ВМКБ. Омодагӣ ба таҷлили арзандаи Рӯзи Ваҳдати миллӣ
Дар ҷаласаи назди раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Алишер Мирзонабот омодагӣ ба сазовор таҷлил намудани Рӯзи Ваҳдати миллӣ, вусъати корҳои ободонию созандагӣ мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Барои сари вақт ва босифат анҷом додани корҳо дар иншооти ҷашнии шаҳру ноҳияҳои вилоят, паркҳои технологӣ, корхонаҳои саноатию муассисаҳои томактабӣ, хонаҳои истиқоматӣ ва иншооти азими вилоят, аз қабили Неругоҳи барқи обии «Себзор», пули калони мошингузар дар шаҳри Хоруғ, роҳҳои дорои аҳамияти байналмилалӣ, сохтмончиён ва раисони шаҳру ноҳияҳо аз раиси вилоят супоришҳои иловагӣ гирифтанд.
Роҳбарияти вилоят, инчунин, ба раисони ноҳияҳо ва масъулини соҳаи маориф ҷиҳати тавсеа бахшидани корҳои сохтмонӣ дар муассисаҳои томактабӣ дастурҳои мушаххас дод.
Таъкид гардид, соли равон дар шаҳру ноҳияҳои вилоят 26 муассисаи томактабӣ сохта шуда, дар арафаи таҷлили Рӯзи Ваҳдати миллӣ ва Рӯзи Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аксари онҳо мавриди баҳрабардорӣ қарор дода мешаванд.
М. ИМОМНАЗАР,
«Садои мардум»
Ҳамчунин дигар маводҳо:





