Баррасии масъалаҳои муҳими илму таҳсилот
Дар толори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд иҷлосияи дуюми Маҷлиси вакилони халқи вилоят даъвати ҳафтум баргузор гардид.
Дар маҷлис 6 масъалаи муҳим мавриди баррасии вакилон қарор гирифтанд ва қарорҳои дахлдор қабул шуданд.
Доир ба рафти иҷрои Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Барномаи мақсадноки давлатии рушди илмҳои риёзӣ, дақиқ ва табиӣ барои солҳои 2021-2025» зикр шуд, ки тақвияти ҳамкории муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ бо институтҳои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва дигар академияҳои соҳавӣ аз самтҳои муҳим маҳсуб меёбад. Дар ин замина, ҳуҷраҳои дарсӣ ва лексионӣ бо таҷҳизоти замонавӣ муҷаҳҳаз гардида, таваҷҷуҳ ба омӯзиши илмҳои дақиқ афзудааст.
Иброз гардид, ки дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбии вилоят 110 озмоишгоҳ ва 97 лаборатория, муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ 147 озмоишгоҳ ва 149 лаборатория фаъолият доранд. Ин нишондиҳанда аз татбиқи босамари қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин самт шаҳодат медиҳанд.
Тайёр кардани номзадҳо ва докторони илм дар самти илмҳои риёзӣ, дақиқ ва табиӣ аз самти афзалиятноки сиёсати илмии кишвар ба ҳисоб меравад. Дар доираи ҳамкорӣ бо Академияи миллии илмҳо ва донишгоҳҳои хориҷӣ корҳои илмӣ ба таври назаррас ба роҳ монда шудаанд. Дар доираи амалисозии барнома 65 рисолаи номзадӣ ва 13 рисолаи докторӣ дифоъ гардидааст.
Ҳамчунин, дар ин давра дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ зиёда аз 340 конфронси сатҳи ҷумҳуриявию байналмилалӣ ва 1121 семинару суҳбати гирди миз баргузор шуд.
Тавре гуфта шуд, бо вуҷуди дастовардҳо вобаста ба таъминот бо таҷҳизоти замонавӣ, реактивҳои кимиёвӣ ва маводи таълимӣ баъзе мушкилот боқӣ мондаанд. Раиси вилоят дастур дод, ки маблағгузорӣ дар ин самт зиёд гардида, ҳамкорӣ бо АМИТ ва академияҳои соҳавӣ густариш дода шавад.
Вакилони халқ, аз ҷумла Саодат Аминҷонова, Мубина Хоҷаева ва Муаззамхон Ансорӣ, татбиқи барномаро қадами устувор дар рушди илм ва технологияи муосир арзёбӣ намуданд.
Қатъ гардидани ваколати бархе аз вакилон, таъини интихоботи иловагӣ дар ҳавзаҳои дахлдор, таъиноти кадрӣ аз масъалаҳои дигари баррасишуда буданд.
Нодир ТУРСУНОВ,
«Садои мардум»
Ҳамчунин дигар маводҳо:





