Ҳамарӯза гӯшаи Тоҷикистонро 25 ҳазор нафар тамошо менамояд
Ҳамарӯза ба ҳисоби миёна 25 ҳазор нафар гӯшаи Тоҷикистонро тамошо карда, бо табиати нотакрори Тоҷикистон, пиряхҳо ва захираҳои обӣ, дастоварду имкониятҳои сармоягузорию сайёҳии мамлакати мо шинос мешаванд.
Намоишгоҳи байналмилалии «ЭКСПО - 2025» 13 апрели соли равон оғоз гардида, то 13 октябри соли 2025 дар шаҳри Осакаи Ҷопон идома меёбад, ки дар он зиёда аз 160 кишвари ҷаҳон ва 9 созмони байналмилалӣ иштирок менамоянд.
Намоишгоҳи байналмилалии мазкур дар панҷ сол як маротиба баргузор мегардид.
Ҷумҳурии Тоҷикистон бо назардошти ташаббусҳои глобалии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон гӯшаи Тоҷикистонро бо номи «Пиряхҳо ва сарчашмаҳои обӣ - барои наҷоти ҳаёт ва ояндаи устувор» бо тарҳу ороиши зебои миллӣ таҳия намуда, бо воситаҳои муосири намоишӣ ва айнакҳои виртуалии 3D муҷаҳҳаз гардонидааст.
Дар гӯшаи Тоҷикистон ташаббусҳои глобалии мамлакат оид ба ҳифзи пиряхҳо, захираҳои обӣ ва тағйирёбии иқлим, маҳсулоти саноатию кишоварзӣ, имкониятҳои сармоягузорию сайёҳӣ, ҳунарҳои мардумӣ, сангҳои ороишӣ, нигораву армуғонҳои миллӣ ва маводи таблиғотӣ дар шакли буклет, QR-код ва бюллетени электронӣ муаррифӣ мешавад.
Яке аз маҳсулоти асосии гӯшаи мазкур амсилаи (макети) Ванҷях (Федченко) мебошад, ки таваҷҷуҳи меҳмононро ба худ зиёд ҷалб мекунад. Он бузургтарин пиряхи ҷаҳон дар хушкӣ ба шумор меравад, ки 77 километр дарозӣ дошта, дар баландии 6974 метр аз сатҳи баҳр ҷойгир шудааст.
Танҳо дар 76 рӯзи аввал беш аз 9,3 миллион нафар меҳмонон аз Намоишгоҳ боздид намудаанд.
Иштироки Тоҷикистон дар Намоишгоҳи байналмилалии «ЭКСПО -2025» қадами муҳим барои таблиғу муаррифии имкониятҳои сармоягузорӣ, саноатӣ, кишоварзӣ, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ дар арсаи байналмилалӣ ба ҳисоб меравад.
Ҳамзамон, дар назди гӯшаи Тоҷикистон сангҳои ороишӣ, нигораву армуғонҳои миллӣ ва ҳунарҳои мардумӣ ба фурӯш бароварда шуданд, ки талаботи тамошобинон ба онҳо зиёд аст.
Г. РАҲМОНОВА,
«Садои мардум»
Ҳамчунин дигар маводҳо:





