Cайёҳӣ
Панҷакент. Сайёҳӣ дар ҳоли рушд аст, аммо...
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба соҳаи сайёҳӣ ҳамчун муаррифгари фарҳангу таърихи куҳани тоҷикон ҳамеша диққати махсус зоҳир менамоянд. Роҳбари давлат борҳо таъкид кардаанд, ки туризм на танҳо ба рушди иқтисод ва беҳтар шудани сатҳи зиндагии мардум мусоидат мекунад, балки симои Тоҷикистон ва мероси гаронбаҳои онро ба ҷаҳониён муаррифӣ месозад.
Мусаллам аст, ки бо ташаббус ва роҳнамоии Пешвои миллат имрӯз соҳаи туризм ба яке аз соҳаҳои афзалиятнок табдил ва заминаи ҳуқуқию зерсохтори он тақвият ёфтааст. Ҳоло дар мамлакат садҳо ширкату ва пойгоҳҳои сайёҳӣ ва меҳмонхонаҳо фаъолият доранд, ки ба меҳмонону сайёҳон хизмат мерасонанд. Роҳсозӣ, бунёди иншооти истироҳатӣ ва баланд бардоштани сатҳи хизматрасонӣ идомаи мантиқии ин раванд маҳсуб мешавад.
Шаҳри Панҷакенти бостонӣ бо ёдгориҳои беназири таърихӣ ва фарҳангӣ мавриди таваҷҷуҳи сайёҳони дохилӣ ва хориҷӣ аст. Саразми 5500-cола, ки ба Феҳристи мероси фарҳангии ЮНЕСКО дохил шудааст, Панҷакенти қадим - куҳаншаҳри асрҳои V- III, оромгоҳи устод Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ дар деҳаи Панҷруд ва беш аз 300 ёдгории дигари таърихӣ, ҳамчунин, манзараҳои нотакрор боиси таваҷҷуҳбарангезии ин минтақа мебошанд. Дар ин радиф, Ҳафткӯли афсонавӣ, ки мардум шоирона аз он Мижгон, Соя, Ҳушёр, Нофин, Хурдак, Марғузор ва Ҳазорчашма ном мебаранд, яке аз муъҷизаҳои табиати Тоҷикистон ба ҳисоб меравад. Ҳамасола ҳазорҳо меҳмонони дохилӣ ва хориҷӣ аз мавзеъҳои бостонӣ ва зебоиҳои табии ин гӯшаи диёр боздид намуда, таассуроти амиқ мебардоранд.
Бо роҳнамоии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соҳибкорон дар ин гӯшаи зебои кишвар ширкатҳои сайёҳӣ, пойгоҳҳои кӯҳнавардӣ, маконҳои истироҳатӣ ва меҳмонхонаҳо бунёд ва ба ин восита даҳҳо сокинони маҳаллиро бо кор таъмин намудаанд. Пойгоҳи сайёҳии «Саёҳати Ҳафткӯл», 24 ширкати сайёҳӣ, 11 меҳмонхонаи замонавӣ, 22 хона барои қабули меҳмонон ва шабакаи васеи ошхонаю тарабхонаҳо, ки дар даврони соҳибистиқлолӣ бунёд шудаанд, аз ҷумлаи онҳоянд. Пойгоҳи сайёҳию кӯҳнавардии «Артуч» дар мавзеи Кӯли калон, ки аз замони шуравӣ ба сайёҳону кӯҳнавардон маълум буд, фаъолияти худро идома медиҳад.
Аммо баъзе мушкилоте мавҷуд аст, ки бартараф намудани он муҷиби рушди бештари туризм ва беҳтар шудани зиндагии мардуми ин гӯшаи афсонавӣ мегардад. Яке аз онҳо роҳи ноҳамвори деҳаҳои Рукнобод ва Артуч мебошад. Ҳамасола сайёҳон ин роҳро бо мушкилӣ мегузаранд. Аз Рукнобод то Артуч, ки 30 километр тул дорад, роҳ валангор аст. Оромгоҳи устод Абуабдуллоҳ Рӯдакӣ, ки мероси фарҳангии халқи тоҷик ба шумор меравад, ба таъмири ҷиддӣ ниёз дорад. Деҳаҳои Рукнобод ва Артуч на танҳо бо табиати зебои худ, балки мавзеъҳои таърихию фарҳангиашон ҷолибанд, вале роҳи ноҳамвор рафтуомади сайёҳонро ба ин макон мушкил мегардонад. Бовар дорем масъулони Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Панҷакент ба масъала таваҷҷуҳи бештар зоҳир намуда, мушкилоти мазкурро ҳарчӣ зудтар бартараф менамоянд.
Ҷамшеди САБОҲИДДИН,
«Садои мардум»
Ҳамчунин дигар маводҳо:





