https://sadoimardum.tj

Ҷашни фурӯғи хуршед ва пирӯзӣ

№:86 (4982) 10 июл 2025, 10:40
4

Тибқи суннатҳои Тиргон айёми ҷашнгирии он мардум хонаҳоро об пошида, покиза мекарданд, либоси тозаи сафед мепӯшиданд, гандуми ҳосили навро орд карда, нону таомҳои гуногун мепухтанд, дастархони идонаи худро бо анвои нону меваҷот оро медоданд, дар бозорҳо беҳтарин навъҳои маҳсулоташонро ба намоиш мегузоштанд ва аз маҳсули заҳмати хеш меболиданду сарҷамъона ва хурду бузург хурсандӣ мекарданд.

Эмомалӣ Раҳмон

Тиргон калимаи форсӣ-тоҷикӣ буда, аз ҷузҳои «тир» ва «гон» иборат аст. Тир  номи моҳе аз моҳҳои гоҳшумории Эрони бостон буда, ба фасли тобистон рост меояд. Пасванди «гон» бо решаи «тир» тобиши маъноии мансубиятро ифода мекунад. Ба таъбири дигар, Тир номи эзади борон дар мифологияи Эрони бостон буда, дар Авесто ба шакли Тиштарйа, дар паҳлавӣ – Тиштар ва дар форсии навин бо номҳои Тиштар ва Тир зикр шудааст. Тиштар, инчунин, номи ситораи рахшонтарини осмон буда, бо номи ситораи Сириуси юнонӣ ҳамреша аст. 

Тиргон яке аз ҷашнҳои ориёиҳо дар тиррӯз аз тирмоҳ баробар бо 13-уми Тир (ҳоло аз 21 июн то 21 июл идома меёбад) дар гоҳшумории эронӣ баргузор мешавад. Ин ҷашн дар гиромидошти Тиштар (ситораи бороновар дар фарҳанги эронӣ) аст. Тавре шоир Шамсии Фахрӣ навиштааст:

Ба рӯзи Тиру маҳи Тир азми шодӣ кун, 

Ки аз сипеҳр туро фатҳу нусрат омад Тир.

Агар Ҷашни Сада марбут ба зимис­тон бошад, Наврӯз –оғози баҳор ва Меҳргон дар тирамоҳ ҷашн гирифта мешавад, Тиргон ҷашни тобистонаи мардумони эронитабор маҳсуб меёбад, ки мутобиқ ба 1-уми июли тақвими григорианӣ таҷлил мешуд. Аз сӯйи дигар, ҷашнҳои Сада ба оташ, Наврӯз ба замин (хок), Тиргон ба об ва Меҳргон ба рушноии осмон (ҳаво) иртибот доранд. Яъне, пайдоиш ва ҷавҳари ин ҷашнҳо ба чор унсури муқаддаси нахустмабдаъ мепайванданд.

Вазифа ва ё хешкории Тиштар об гирифтан аз дарёи Фарохкарт ва онро дар шакли борон резонидан ба заминҳои аҳуроӣ мебошад. Дар яшти ҳаштуми Авесто («Тир-яшт») Тиштар ситораи сапеду дурахшон ва тавоно мебошад, ки сиришти об дораду нажодаш аз Апам Напат (эзади обҳо) аст. 

Дар гузашта дар рӯзи Тиргон дар байни ақвоми ориёӣ  маросиме бо номи обрезгон баргузор мешудааст.

Ривоят аст, ки дар замони шоҳигарии Пирӯзи сосонӣ, ниёи Хусрави Анушервон, дар Эрон ҳафт сол хушксолӣ рӯй дода, борон наборид. Мардум ва гиёҳон аз ин хушксолӣ маҳв мешуданд. Ин вазъро дида шоҳ Пирӯз фармон дод, ки дар оташкадаҳо барои даъвати борон ба ибодат пардозанд. Ниҳоят, баъд аз ҳафт сол дар рӯзи Тир борон борид. Ба хотири ин борони таърихӣ Пирӯзшоҳ амр намуд, ки ин рӯзро обрезгон ном гузоранд ва онро ҳар сол ҷашн бигиранд.

Муаллифи «Зайнулахбор» Абусаид Абулҳай бинни Маҳмуди Гардезӣ дар асари таърихнигории хеш оид ба расми зарфшиканӣ ва обтанӣ дар ин ҷашн байни эрониёни қадим ёдовар шуда, ривояти дигареро ҷиҳати пайдоиш зикр намудааст: «… ва андар Тиргон порсиён ғусл кунанд ва сафолинҳо ва оташдонҳо бишкананд. Ва чунин гӯянд, ки мардумон андар ин рӯз аз ҳисори Афросиёб бирастанд ва ҳар касе ба сари кори хеш шуданд. Ва ҳам андар ин айём гандум ё мева бипазанд ва бихӯранд ва гӯянд: андар он вақт ҳама гандум пухтанд ва хӯрданд, ки орд натавонистанд кард. Зеро ҳама дар ҳисор буданд». 

Дар байни тоҷикон дар иртибот бо об, боронталабию қатъи боду борон ва жола бовару эътиқод ва расму оинҳои қадимӣ кам нестанд. Маросимҳои ашаглон, сусхотун, чиллахотун дар манотиқи мухталифи Тоҷикистон то ба солҳои наздик барои даъвати борон иҷро мешуданд. Дар тасаввуроти сокинони баъзе манотиқи Тоҷикистон то ба имрӯз боварҳо дар бораи эзади тундару чароғак ва борон бо номи Қамбар, дар баъзе ҷойҳои дигар бо номи Бобо Қилдир боқӣ мондаанд, ки бешак, идомаи оммиёнаи асотири ниёгони мо дар бораи эзади борон Тир мебошанд. 

Ҳамин тариқ, дар муқоиса бо ҷашн­ҳои Нав­рӯзу Меҳргон дар бораи Тиргон дар сарчашмаҳо маълумот камтар аст. Тақрибан пас аз асрҳои XIV-XV роҷеъ ба баргузории Тиргон дар китобҳои таърихию адабӣ хабаре нест. 

Ба мисли ҷашнҳои дигар роҷеъ ба Тиргон низ устура ва ривоятҳо ба таври шифоҳӣ дар рӯзгорони дур зиёд буд, баъдан баъзеи онҳо тариқи сарчашмаҳои хаттӣ ва тасвирҳои рӯи санг то замони мо расидаанд. Яке аз онҳо марбут ба Ораши Камонгир аст. Аз устураи зебои аз камон тир партоб намудани Ораш дар Авесто низ ёд шудааст. 

Мувофиқи иттилои сарчашмаҳо Ораш бо камони худ ба кӯҳи Дамованд баромада, бо тамоми неруи бозу ва ҷисму ҷони худ тирро чунон раҳо менамояд, ки он парвоз мекунад. Дар ин замон Аҳурамаздо (Ҳурмузд) ба яке аз фариштаҳо, яъне фариштаи Бод фармон медиҳад, ки ин тири сарнавишт­созро нигаҳбонӣ намояд, то вай бидуни осеб дуртар парвоз намуда, марзи кишвар муайян шавад. Ин тир дар фазои равшани осмон то нимрӯз парвозкунон аз болои кӯҳу дара, дашту саҳро, боғу роғ гузашта, бар танаи калонтарин дарахти чормағзе мезанад, ки дар соҳили дарёи Ҷайҳун буд. Ана ҳамин тавр, ҳамон ҷое, ки тир ба танаи чормағз мерасад, гӯё наздики Фарғона будааст, чун сарҳади Эронзамин ва Тӯронзамин муайян мешавад. Тибқи устура ва ривояти шифоҳӣ ва хаттӣ аз он замон ба баъд ин рӯзи некро, ки 13-уми тирмоҳ аст, мардум ҷашн мегиранд.

Ҳамин тавр, ҷашнҳои бостонии мо аз даврони қадим то ба имрӯз зиндаанд ва хусусияти этникӣ-равонии миллатро бозгӯ менамоянд. Онҳо пайванди воқеии наслу асрҳо буда, аз ояндаи миллат дарак медиҳанд, зеро аз умқи асрҳо ба имрӯз расидаанд ва неруи созандаи фардо мебошанд.

Инак, бо ташаббусу ибтикори Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар замони соҳибистиқлолӣ дар қатори дигар ҷашн­ҳои аҷдодӣ Ҷашни Тиргон низ дубора эҳё шудаву ташаккул меёбад. Таваҷҷуҳи хосаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон ба гиромидошту эҳтироми унсурҳои табиат дар арсаи ҷаҳонӣ маҳз аз ҳикматҳои созандаи ҷашнҳои миллӣ, аз ҷумла Тиргон, ки бо фалсафаи об тавъам аст, гувоҳӣ медиҳад. 

Маҳз дар заминаи посдории ҳикматҳои бо об алоқаманд 3 марти соли 2021 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқоти якуми Панели сатҳи баланд оид ба масъалаҳои об ва иқлим, ки дар сиғаи видеоконференсия баргузор гардид, иштирок ва  оид ба масъалаҳои об ва иқлим маърӯза намуданд. Дар ин робита Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пешниҳод карданд, ки соли 2025-ум «Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо» эълон ва Рӯзи ҷаҳонии ҳифзи пиряхҳо муайян карда шавад. Ҳамчунин, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон дар Конфронси сеюми байналмилалӣ оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об - барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» таваҷҷуҳи аҳли башарро ба дигар масъалаи рӯзмарра, яъне мушкилоти пир­яхҳо, ки яке аз сарчашмаҳои асосии оби тоза мебошанд, ҷалб намуданд. Сарвари давлат таъкид карданд, ки дар баробари афзоиши бесобиқаи талабот ба об, ки ба зиёдшавии аҳолӣ ва рушди иқтисод вобаста мебошад, обшавии босуръати пиряхҳо ва коҳиши захираҳои онҳо боиси нигаронии амиқи ҷомеаи ҷаҳонӣ гардидааст. 

Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамасола бахшида ба ин санаи аҷдодӣ чорабиниҳои гуногун доир мешаванд. Аз ҷумла, бо назардошти моҳияти Тиргон ҷашнвораҳое, чун «Иди зардолу», «Хушкмеваҳои Тоҷикистон» ва намоиши меваҳои Тоҷикистон барпо мегарданд. Ҳамзамон, баргузории маҳфилҳои адабӣ бо ҷалби шоирону нависандагон инъикосгари ҳикмату оини Тиргон ба шумор меравад.

Саъдӣ ҚОСИМӢ, 

доктори илмҳои филология, профессори ДДОТ ба номи С.Айнӣ,

Саида ЗАЙДУЛЛОЗОДА,

номзади илмҳои филология, дотсенти ДДОТ ба номи С.Айнӣ

Ҳамчунин дигар маводҳо: