ҷонибдории худро аз таҳкими сулҳу субот ва амният дар Осиёи Марказӣ иброз доштанд.
Дар фарҷом аз рӯи натиҷаҳои музокирот муҳтарам Рустами Эмомалӣ ва муҳтарам Танзила Нарбаева ба «Харитаи роҳ оид ба рушди ҳамкорӣ байни Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Сенати Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Ӯзбекистон барои солҳои 2027-2028» имзо гузоштанд.
Ҳамчунин, Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам ­Рустами Эмомалӣ пас аз боздид аз толорҳои Сенат дар Китоби меҳмонони ифтихории Сенати Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Ӯзбекистон таманниёти неки худро дарҷ намуданд.

Дар идомаи рӯз дар доираи сафари расмӣ дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ аз Маркази тамадду-ни исломӣ дар шаҳри Тошканд боздид ба амал оварданд.
Зимни боздид муҳтарам Рустами ­Эмомалӣ бо тарҳи меъморӣ ва консепсияи марказ, толорҳои намоишии осорхона ва маводи илмие, ки мероси ғании таърихӣ, маънавӣ ва зеҳнии тамаддуни исломиро инъикос мена-моянд, шинос гардиданд.

Нимаи дуюми рӯзи 4-уми ноябр дар доираи сафари расмӣ дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам ­Рустами Эмомалӣ ва Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев мулоқот намуданд.
Дар оғози мулоқот муҳтарам ­Рустами Эмомалӣ дуруди самимии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пе-швои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев расониданд.
Зимни мулоқот вазъи кунунӣ ва дурнамои рушди муносибатҳои дӯстӣ ва шарикии стратегӣ миёни ду ки-швар мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Таъкид гардид, ки Тоҷикистон ва Ӯзбекистонро риштаҳои муштараки таърихӣ, фарҳангӣ ва маънавӣ ба ҳам пайваста, таҳкими ҳамаҷонибаи муносибатҳои дуҷониба дар меҳвари сиёсати хориҷии ҳарду кишвар қарор дорад.
Аз сатҳи баланди ҳамкориҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, тиҷоратӣ ва фарҳангию гуманитарӣ изҳори қаноатмандӣ карда шуд.
Дар ин раванд, ҷонибҳо бо таваҷҷуҳ ба густариши робитаҳо ва таҳкими муколамаи байнипарламентӣ аҳамияти тақвияти заминаи ҳуқуқии муносибатҳои дуҷониба ва ҳамоҳангсозии фаъолияти парламентҳои ҳар-ду кишварро таъкид намуданд.
Дар бахши иқтисодӣ масъалаҳои густариши гардиши савдои дуҷониба, ҷалби сармоягузориҳои мустақим ва рушди ҳамкорӣ дар соҳаи сӯзишворию энергетикӣ баррасӣ гардид.
Ҳамчунин, рушди ҳамкориҳои фарҳангию гуманитарӣ, бахусус дар соҳаи маориф, муҳим шуморида шуд.
Дар ҷараёни мулоқот ҳамкориҳои фаъоли ҷонибҳо дар доираи созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ низ баррасӣ шуд.
Пас аз мулоқот Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев барои саҳми ар-занда дар рушди муносибатҳои дӯстӣ, ҳусни ҳамҷаворӣ, шарикии стратегӣ ва ҳампаймонӣ, ин-чунин, тавсеаи муколамаи байнипарламентӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Ӯзбеки-стон Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Рустами Эмомали-ро бо ордени «Барои хизматҳои фидокорона» сарфароз гардониданд.

5-уми ноябри соли 2026 дар доираи сафари расмӣ дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ аз шаҳри Тошканд ба шаҳри Бухоро ташриф оварданд.
Дар Фурудгоҳи байналмилалии Бухоро Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалиро муовини якуми Раиси Сенати Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Ӯзбекистон, ҳокими вилояти Бухоро, сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Ӯзбе-кистон ва дигар намояндагони расмӣ самимона истиқбол гирифтанд.
5-уми ноябр Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ аз ҷойҳои таърихию муқаддаси шаҳри бостонии Бухоро боздид намуданд.
Боздиди муҳтарам Рустами ­Эмомалӣ дар шаҳри Бухоро аз зиёрати мақбараи Исмоили Сомонӣ ва тамошои Қалъаи Бухоро оғоз гардид.
Оромгоҳи сулолавии Сомониён, ки ба асрҳои IX–X тааллуқ дорад, яке аз нодиртарин ёдгориҳои меъмории Бухоро ва тамоми Осиёи Марказӣ ба шумор меравад.
Ин ёдгории нодир, ки анъанаҳои меъмории бостониро дар хеш таҷассум кардааст, бо фармони амири давлати Сомониён Исмоили Сомонӣ (849-907) дар охири асри IX бар болои қабри падари ӯ Аҳмад ибни Асад бунёд гардидааст.
Дар он, ҳамчунин, намояндагони дигари сулолаи Сомониён, аз ҷумла Исмоили Сомонӣ, асосгузори давлати тоҷикон, мадфун мебошанд.
Оромгоҳ бо меъмории мураббаъ­шакл, гунбази муҳташам, чор бурҷи кунҷӣ ва ороиши нодири хиштӣ фарқ намуда, таҷассумгари ҳунари баланди меъморӣ ва анъанаҳои бостонии меъмории тоҷикон мебошад.
Ин ёдгорӣ яке аз намунаҳои нодири мероси меъмории давраи Сомониён буда, то имрӯз арзиши бузурги таърихию фарҳангии худро нигоҳ доштааст.
5-уми ноябр, пас аз анҷоми сафари пурмуҳтавои расмӣ дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон, ки тайи ду рӯз идома ёфт, Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ аз шаҳри Бухоро ба Ватан баргаштанд.
www.majmilli.tj

Ҳамчунин дигар маводҳо: