Мубориза бо терроризм
РОҲИ ЯГОНАИ МУВАФФАҚИЯТ ҲАМКОРИИ КИШВАРҲОСТ
Дар асри XXI баробари тағйирёбии иқлим, сӯхтору заминларза, обхезӣ ва дигар офатҳои табиӣ зуҳуроти нав, яъне терроризму ифротгароӣ ҳамчун вабои аср боиси рӯйдодҳои даҳшатбор гаштааст. Ин зуҳуроти мураккаб хатар ба давлату миллат ва ба ҳар як сокини сайёра буда, аз он ягон кишвар эмин буда наметавонад.
Сиёсати муваффақу дурандешонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳри тақвият, ҳувият, худогоҳӣ ва худшиносии миллӣ, инчунин, пешгирии гароиши ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ нигаронида шудааст. Фарзанди баруманди миллати тоҷик муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳанӯз дар нахустин суханрониашон дар иҷлосияи 48-уми Маҷмаи умумии СММ 29-уми сентябри соли 1993 терроризму ифротгароиро маҳкум карда, мавқеи Тоҷикистони тозаистиқлолро дар мубориза бар зидди ин зуҳуроти номатлуб эълом доштанд.
Дастоварди бунёдии мамлакат дар самти мубориза бо ифротгароӣ таҳкими заминаҳои меъёрию ҳуқуқӣ низ ба шумор мераванд. Дар Тоҷикистон як зумра санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, аз ҷумла Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мубориза бар зидди терроризм», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мубориза бар зидди экстремизм», «Консепсияи ягонаи Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба мубориза бар зидди терроризм ва экстремизм», «Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мубориза бо экстремизм ва терроризм барои солҳои 2016-2020», ба тасвиб расиданд.
Ба ғайр аз ин, дар мамлакат «Консепсияи миллии муқовимат ба қонунигардонии (расмикунонии) даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда, маблағгузории терроризм ва маблағгузории паҳнкунии силоҳи қатли ом барои солҳои 2018-2025», «Консепсияи сиёсати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи дин» ва дигар санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқӣ» қабул шудаанд, ки вазифаҳо ва самтҳои асосии сиёсати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар самти муқовимат бо экстремизм ва терроризм муайян менамоянд.
Дар баробари ин, пешниҳодҳои Тоҷикистон оид ба муқовимат ба экстремизму терроризм борҳо аз минбарҳои бонуфузи ҷаҳон аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба самъи ҷомеаи ҷаҳон расонда шудаанд. Аз ҷумла, Пешвои миллат дар Конфронси байналмилалӣ оид ба «тақвияти ҳамкории байналмилалӣ дар самти мубориза бо терроризм ва эҷоди механизмҳои самараноки амнияти сарҳадӣ - марҳалаи кувайтии «Раванди Душанбе» таъкид намуданд: «Паҳн кардани ғояҳои тундгароёна, барангехтани кинаву адоват ва низои мазҳабӣ дар ҷомеа, ҷалби ҷавонон барои содир намудани ҷиноятҳои террористӣ аслиҳаи воқеии созмонҳои террористиву ифротгаро гардидааст. Онҳо зимни тақвияти фаъолияти худ бо истифода аз ин василаҳо мехоҳанд сохти ҷамъиятиву сиёсии ин ё он кишварро бо роҳи зӯроварӣ тағйир диҳанд. Барои пешгирӣ аз ифротгароӣ, хусусан дар байни ҷавонон, зарурати роҳандозии иқдомҳои махсус ба миён омадааст. Дар ин росто, барномаҳои таълимӣ ва лоиҳаҳои иҷтимоие, ки аз дастгирии имкониятҳои иқтисодӣ бархӯрдоранд ва метавонанд ба коҳиш додани хатари ифротгароӣ кумак кунанд, аз абзорҳои муҳим дар ин раванд ба шумор мераванд».
Маҳз барои дуруст дарк намудани моҳияти дину ҳадисҳои Расули Худо ва ба ин васила садди роҳи терроризму ифротгароён шудан бо дастгирии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Қуръон, «Тафсири Табарӣ», «Саҳеҳи Бухорӣ», «Фиқҳи исломӣ дар асоси мазҳаби ҳанафӣ» ва ғайра бо ҳуруфи кириллӣ ва бо забони тоҷикӣ баргардон ва нашр гардиданд.
Илова бар ин, бо ибтикори Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли 2009 «Соли бузургдошти Имоми Аъзам» эълон гардида, 1310-солагии ин шахсияти барҷаста таҷлил шуд. Дар доираи иқдоми мазкур Симпозиуми байналмилалӣ дар мавзуи «Мероси Абуҳанифа ва аҳамияти он дар муколамаи тамаддунҳо» баргузор гардид, ки дар он аз 49 давлати дунё муҳаққиқон иштирок намуданд.
Даҳсолаи охир аз лиҳози амниятӣ марҳилаи бисёр мураккаб буд, зеро маҳз ин марҳила нисбат ба солҳои қаблӣ шомилшавии шаҳрвандони Тоҷикистон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ нисбатан афзуд. Новобаста аз он ки сокинони мамлакат чӣ гуна ба ин гурӯҳ шомил шуданд: бо майли худ ва ё зери таъсири фиребу найранг, Ҳукумати мамлакат эълон дошт, ки ҳар нафаре аз кардаи худ сидқан пушаймон шуда, ба Ватан бармегардад ва ё хоҳиши баргаштан мекунад, омода аст ёрӣ расонад ва гуноҳи онҳоро бубахшад.
Бо супориши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Ватан баргардонидани кӯдакон ва ноболиғон – шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ҳамроҳ бо волидон ва оилаҳои гумроҳшуда дар Ироқу Сурия буданд, аз соли 2018 оғоз гардида, солҳои 2018-2024 зиёда аз 300 зану кӯдакони тоҷик ба Ватан баргардонида шуданд. Ин амал нишони инсондӯст, раҳму шафқат ва ғамхории Пешвои миллат мебошад. Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаҳон аввалин шуда, ба хотири нангу номуси миллӣ, ҳимояи номи тоҷик ва хорузор нагардидани тифлону кӯдакони бегуноҳ ин иқдомро амалӣ намуданд.
Ҷоиз ба зикр аст, ки 18-19 октябри соли 2022 дар шаҳри Душанбе Конфронси байналмилалии сатҳи баланд таҳти унвони «Ҳамкории байналмилалӣ ва минтақавӣ оид ба амният ва мудирияти сарҳад ҷиҳати муқовимат ба терроризм ва пешгирӣ аз ҳаракати террористҳо» баргузор гардид. Аз натиҷаи ин конфронс «Эъломияи Душанбе оид ба амният ва мудирияти сарҳад ҷиҳати муқовимат ба терроризм ва пешгирӣ аз ҳаракати террористҳо» қабул гардид, ки дар таърих бо ҳамин ном боқӣ хоҳад монд.
Тоҷикистон дар арсаи мубориза бар зидди терроризму ифротгароӣ, тундгароӣ ва дигар хатару таҳдидҳои замони муосир шарики давлатҳои дунё ва созмонҳои байналмилаливу минтақавӣ аст. Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Иҷлосияи 79-уми Маҷмаи умумии СММ 24-уми сентябри соли 2024 дар шаҳри Ню-Йорк ташаббуси навбатии хешро ба хотири таъмини сулҳу субот дар сайёра ба ҷаҳониён пешниҳод намуданд. Дар ин робита Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҷомеаи ҷаҳонӣ бори дигар ёдрас шуданд, ки пурзӯр кардани ҳамкориву шарикиро барои таъмини суботу амнияти фарогир тавассути андешидани иқдомҳои муштарак дар самти мубориза бо терроризму ифротгароӣ ва аз байн бурдани омилҳои дастгирии сиёсӣ, низомӣ ва молиявии онҳо ҳамчун самти амалии раҳоӣ аз ин вартаи хатарнок муҳим мебошад.
Ҳамон тавре, ки Пешвои миллат гуфтанд: «Танҳо тавассути ҳамкории васеъ ва ҳамоҳангшудаи байналмилалӣ мо метавонем дар мубориза бо терроризм ва таҳдидҳои он муваффақ бошем».
Самандар ИСКАНДАРЗОДА,
директори «Телевизиони Тоҷикистон»
Ҳамчунин дигар маводҳо:





