https://sadoimardum.tj

Ваҳдатофар

№:78 (4984) 25 июн 2025, 12:34
13

Мо ба қадри ваҳдат ҳамон вақт мерасем, ки агар амиқтар андеша кунем ва дарк намоем, ки он дар натиҷаи заҳматҳои шабонарӯзии фарзандони ватандӯст, шахсиятҳои худогоҳу худшинос ва дар навбати аввал, бо ҷонбозиҳои зиёди миллати азияткашидаи мо ба даст омадааст. 

Эмомалӣ РАҲМОН

Падидаи ваҳдати миллӣ на танҳо яке аз бузургтарин дастовардҳои даврони Истиқлоли давлатии Тоҷикистон, балки таҷассумгари иродаи қавии миллати тоҷик дар роҳи таъмини субот, сулҳ ва якпорчагии кишвар маҳсуб мешавад. Таърихи муосири Тоҷикис­тон нишон медиҳад, ки расидан ба ваҳдати миллӣ роҳи осон набуда, ин дастовард натиҷаи муборизаи сарбаландона, заҳматҳои пайваста ва тадбирҳои дурандешонаи Роҳбари хирадманд, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маҳсуб мешавад.

Ваҳдати миллӣ барои Тоҷикистон баъд аз ҷанги шаҳрвандӣ на танҳо рукни асосии эҳёи давлат ва пойдории ҷомеа, балки як арзиши волои маънавӣ ва сиёсӣ гардид, ки тавассути он фарҳанги таҳаммулпазирӣ, ҳамдигарфаҳмӣ, меҳанпарастӣ ва истиқлолгароии ҷомеа таҳким ёфт. 

Маҳз Пешвои муаззами миллат дар он солҳои душвор, вақте ки халқи тоҷик ба гирдоби низоъ ва парокандагӣ гирифтор буд, бо садоқат ба ормонҳои миллӣ, иродаи қавӣ ва сиёсати хирадмандона тавонистанд миллати парешонро муттаҳид созанд, сулҳи деринтизорро таъмин намоянд ва пояҳои ваҳдати воқеиро гузоранд. Бо ибтикор ва пешрафти сиёсати ваҳдатгароёнаи Пешвои муаззами миллат Тоҷикистон ба ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳамчун кишвари сулҳпарвар, устувор ва пешрафта муаррифӣ шуд.

Ваҳдати миллӣ на танҳо воқеаи таърихӣ, балки рисолат ва арзишест, ки ниёз ба ҳифз, рушд ва посдории пайгирона дорад. Дар ин раванд, Пешвои муаззами миллат ҳамчун раҳнамои миллат, меъмори ваҳдат ва кафили суботи давлатдорӣ, мақому манзалати бениҳоят баланд доранд.

 Барои миллати куҳанбунёди тоҷик, ки аз умқи таърихи беш аз 6000-сола об мехӯрад, бузургтарин неъмат ба даст овардани Истиқлоли давлатӣ маҳсуб мешавад.

Таҷрибаи таърихи ҷаҳон собит месозад, ки истиқлол ба осонӣ ба даст намеояд. Шоҳиди талоши пайгиронаи халқҳое ҳастем, ки даҳҳо миллион аҳолӣ доранду соҳиби замин ва забонанд, аммо аз ҳуқуқҳои одитарини миллӣ ва фарҳангӣ маҳруманд. 

Маврид ба зикр аст, ки сулҳ, ваҳдат ва истиқлол се мафҳуми аз ҳам ҷудонашаванда аст. Арзиши муқаддасу таърихӣ ва омили муҳимтарини ҳамаи дастовардҳои миллати мо баъди ба истиқлоли давлатӣ, бешубҳа ваҳдати миллӣ, сулҳу оромӣ ва суботи сиёсӣ мебошанд. Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ин маврид чунин гуфтаанд: «Маҳз ваҳдати миллӣ халқи тоҷикро аз хатари парокандагӣ ва давлати тозаистиқлоли тоҷиконро аз вартаи нобудӣ раҳоӣ бахшида, замина фароҳам овард, ки мо муттаҳид шавем, Ватанамонро соҳибӣ ва обод кунем ва рушди бомароми Тоҷикистони азизамонро таъмин гардонем».

Хидматҳои бузурги Пешвои муаззами миллат муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон, ин шахси нодир ва сиёсатмадори дурандеш, пеш аз ҳама, дар он аст, ки дар ҳамон вазъияту шароити ҳассоси печида ва мураккаби муноқишаҳои дохилӣ ва ҷанги таҳмилӣ давлатро аз парокандашавӣ ҳифз намуда, барои наслҳои имрӯзу фардо ҷомеаи пешрафта ва давлати мутамаддинро ба камол расонида, ба сӯи оянда раҳнамоӣ менамоянд.

 Бемуболиға, роҳбарии хирадмандона, самимияти беназири инсонӣ, руҳи қавии ватанпарастӣ, ҳамкории пурсамар дар фазои ҳамдигарфаҳмӣ, ташкил намудани фаъолияти судманди рукнҳои ҳокимияти давлатӣ, ташкилотҳои ғайриҳукумативу ҳизбҳои сиёсӣ, хуллас, сиёсати дурусти пешгирифта эътиқоди мардуми диёр, аз ҷумла гурӯҳҳои мухталифи сиёсӣ ба Президенти маҳбуби кишвар, аз омилҳое буданд, ки ба амалӣ гардонидани нақшаҳои неку созанда мусоидат карданд. 

Баъд аз имзои Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон ваҳдати миллӣ дар ҷомеаи мо ҳамчун мафҳуми муқаддас нуфузи хоса касб намуд ва дар қалби хурду бузурги кишвар ҷойгоҳи сазовори худро пайдо кард. Мардуми Тоҷикистон комилан дарк намудаанд, ки танҳо дар фазои сулҳу ваҳдати миллӣ, тавассути заҳмати ватандӯстона ва аҳлона метавон давлати соҳибистиқлоли худро ба кишвари ободу пешрафта мубаддал гардонд ва барои наслҳои оянда як кишвари воқеан мутараққӣ ва мутамаддинро ба мерос гузошт. 

Сабақҳои ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ чун зангӯлаи таърих моро ба ҳушёрӣ даъват ва водор месозад, ки ваҳдати миллӣ ва сулҳу суботро дар саросари кишвар чун гавҳар ва арзиши гаронбаҳо ҳамеша ҳифз ва таҳким намоем. Мардуми тоҷик, бахусус ҷавонони мо, ки ояндаи миллати сарбаландамон мебошанд, бояд ҳамеша дар хотир дошта бошанд, ки ватандориву ватандӯстӣ, худшиносиву худогоҳии миллӣ, расидан ба қадри сарзамини аҷдодӣ ва ҳифзи осудагиву оромии он қарз ва рисолати шаҳрвандии ҳар як фарзанди бонангу номуси миллат мебошад ва ояндаи ҳар халқу кишвар ба ворисони он вобастагии қавӣ дорад.

Таҷрибаи сулҳи тоҷикон яке аз бузургтарин сабақҳои мактаби сиёсатмадорӣ ва давлатдории муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аст, ки дар сатҳи ҷаҳонӣ мавриди таҳқиқу омӯзиш қарор гирифт. Имрӯз бо ифтихор гуфта метавонем, ки таҷрибаи сулҳофарини тоҷикон дар бобати ҳалли мусолиматомези низоъ аз лиҳози назариявӣ ва амалӣ ба сарвати илми сиёсатшиносии ҷаҳонӣ мубаддал гардидааст, ки он ба заҳмату фаъолияти содиқонаву фарзандонаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам ­Эмомалӣ ­Раҳмон пайванди ногусастанӣ дорад. Ин ҷо овардани суханони Президенти Федератсияи Россия Владимир Путин бамаврид мебошад: «Эмомалӣ ­Раҳмон дар байни сиёсатмадорони кишварҳои Иттиҳод яке аз мавқеъҳои асосиро ишқол менамоянд. Ва ин амри тасодуф нест. Тамоми саъй ва кӯшишҳояшон нишон медиҳанд, ки дар Тоҷикистон раванди сулҳ идома дорад. Шабоҳати ин раванд дар кишварҳои дигар, ки дар он ҷо авзоъ то андозае муташанниҷ аст, вуҷуд надорад. Он чизе, ки дар Тоҷикистон мегузарад, барои бисёре аз халқҳо ва кишварҳои олам намунаи ибрати хуб аст».

Бале, сарнавишт ба халқи тоҷик лутфи беандоза кард. Чунин бахту барор на ба ҳар халқ даст медиҳад. Ба роҳбарии давлат касе омад, ки ба маънои том асилу меҳанпараст ва ваҳдатэҷоду ваҳдатофар аст. Президенте, ки тавонист фарзандони парокандаву ҳиҷратнамудаву гурезаи худ­ро бозгардонад, сазовори ҳамду саноҳо мебошад.

Аз ҷониби дигар, маҳз бо шарофати фаро расидани ваҳдату якдилии халқ имрӯз дар Тоҷикистон барномаҳои азим амалӣ мегарданд ва сарзамини маҳбуби мо ба корзори бузурги бунёдкориҳо табдил ёфтааст. Дар баробари ин, ба шарофати сулҳу осоиштагӣ болоравии некуаҳволии халқ ва комёбиҳои меҳнатӣ дар ҳама самтҳои иқтисодиву фарҳангӣ мавқеи давлати моро дар миқёси байналмилалӣ низ хеле мустаҳкам намудааст. Эътирофи сиёсати дохиливу хориҷии Тоҷикистон аз ҷониби кишварҳои ҷаҳони муосир, дастгирии ташаббусҳои ҷаҳонии мамлакати мо ва торафт афзудани сармоягузориҳои берунӣ ба иқтисодиёти кишвар далели равшани ин гуфтаҳо мебошад.

Ҷои таъкид аст, ки Сарвари давлати мо аз рӯзҳои нахустини истиқлолият барои баланд бардоштани мақому манзалати занон дар ҷомеа, ҳифзи ҳуқуқу манфиати онҳо талош варзиданд. Дар давраҳои мухталифи рушди ҷомеа ва ҳалли мушкилоти иқтисодию иҷтимоӣ, фарҳангию маърифатӣ барои истифодаи неруи ақлонию касбии бонувон чораҳо андешида шуданд. Таҷрибаҳои аввалин дар ин самт нишон доданд, ки занон дар пешрафти ҷомеа, ҳалли мушкилоти гуногуни замон, таълиму тарбия ва доварию сарварӣ на камтар аз мардон нақш бозида метавонанд. Аз ин лиҳоз, Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, дар замони соҳибистиқлолии кишвар ба хотири таъмини риояи ҳуқуқҳои инсониву конститутсионии занон, фароҳам овардани шароити муносиби кориву зиндагӣ ба онҳо, таҳкими мақому манзалати занон дар ҷомеа мутобиқи меъёрҳои ҷомеаи демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ сиёсати давлатии занонро роҳандозӣ намуда, баҳри ҳалли масъалаҳои муҳимтарини ҳаёти занон як силсила асноди меъёрии ҳуқуқиро мавриди амал қарор додаанд. Ҳоло дар кишвар 25 фоизи хизматчиёни давлатӣ, 73 фоизи кормандони соҳаи маориф, 71 фоизи кормандони соҳаи тиб, 47 фоизи кормандони соҳаи фарҳанг, 39 фоизи кормандони соҳаи бонкдорӣ, 37 фоизи олимон, 30 фоизи соҳибкорон ва 25 фоизи соҳаи алоқаро бонувону занон ташкил медиҳанд.

Айни замон шумораи аъзои Маҷлиси миллӣ аз ҳисоби занон 10 нафар ва вакилон аз ҳисоби занон дар Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 18 нафарро ташкил медиҳанд, ки мутаносибан аз даъвати гузашта 2 ва 4 нафар зиёд мебошанд.

Бисту ҳашт сол дар солномаи таърих муддати тӯлонӣ нест. Вале тайи ин солҳо баҳри бунёди ҷомеаи демократӣ, ҳуқуқбун­ёд, дунявӣ қадамҳои устувор гузошта шуда, ғояҳои созандагию бунёдкоронаи халқу давлат зина ба зина амалӣ гардид. 

Талошҳои пайгиронаи Пешвои маҳбуби миллат буд, ки дар кишвар таҳаввулот ва дигаргуниҳои азим дар соҳаҳои иҷтимоию иқтисодӣ ба вуқӯъ пайваста, дар як фурсати кӯтоҳи таърихӣ тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷомеа рушду нумӯъ кард. 

Бо шарофат ва ҷаҳди фарзанди барӯманди миллати тоҷик муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон созандагиву ободкорӣ бомаром тавсеа ёфта, нақшаву барномаҳои пешбинигардида ҷиҳати таъмин намудани рушди устувори иқтисоди миллӣ ва баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии сокинони мамлакат амалӣ мегарданд.

«Мо бояд мисли ҳамеша сарҷамъу муттаҳид бошем, Ватанамонро сидқан дӯст дорем, онро соҳибӣ кунем, ҳисси баланди миллӣ дошта бошем, аз тоҷик будани худ ифтихор намоем ва доимо дар фикри фарзандони худ, хушбахтиву осоиши онҳо, ободии Ватан, миллат ва давлати хеш бошем»,- таъкид карданд Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон.

Пас, мо - миллати сарбаланди тоҷикро зарур аст ҷавобан ба ғамхориҳои давлат ва ҷоннисориҳои Пешвои миллат истиқлолияти давлатӣ ва ваҳдати миллиро пойдору устувор нигоҳ дорем, сарзамини биҳиштосоямонро сидқан дӯст дорем ва тамоми саъю талоши худро ба хотири ба як гӯшаи ободу пешрафтаи сайёра мубаддал гардонидани Ватани маҳбубамон равона созем.

 Мавсума МУИНӢ, 

муовини Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, 

Дилафрӯз САИДӢ, 

вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон



Ҳамчунин дигар маводҳо: