МОИ «Суғд» саҳми арзанда дар рушди иқтисоди миллӣ
Дар партави сиёсати созанда ва роҳнамоии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Минтақаи озоди иқтисодии (МОИ) «Суғд» ба натиҷаҳои назаррас ноил шудааст.
Роҳбари маъмурияти МОИ «Суғд» Муҳаммадсултон Муҳаммадзода дар суҳбат гуфт, ки айни ҳол дар МОИ «Суғд» 42 субъект ба қайд гирифта шуда, аз онҳо 20 субъект ба фаъолияти истеҳсолӣ, сохтмонӣ ва хизматрасонӣ машғул мебошад. Маҷмуи маҳсулоти саноатӣ дар панҷ моҳи соли 2025 ба 203,6 миллион сомонӣ расидааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2024-ум 54 миллион сомонӣ зиёд мебошад. Ин нишондиҳанда аз рушди суръатноки иқтидори истеҳсолӣ дар минтақа шаҳодат медиҳад.
Корҳои сохтмонӣ ва хизматрасонӣ дар ин давра 1,7 миллион сомониро ташкил додааст. Ин раванд бозгӯи тамоюли устувори ҷалби сармоя барои бунёд ва таҷдиди инфрасохтори зарурӣ мебошад.
Муҳимтар аз ҳама, бозори фурӯши маҳсулоти субъектҳои МОИ «Суғд» фаротар аз ҳудуди ҷумҳурӣ буда, кишварҳои Ӯзбекистон, Қазоқистон, Туркманистон, Қирғизистон, Россия, Афғонистон, Озарбойҷон, Беларус ва Туркияро дар бар гирифтааст. Содирот дар панҷ моҳи соли 2025 ба 69,3 миллион сомонӣ баробар шуда, нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 28,9 миллион сомонӣ афзудааст. Ин нишондиҳандаҳо гувоҳи рақобатпазирии маҳсулоти ватанӣ дар бозорҳои хориҷӣ мебошанд.
Сармоягузории мустақим дар ин давра 27,8 миллион сомониро ташкил додааст, ки дар муқоиса ба соли гузашта 3,8 миллион сомонӣ афзудааст. Аз оғози фаъолияти МОИ «Суғд» бошад, сармоягузорӣ ба 246,1 миллион сомонӣ расидааст. Ин маблағгузорӣ аз ҷониби 9 корхона, аз ҷумла Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Сайр - Суғд», КМ ТТ «Таҷпроф», КМ ТТ «Афранг - пластик», «Тоҷпанел», КМ «Ривер – Суғд - Фарм», «Бунёди Суғд», «Саманди Суғд», «Полинур» ва «Санг - оро» амалӣ гардидааст.
Шумораи умумии ҷойҳои корӣ дар МОИ «Суғд» ба 936 адад расидааст. Дар ин давра аз ҳисоби пардохти андозҳо (андоз аз даромад ва андози иҷтимоӣ) 5,7 миллион сомонӣ ба буҷети давлатӣ ворид гардидааст.
Пардохти боҷи гумрукӣ ва андоз аз арзиши иловашуда аз ҷониби субъектҳо 19,1 миллион сомониро ташкил додааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 161,9 фоиз ё 7,3 миллион сомонӣ афзудааст.
Маъмурияти МОИ «Суғд» ҷиҳати тақвияти ҳамкорӣ бо доираҳои соҳибкориву сармоягузории дохилӣ ва хориҷӣ, ҷалби сармояи хориҷӣ ва ташкили корхонаҳои нави истеҳсолӣ талошҳои назаррас ба харҷ додааст.
5 феврали соли 2025 субъекти нави ҶДММ «Сайёҳи Суғд» ба қайд гирифта шуд, ки фаъолияташ ба сохтани хонаҳои модулӣ ва хизматрасонии сайёҳӣ нигаронида шудааст. Ин корхона бо сармоягузории 320,6 ҳазор доллари ИМА аз ҷониби соҳибкорони Федератсияи Россия таъсис ёфта, иқтидори истеҳсолии он 180 хонаи модулӣ дар як солро ташкил медиҳад ва ҳангоми пурра ба кор даромадан 30 сокини маҳаллӣ бо ҷойи кори доимӣ таъмин мегарданд.
20 майи соли 2025 субъекти нави ҶДММ «Суғд Агро Трейд» ба қайд гирифта шуд, ки фаъолияташ ба бастубанди биринҷ нигаронида шудааст. Ин корхона бо харҷи 5 миллион доллари ИМА аз ҷониби соҳибкорони ватанӣ таъсис ёфта, иқтидори солонаи коркард ва бастубанди 30 ҳазор тонна биринҷро доро мебошад. Дар он 40 нафар бо ҷойи кори доимӣ таъмин шуданд.
Дар ҷараёни сафари кории Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба вилояти Суғд 30 марти соли 2025 корхонаҳои ҶДММ «Тоҷпанел» ва марҳилаи дуюми истеҳсолии ҶДММ КМ ТТ «Афранг - пластик» расман ифтитоҳ гардиданд. Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Тоҷпанел» бо сарфи зиёда аз 5,5 миллион сомонӣ бо иқтидори солонаи истеҳсоли 30000 м² панелҳои бинокорӣ таъсис ёфта, 20 нафарро бо кори доимӣ таъмин кард.
Субъекти дигар ҶДММ КМ ТТ «Афранг - пластик» бо маблағгузории зиёда аз 13 миллион сомонӣ аз ҷониби ширкатҳои Туркия ва Тоҷикистон таъсис ёфтааст. Он иқтидори истеҳсолии 4000 тонна профилҳои пластикиро дар 1 сол доро мебошад ва беш аз 100 нафар бо кори доимӣ таъмин гардиданд.
Ин дастовардҳо шаҳодат медиҳанд, ки дар МОИ «Суғд» дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти саноатикунонӣ, таъмини сокинон бо ҷойи кор, афзоиши содирот ва ҷалби сармоя дар сатҳи хубу сифати баланд амалӣ шуда истодаанд.
Н. ТУРСУНОВ,
«Садои мардум»
Ҳамчунин дигар маводҳо:





