https://sadoimardum.tj

Ҳабибулло РАҶАБОВ - пули фарҳангӣ миёни халқҳо

№:86 (4982) 10 июл 2025, 10:54
0

Ба муносибати 58-солагии фаъолияти илмӣ-пажӯҳишии ҳиндшиноси маъруф, доктори илмҳои филологӣ профессор Ҳабибулло Раҷабов дар Маркази мероси хаттии назди Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон маҳфили навбатии «Хирад» зери унвони «Ҳиндшиносии ватанӣ: гузашта, имрӯза ва оянда» баргузор гардид.

Президенти Акаде­мияи миллии илмҳои Тоҷикистон (АМИТ) Қобилҷон Хушвахтзода зимни ифтитоҳи  чорабинӣ зикр намуд, ки Ҳабибулло Раҷабов дастпарвари шуъбаи забонҳои ҳиндӣ ва урдуи факултети  шарқшиносии Донишгоҳи давлатии Ленинград (Санкт – Петербурги ҳозира) буда, солҳои зиёд дар Институти шарқшиносии  ­Академияи   илмҳои ИҶШС, Институти шарқшиносии АМИТ ба ҳайси ходими илмӣ ва  котиби илмӣ фаъолият намудааст. Номбурда ба қатори 31 олими беҳтарини ҳиндшиноси ҷаҳон шомил гаштааст. Ӯ муаллифи беш аз 20 китоб ва 300 мақолаи илмӣ буда, зиёда аз се даҳсола аст, ки роҳбарии Ҷамъияти дӯстии Тоҷикис­тону Ҳиндустонро  ба уҳда дорад.

Ҳукумати Ҷумҳурии Ҳиндустон барои хизматҳои босазо дар омӯзиши забону адабиёти ҳинд ва рушди робитаҳои фарҳангӣ миёни Тоҷикис­тону Ҳиндус­тон Ҳабибулло Раҷабовро соли 2018 ба Ҷоизаи «Падма Шрӣ» (ордени «Нилуфар») сарфароз гардонд, ки яке аз бонуфузтарин ҷоизаҳои шаҳрвандӣ дар Ҳиндус­тон ба ҳисоб рафта, ҳар сол ба шахсиятҳои намоён дар соҳаҳои санъат, илму техника, иҷтимоиёт, тиб, адабиёт ва маориф, тиҷорату саноат ва ғайра тақдим мегардад. Олими тоҷик аз Осиёи Марказӣ нахустин нафарест, ки ба ин ҷоизаи бонуфуз сарфароз гардидааст.

Олим Комил Бекзода, шоир ва муҳаққиқ Алӣ Муҳаммадии Хуросонӣ, мудири  шуъбаи таҳқиқоти стратегии назди АМИТ Нозим Нурзода, ходими шуъбаи мазкур Меҳр Собириён ва дигарон аз хизматҳои арзандаи мавсуф дар ҷодаи илм ёдовар шуданд. Зикр гардид, ки бо иқдом ва талошҳои  пайгиронаи   олими  мумтоз Ҳабибулло Раҷабов «Ҳикояҳои интихобии Робиндранат Такур», «Зиндагии талх», «Руҳи озод», «Ҳикояҳои ҳиндӣ» ва дигар осори   адибони ҳинд мус­тақиман ба забонҳои тоҷикию русӣ тарҷума шудаанд.

Қаҳрамони матлаб ба ҳайси мутахассиси соҳибназари ҳиндшиносӣ бо мақсади муаррифии таъриху фарҳанги сарзамини бостонии Ҳинд барои мардуми тоҷик китобҳояшро бо номҳои «Ин аст Ҳиндустон» (соли 2007) ва «Ҳиндустон - кишваре, ки бояд дид» (соли 2023) таълиф намудааст, ки хеле ҷолибу хонданбобанд.

Дар фарҷоми маҳфил профессор Ҳабибулло Раҷабов бо изҳори миннатдорӣ ба ҳозирин ёдовар шуд, ки қаҳрамонони Тоҷикистон Садриддин Айнӣ, Мирзо Турсунзода ва Бобоҷон Ғафуров аввалин  поягузорони ҳиндшиносӣ дар Тоҷикистон мебошанд.

- Соли 1952 мо - 6 донишҷӯи тоҷикро, ки ба шуъбаи забонҳои ҳиндӣ ва урдуи  факултети шарқшиносии Донишгоҳи давлатии Ленинград дохил шуда будем, Бобоҷон Ғафуров истиқбол гирифтанд, ки он вақт директори Институти шарқшиносии Академияи илмҳои ИҶШС буданд. Бо меҳру шафқати падарона моро меҳмондорӣ карда, шаҳри Мос­кваро тамошо доданд ва насиҳат карданд, ки аз сидқи  дил таҳсил карда, чун  мутахассисони варзида ба Ватан баргардем,- иброз намуд Ҳабибулло Раҷабов.

Ҳамин тавр, баъд аз хатми донишгоҳи мазкур се мутахассиси ҷавон ба Тоҷикистон бармегарданд ва дар Институти шарқшиносии Академияи илмҳои Тоҷикистон бахши омӯзиши Ҳиндус­тону Покис­тон таъсис дода мешавад.

Олимоне, ба монанди Ҳ. Раҷабов, пули фарҳангӣ миёни халқҳо буда, дар таҳкими робитаҳои илмию фарҳангӣ миёни Тоҷикистон ва кишварҳои хориҷӣ саҳми  арзанда   мегузоранд.

Сайфиддин СУННАТӢ,

«Садои мардум»

Ҳамчунин дигар маводҳо: