Пешвои миллат ва мушкилоти умдаи башарият
Эмомалӣ Раҳмон
Дар шароити ҷаҳонишавӣ ва бархӯрди тамаддунҳо шинохти миллат кори саҳлу осон нест. Миллати тоҷик дар арсаи таърих, бинобар доштани таҷрибаи бузурги оини давлатдорӣ, на танҳо барои пойдории амну адолат дар ташаккули давлатдории худ, балки барои таъмини адолату баробарӣ ва рӯзгори босаодати башарият саҳим аст.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар замони начандон тӯлонии соҳибистиқлолӣ тавонистанд тоҷиконро дар ҷаҳон ҳамчун миллати ташаббускор, ҳомии сулҳ, ободкору фарҳангсолор ва тамаддунофар муаррифӣ намоянд. Масоили марбут ба об, иқлим ва ҳифзи пиряхҳо аз ҷумлаи ташаббусҳои муҳими сатҳи байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб мераванд, ки бо роҳбарии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар рӯзномаи ҷаҳонӣ матраҳ мегарданд.
Мушкилоти норасоии оби нӯшокиро ба назар гирифта, Пешвои миллат ба Созмони Милали Муттаҳид пешниҳод намуданд, ки соли 2003 «Соли байналмилалии оби тоза» эълон шавад.
Иқдомҳои дигари Пешвои миллат - эълон намудани солҳои 2005-2015 Даҳсолаи байналмилалии амал «Об-барои ҳаёт», соли 2013 «Соли байналмилалии ҳамкориҳо дар соҳаи об», солҳои 2018-2028 Даҳсолаи байналмилалии амал «Об-барои рушди устувор» бо иттифоқи оро аз ҷониби аксарияти кишварҳои узви СММ пазируфта шуданд.
Мушкилоти дигари глобалӣ норасоии оби тоза, гармшавии бесобиқаи иқлим ва кам кардани партовҳои газҳои гулхонаӣ маҳсуб мегардад. Вобаста ба ин, Пешвои миллат борҳо аз минбарҳои баланд барои пешгирии гармшавии иқлим ва обшавии пиряхҳо, кам кардани партови газҳои гулхонаӣ ба ҷомеаи ҷаҳонӣ пешниҳод намуданд.
Дар заминаи ин пешниҳод Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид 14 декабри соли 2022 зимни иҷлосияи 77-уми худ қатъномаи соли 2025 «Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо»-ро қабул намуд. Он аз қатъномаҳои нодир ба ҳисоб меравад, зеро дар он ҳам эълони «Рӯзи байналмилалии ҳифзи пиряхҳо» ва ҳам «Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо» дарҷ гардидааст. Муҳим он аст, ки ин иқдоми Пешвои миллат бо пуштибонии 153 кишвари узви СММ пазируфта шуд. Мояи ифтихор аст, ки дар асоси ин қатънома пешниҳодҳои Президенти кишвари мо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҷониби кишварҳои узви СММ дастгирӣ ёфтанд, аз ҷумла:
- эълон гардидани 21 март «Рӯзи байналмилалии ҳифзи пиряхҳо»;
- эълон шудани соли 2025 «Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо»;
- дар назди СММ таъсис додани Фонди боварии байналмилалӣ барои саҳмгузорӣ ба ҳифзи пиряхҳо;
- дар соли 2025 доир намудани Конфронси байналмилалӣ оид ба ҳифзи пиряхҳо дар шаҳри Душанбе.
Шоҳид будем, ки аз 29 то 31 майи соли 2025 аввалин Конфронси байналмилалӣ сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо дар шаҳри Душанбе баргузор гардид, ки дар он роҳбарияти кишварҳо, ташкилоти байналмилалӣ ва коршиносони сатҳи ҷаҳонӣ ширкат варзида, масъалаҳои умдаи обшавии пиряхҳо, тағйирёбии иқлим ва роҳҳои ҳамкории байналмилалӣ дар самти ҳифзи экосистемаҳои кӯҳиро мавриди баррасӣ қарор доданд.
Дар ифтитоҳи Конфронси байналмилалӣ Пешвои миллат иштирок ва оид ба аҳамияти ҳифзи пиряхҳо маъруза намуданд. Таъкид шуд, ки таҳдидҳои нав ба муҳити зист, аз ҷумла тағйирёбии иқлим, аз байн рафтани гуногуншаклии биологӣ, буҳрони экологӣ, ноамнии обиву озуқаворӣ ва истифодаи бемавриди захираҳои энергетикӣ, барои рушди устувори кишварҳо монеаҳои ҷиддӣ эҷод кардаанд. Аз ҷумла, дар 50-60 соли охир Тоҷикистон то 30% масоҳат ва 20% ҳаҷми пиряхҳои худро аз даст додааст, ки ин на танҳо ба обрасонӣ, балки ба амнияти иҷтимоиву иқтисодии тамоми минтақаи Осиёи Марказӣ таъсиргузор аст.
Изҳор гардид, ки ба ҳисоби миёна дар Тоҷикистон зиёда аз 845 км3 пирях, 18,7 км3 оби зеризаминӣ ва 46,3 км3 оби кӯл мавҷуд аст. Танҳо дар нимаи дуюми асри XX ҷумҳурӣ тақрибан 1000 пиряхро аз даст додааст. Ин ҳолат, ба таъкиди Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, метавонад дар оянда ба буҳрони шадиди обӣ дар минтақа оварда расонад.
Қобили зикр аст, ки иштироки Пешвои муаззами миллат дар ин конференсияи байналмилалии сатҳи баланд бори дигар аз таваҷҷуҳи хосаи роҳбарияти олии мамлакат ба масъалаҳои глобалӣ шаҳодат медиҳад. Тавре Пешвои миллат иброз доштанд, «Ҳифзи пиряхҳо танҳо мушкилоти кишварҳои дорои пиряхҳо нест, балки як буҳрони глобалии қобили таваҷҷуҳи фаврии ҷомеаи ҷаҳонӣ мебошад». Таъкид гардид, ки «Натиҷаҳои конфронси имрӯза, аз ҷумла «Эъломияи Конфронси Душанбе» ва муроҷиати иштирокдорони конфронс, ҳамчун даъват ба иқдомҳои амалгароёнаи ҷомеаи ҷаҳонӣ барои саҳмгузорӣ дар равандҳои муҳими глобалӣ дар соҳаи обу иқлим ва рушди устувор хизмат хоҳанд кард. Ҳамчунин, натиҷаҳои нишасти имрӯза ба ташаккули «Раванди нави Душанбе» оид ба ҳифзи пиряхҳо замина мегузоранд. Мақсади асосии мо ҳифзи ин захираҳои ҳаётан муҳим тавассути талошҳои муассири муштараки ҷомеаи ҷаҳонӣ ба манфиати наслҳои имрӯзу фардо мебошад».
Бо қаноатмандӣ метавон иброз намуд, ки Конфронси Душанбе саҳми арзанда дар пешбурди барномаи ҷаҳонии иқлим ва густариши ҳамкории байналмилалӣ ҷиҳати ҳифзи пиряхҳо гузошт. Ин ҳамоиши сатҳи баланд мавқеи Тоҷикистонро ҳамчун пешсафи ташаббусҳои глобалӣ дар соҳаи захираҳои обӣ ва ҳифзи муҳити зист боз ҳам таҳким бахшид.
Дар шароити кунунӣ, ки захираҳои табиӣ кам мешаванд, пиряхҳо ҳамчун захираи охирини оби тоза бояд ба таври ҳамоҳанг ва муассир ҳифз гарданд. Ин раванд бояд дар заминаи коҳиши партовҳои газҳои гулхонаӣ, истифодаи энергияи «сабз», мутобиқшавии бахшҳои калидии иқтисодиёт ба тағйирёбии иқлим, ҳамгироӣ ва ҳамкорӣ дар сатҳи минтақавӣ ва байналмилалӣ, таҳкими дастрасӣ ба маблағгузории ҷаҳонии иқлим пеш бурда шавад.
Бо назардошти захираҳои азими обӣ ва иқтидори бузурги гидроэнергетикӣ, Тоҷикистон метавонад ҳамчун маркази ҳамоҳангсозии иқдомҳои «сабз» ва иқлимӣ дар Осиёи Марказӣ амал намояд. Табиист, ки дар ин раванд нақши Пешвои миллат боризу мондагор аст. Пешвои миллат бо ташаббусҳои созандаи худ дар сатҳи миллӣ, минтақавӣ ва байналмилалӣ таваҷҷуҳи ҷомеаи ҷаҳониро ба масъалаи ҳифзи пиряхҳо ҷалб намуда, Тоҷикистонро ба кишвари пешсафи ҳимояи манбаъҳои экологии ҷаҳон табдил доданд.
Нигина ШАРИФЗОДА,
вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Ҳамчунин дигар маводҳо:





