https://sadoimardum.tj

Ҷаҳон таҷрибаи ӯро меомӯзад

№:79 (4975) 26 июн 2025, 13:12
19

Эмомалӣ Раҳмон яке аз симоҳои барҷаста буда, дар байни сиёсатмадорони Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил мавқеи намоёнро ишғол мекунад. Ин беҳуда нест. Тамоми ҷидду ҷаҳди ӯ аз он шаҳодат медиҳад, ки дар Тоҷикистон раванди сулҳ тавре пойдор аст, ки назираш дар ҳеҷ мамлакате, ки чунин вазъияти муташанниҷ дошт, дида намешуд. Ҳар он чӣ оид ба ин масъала дар Тоҷикистон амалӣ гардидааст, мисоли хубест барои халқҳову мамолики дигар.

 Владимир ПУТИН,

Президенти Федератсияи Россия

Соли 1991. 

Тоҷикистон. 

Оғози давлатдории навин.

Агарчи кишвар аз соҳибистиқлол шудан ба ҷаҳон паём дода бошад ҳам, вазъи дохилии ҷумҳурӣ ором нест...

Соли 1992.

Буҳрони сиёсӣ...

Адами ҳокимият...

Оғози ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ…

Фоҷиаи миллӣ… 

Таърих дар ҳофизаи қавии худ ҷанг­ҳои зиёдро маҳфуз доштааст. Мардум аз сафҳаҳои он огоҳанд, ки дар гузашта фарзандони диловари тоҷик борҳо ба хотири ҳимояи Ватан бо бегонагон ҷангидаю аз худ қаҳрамониҳо нишон додаанд. Агар Деваштич ба хотири ­ҳимояи Ватан зидди истилогарони араб ҷангидаю қаҳрамонона ҳалок шуда бошад, Шириншоҳ Шоҳтемур ва Нусратулло Махсум ба ин мақсад алайҳи сиёсати ноадолатонаи давр мубориза бурдаю ҷони ширин аз даст додаанд. Миллат фарзандони қаҳрамонашро мешиносад ва намегузорад номи некашон зери хокистари тираи таърих нопадид гардад. Аммо чизе, ки он замон мардум ба дурустии он сарфаҳм намерафтанд, ин буд, ки ҳоло ҳамватанонашон ба кадом хотир ва муқобили кӣ меҷанганд? Чаро миллат ба ду гурӯҳ тақсим шуда? 

Элитаи сиёсӣ, ки аслан тадбиқи вазифаҳои сиёсию давлатию фарҳангиро ба зимма доштанд, низ ба гурӯҳҳо ҷудо шуда, ҳар кадом талоши ба даст овардани ҳокимият мекарданд. Суботу оромӣ пурра аз байн рафта буд. Бенизомию тахрибкорӣ ибтидо дар пойтахти кишвар - шаҳри Душанбе оғоз шуда, сипас оҳиста-оҳиста ба навоҳии дигари ҷумҳурӣ доман паҳн кард. Ояндаи Тоҷикистон - охирин нишон аз империяҳои бузурге, ки тоҷикон дар масири давлатдории хеш доштанд, зери суол рафт.

Аз соли 1991 то соли 1992 (то Иҷлосияи XVI Шурои Олӣ) се маротиба роҳбарони давлат иваз шуда бошанд ҳам, вазъи сиёсии кишвар ҳамоно печида буд. Садои тиру туфанг, инфиҷор мардумро ҳар лаҳза ба таҳлука меовард. 

Андуҳу ранҷ...

Ғами ҷону ғами нон...

Хурӯҷи бемориҳои гуногун…

Фирор аз Ватан… 

Талхии мусофирӣ...

Мо аз он солҳову рӯзҳои шум ашки ятимони нимсери барои ҳамеша аз дидори падарон маҳрум, навҳаи модаронеро ба хотир дорем, ки ҷигарбандони ба ҳазор умед парвардаашонро барои ҳамеша аз даст додаанд. Мардум дар баробари ин ҳама аз норасоии нон ва дигар маводи ниёзи аввал танқисӣ мекашиданд. Дигар ба касе эътимод надоштанд. Аз тарси ҷон иҷборан фирор карданд. Гумон доштанд дигар ҳаргиз рӯзи беҳро дар Ватан намебинанд. 

Дар чунин марҳилаи мушкили сиёсӣ...

Ҳине, ки миллат пароканда буд...

Тоҷикистон хун мегирист...

Душманони миллат ба оташи хашми гурӯҳҳои силоҳбадасти дохилӣ равған мерехтанд...

Замоне ки иқтисод, фарҳанг, маорифу тандурустӣ таназзул кард...

муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои ҳимояи миллат сина сипар намуданд. Баробари Роҳбари давлат интихоб шудан илоҷи парешонии миллатро ҷуста, онро дар расидан ба ваҳдати комил дарёфтанд. Аз роҳи гуфтушунид ва дипломатия ихтилофоти дохилиро бартараф намуданд.

Аз соли 1993 ба ин сӯ.

Тоҷикистон ба марҳилаи наву бузурги давлатдорӣ ворид шуд…

Халъи силоҳ…

Оғози сулҳсозӣ...

Кишвар оҳиста-оҳиста «қомати хамидаашро» рост намуд...

Вазъи сиёсӣ, иқтисодию иҷтимоӣ тадриҷан беҳ шудан гирифт... 

Қонун ва тартиботи ҳуқуқӣ пойдор гашт…

Рӯзи беҳ фаро расид…

Онҳое, ки талхии мусофирӣ чашиданд, як-як ба Ватан - ба манзилҳои худ баргаштанд. Ҳукумати кишвар барои зиндагии босаодати онҳо шароити мусоид фароҳам овард. Бо дас­туру ҳидоятҳои Пешвои миллат ҳар мушкиле, ки садди ягонагии миллӣ ва рушди он мешуд, оҳиста-оҳиста ҳал гардид, ҳама кори имконпазир барои ватандӯстӣ ва таҳкими ваҳдати миллӣ анҷом дода шуд. Яке аз ин мушкилиҳо бунёди роҳҳо буд. Пешвои миллат дар ин самт корҳое анҷом доданд, ки Ҳукумати шуравӣ давоми 70 соли ҳокимияташ барои кишвари мо анҷом дода натавонист. Дар натиҷа омадурафти мардум байни ҳам зиёд шуд. Мардум бо ҳам меҳр, дӯстӣ пайдо намуда, ваҳдати миллӣ устувортар гардид. Ба тарбияи эҳсоси ватандӯстӣ, ифтихори миллӣ, омӯзиши таърих, муаррифии шоистаи фарҳанги миллӣ таваҷҷуҳи хоса зоҳир гашт. Тоҷикистон аз баракати ваҳдат ва амнияти миллӣ, ки Пешвои миллатамон муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон бозоварданд, дар муҳлати на чандон зиёди давлатдории навин ба даст­овардҳои назарраси на танҳо миллӣ, балки байналмилалию ҷаҳонӣ ноил шуд. 

Зимнан, соли 2024 маркази таҳқиқотии «Геллап» («Gallup») дар натиҷаи як назарсанҷӣ Тоҷикистонро дар садри кишварҳои амни ҷаҳон ҷой дод. Воқеан, ҳоло Тоҷикистон дар ҷаҳон ба ҳайси як кишвари парчамбардори сулҳ, ташаббускор шинохтаю эътироф шудааст. Имрӯз бузургтарин сиёсатмадорони давр сулҳи кишвари моро намуна медонанду ҷаҳон таҷрибаи сулҳи муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро меомӯзад. 

Фарзона ФАЙЗАЛӢ, 

«Садои мардум»

Ҳамчунин дигар маводҳо: