Устод Турсунзода ва Ҳиндустон
Шояд, Роҳи бузурги абрешим пайвандии тоҷикону ҳиндувонро ҳазорҳо сол мустаҳкам намуда буд. Бисёр адибон ба Ҳиндустон мерафтанд ё ҳиндувон ба Мовароуннаҳр, махсусан ба Бухоро ва Самарқанд омада, зиндагӣ ва эҷод менамуданд.
Робиндронат Такур дар миёни тоҷикон маҳбубият дошта, қариб аксари осори безаволаш ба забони тоҷикӣ тарҷума шудаанд. Устод Айнӣ ҳам дар миёни мардуми Ҳиндустон дӯстдорони зиёд пайдо кардааст, Раҳул Санкритяян ӯро Премчанди Ҳиндустон ба қалам дода, қариб тамоми осорашро ба ҳиндӣ баргардондааст. Ӯ осори М. Турсунзода, С. Улуғзода, Р. Ҷалилро низ ба ҳиндӣ тарҷума кардааст. Силсилаи шеърҳои «Қиссаи Ҳиндустон» ҳамчун асари сиёсиву иҷтимоӣ ва фалсафӣ дар ин кишвари афсонавӣ хонандагони зиёд пайдо намуд. Ба ҳиндӣ тарҷума шудани китоби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон - «Тоҷикон дар оинаи таърих» далели қавӣ будани муносибати ин ду халқ мебошад.
Ҳиндустон ҳамеша диққати мардуми ҷаҳонро ба худ мекашид. Пас аз инқилоби октябр халқҳои мустамлика ва ниммустамлика дар ҷаҳон бедор шудан гирифтанд, ғалабаи Ҷанги дувуми ҷаҳон бар фашизм ин имконотро боз бештар афзуд. Халқу миллатҳои дунё ва давлатҳои истисморшаванда, ба мисли Чин, Корея, Ҳиндустон, Миср, Малайзия, дар миёнаҳои асри ХХ яке паси дигар ё чанде дар як вақт аз зулму заҷр ва истибдод рӯ ба бедорӣ мениҳоданд. Агар дар чунин вазъият бузургтарин адибони шуравӣ Н. Тихонов, А. Твардовский, Э. Межелайтис, Р. Ғамзатов, Ғ. Ғулом, Б. Қарбобоев ва дигарон ба ин мавзуъ андак ва гоҳ-гоҳе назар меандохтанд, устод Мирзо Турсунзода дар тамоми умри худ ба манфиати мардуми Ҳинд, халқу миллатҳои озодихоҳ ҳамчун шахси барҷастаю бемонанд, пештози адибони ҷаҳон хидматҳои арзанда кардааст.
Дар замони шуравӣ аввалин асарҳо дар бораи Ҳиндустонро А. Лоҳутӣ - «Дар Калкатта», Пайрав Сулаймонӣ - «Ҳиндустон» навиштанд. Шоири рус Николай Тихонов мавзуи Ҳиндустонро паҳлуи асосии эҷодиёти худ қарор додааст.
Мирзо Турсунзода бедорӣ ва худистиқлолии халқҳои Осиё ва Африқоро зуд пазируфт ва асарҳои нодир, ба мисли «Садои Осиё», силсилаи шеърҳои «Қиссаи Ҳиндустон», «Ман аз Шарқи озод», «Духтари муқаддас», «Роҷа дар Кремл» ва як силсила ашъоре, ба мисли «Хоҳари мубориз, Африқо», «Ба духтари Астурия», «Ду дастрӯмол», «Марҳабо» ва монанди инҳоро таълиф намудааст.
«Садои Осиё» асари монументалие буд, ки муборизаҳои мамолики Ҳинду Чин, Арабу Аҷам, халқу миллатҳои зиёди ба истиқлол мувоҷеҳ меҳвар мебошанд:
Баҳри озодӣ садои Осиё омад ба гӯш,
Хуни халқи Осиё омад ба ҷӯш, омад ба ҷӯш!
А. Сафронов достони лирикии «Садои Осиё»-ро манифести халқҳои Осиё номидааст. Шоир дар ин асар ду низом, ду ҷаҳонбинии ба ҳам зидро муқобили якдигар гузошта, олами мустамликаро шоми зулмат меномид.
Мутаассифона, дар замони муосир овози чунин шоироне, мисли М. Турсунзода дар гулӯ дармонд. Ироқ, Либия, Сурия ва баъзе мамлакатҳо боз дар асорат гирифтор шуданд. Ку шоири тавонманд чун Турсунзода, ки аз ҷонибдориашон овоз баланд намояд, дар дилу афкори халқу миллатҳои мазлуми ҷаҳон исён, бедорӣ ва худистиқлолхоҳӣ ба вуҷуд орад?
Мирзо Турсунзода ба Ҳиндустон соли 1947 дар ҳайати гурӯҳи иборат аз ҳашт донишманд: Жуков Е.М. - раҳбари гурӯҳ, Тошмуҳаммад Саримсоқов ва Воҳид Зоҳидов аз Ӯзбекистон, Ахвледианӣ ва Купрадзе аз Гурҷистон, Мирзо Иброҳимови озарӣ адиб ва дигарон ба Конференсияи байналмилалии халқҳои Осиё рафтанд ва муддати як моҳ бо зиндагонии халқи ҳинду аз наздик шинос шуданд. Мирзо Турсунзода ҳамон сол бо номҳои «Қиссаи Ҳиндустон», «Меҳмони мағрибӣ», «Рӯди Ганг», «Боғи муаллақ», «Тара Чандрӣ», «Дар ёди кас» силсилаи шеърҳо навишта, сазовори Ҷоизаи давлатии ба номи Сталин гардид.
Мирзо Турсунзода кӯшиш кардааст, ки дар шеъру достонҳои хурд моҳияти худшиносии халқҳои оламро бо мисолҳои барҷаста ифода намояд:
Рафт давре, ки садои Чин намеомад ба гӯш,
Хуни дил мехӯрд ҳиндӣ, буд Ҳиндустон хамӯш.
Рафт давре, ки ба гирдаш индонезӣ хӯрд печ,
Дар ғами як луқма моҳӣ, дар ғами як каф биринҷ.
Дар ашъори ба Ҳиндустон бахшидаи шоир муқаддам се хосияти муҳимтарин ба назар мерасад. Нишон додани манзараҳои зебову дилрабои Ҳиндустон, мубориза бо душманон. Шоир мустамликадоронро мардуми бераҳму золим, бешафқат, истилогару ғоратгар ба қалам додааст, ки охирин қути лоямут аз даҳони ҳиндӣ мерабуданд, ганҷҳои онро ба давлати худ кашонда, дар хилватҷойҳо тиру туфанг, тӯпу аслиҳаҳои қатли ом нигоҳ дошта, пеши роҳи озодихоҳону истиқлолталабонро мебастанд.
Мегузарад мағрибии худписанд,
Карда сару бинии худро баланд.
Бозикунон чӯбасоро ба даст,
Шому саҳар роҳ равад мисли маст.
Дар сари ӯ нест ба ғайр аз ғурур,
Дар дили ӯ мақсади айшу сурур.
Дар достони «Духтари муқаддас» (1955) духтари ҳиндиро адолатхоҳу ҳақиқатҷӯ тасвир менамояд, ки тарафдори андешаҳои Такур мебошад, барои ҷустуҷӯ намудани ҳақиқат, сулҳу саодати халқи ҳинд дар конгрессҳои озодихоҳонаи Деҳлӣ, Венаю Москва ҷасурона андешаҳояшро баён мекард. Достони «Роҷа дар Кремл» (1069-1970) низ дар асоси ҳамин ғоя навишта шудааст. Маҳендра Пратап бо душвориҳои зиёд ба Москва расида, бо хун тағйир додани ҷомеаро напазируфт.
Мирзо Турсунзода дар шеърҳои ҷудогона ҳам аз фарзандони содиқи Ҳиндустон дар ҳар маврид ба мулоҳиза меояд.
Дар барат тоҷик чун хеши ту буд,
Шоира Амрита дар пеши ту буд.
Рақси ҳиндӣ, шеъри русӣ ҷӯр шуд,
Суҳбати ширини ту машҳур шуд.
Хулоса, шоири озодихоҳу адолатҷӯ Мирзо Турсунзода дар замони шиддати «ҷанги сард» ба халқи мазлуми Шарқ, бедорию худшиносии халқҳои Осиё, Африқо, Амрикои Лотин ва дигар халқҳои мазлуми ҷаҳон таваҷҷуҳ зоҳир ва дар ин мавзуъ асарҳои мондагор эҷод кардааст.
Мирзо Иброҳимов бо Мирзо Турсунзода дар бисёр қитъаҳои олам дар суҳбат ва дар сафар буда, дар бораи ин марди шариф баъд аз сари ӯ навиштааст: «Мирзо Турсунзода фикри мантиқан анҷомёфтаро баён мекард, ба ҳамсуҳбаташ бо дидаи дил менигарист. Масъалаҳоро амиқ муайян карда, дидаҳояшро оромона ва ботамкин ҳифз менамуд. Вай чизи хуб, гапи навро пайдо карда метавонист. Набзи дили шоир аз ояндаи инсоният ва тамоми тамаддуни мо мужда медод».
Шоҳзамон РАҲМОНОВ,
профессор
Ҳамчунин дигар маводҳо:





