Зани ҳунарманду сариштакор хазина аст
Раёсати Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе 7 ҳолати нақзи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро ошкор намудааст.
Мувофиқи талаботи қонуни зикршуда баргузор намудани зодрӯз танҳо дар доираи оила иҷозат аст, аммо шаҳрванд Д. Ғ. хилофи ин муқаррароти қонун амал намуда, бо даъвати шумораи зиёди дӯстон зодрӯзи худро дар тарабхона таҷлил намудааст. Вобаста ба ин, бо моддаи 481 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон протоколи маъмурӣ тартиб дода шуда, барои чораҷӯӣ ба суд ирсол гардид.
Тавре дафтари матбуоти раёсати мазкур иттилоъ дод, қонуншиканӣ зимни баргузории рейдҳои муштарак аз ҷониби нозирони минтақавии милитсия ошкор шудаанд.
Бо мақсади баланд бардоштани фарҳанги маъракаороӣ ва паст кардани сатҳи камбизоатӣ 8-уми июни соли 2007 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» қабул гардида буд. Соли 2024 бо назардошти таҳаввулоти иҷтимоӣ ва иқтисодии ҷомеа қонуни мазкур дар таҳрири нав таҳия, қабул ва ҷонибдорӣ гардида, алъон мавриди амал қарор дорад.
Қонун дар таҳрири нав ба хотири ҳимояи манфиатҳои иқтисодии шаҳрвандон ва коҳиши исрофкорӣ қабул гардида, ба сарфакорӣ ва зиндагии оқилонаи мардум такони ҷиддӣ бахшид. Бо роҳнамоию таъкидҳои пайвастаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон кишвари мо бо амалӣ намудани стратегияву барномаҳои иқтисодию иҷтимоӣ дар ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷомеа ба пешравиҳои назаррас ноил шуд. Сатҳи зиндагии мардум давра ба давра беҳтар гардида, нишондиҳандаи сатҳи камбизоатӣ аз 83 фоизи соли 1999-ум то 21,2 фоиз дар соли 2023 паст шуд.
Тибқи таҳлили мутахассисони соҳа, соли 2006-ум барои баргузории 60 ҳазор тӯйи домодию арӯсӣ ва 87 ҳазор маросими дафну азодорӣ зиёда аз 500 ҳазор сар чорвои калону майда забҳ гардида бошад, дар соли 2024 ин рақам 73 ҳазор сар чорвои калону майдаро ташкил дод. То қабули қонун дар баргузории 52 маъракаи манъгардидаи ҷумъагӣ дар як сол барои 85391 шахси фавтида беш аз 2 миллиарду 175 миллион 762 ҳазор сомонӣ (ба ҳисоби миёна дар як маърака тақрибан 490 сомонӣ) зарур буд. Ҳоло бошад, шаҳрвандон аз ин хароҷот озоданд.
Ин қонун дар шароити ҷаҳонишавӣ ва буҳрони молиявии ҷаҳонӣ манфиати аҳолии мамлакатро таври шоиста ҳимоя карда, ба беҳбуд ёфтани вазъи молиявӣ мусоидат намуд.
Масъулони Бонки миллии Тоҷикистон бар он назаранд, ки солҳои пеш баргузории ҷашну маросим ба буҷети оилаҳо таъсири ҷиддӣ мерасонд. «Дар бисёр маврид ба хотири баргузории тӯю маросимҳои гуногун аз бонкҳо пул қарз мегирифтанд, то ба қавле дар байни мардум беобрӯ нашаванд. Пас аз мавриди амал қарор гирифтани ин қонун гирифтани қарз аз бонкҳо бо мақсади зикршуда коҳиш ёфтаасту пасандози мардум дар бонкҳо чанд маротиба афзоиш ёфт», - гуфтанд масъулони Бонки миллӣ.
Дилафрӯз Исоева, сокини шаҳри Душанбе, бо изҳори қаноатмандӣ иброз дошт, ки аз рӯи меъёрҳои қонун амал кардан ҳангоми иду ҷашнҳо ҳам бар фоидаи хонавода ва ҳам бар нафъи давлат аст.
- Моро мебояд, ки маъракаҳоро камхарҷ гузаронда, зиёдаравӣ накунем. Талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро ба хотири зиндагии ободу зебоямон риоя намоем. Дар истифодаи сарфакоронаи маблағҳои хонавода ва камхарҷ гузарондани тӯю маъракаҳо занону бонувон нақши меҳварӣ доранд, - афзуд ҳамсуҳбати мо.
Воқеан, баъзан миёни иддае аз занон зиёдаравӣ ба назар расида, дар маъракаву чорабиниҳои оилавӣ сарфаю сариштакорӣ риоя намешавад. Агар ин камбудиҳо бартараф гардида, пеши роҳи хароҷоти барзиёд ва зоҳирпарастӣ гирифта шавад, табиист, ки буҷети хонавода афзуда, вазъи зиндагии оилаҳо боз ҳам беҳтар хоҳад гашт, зеро дар урфият мегӯянд, ки зани соҳибмаърифату боиффат гавҳар ва зани ҳунарманду кадбонуи сариштакор хазина аст.
Тавре дар мақоли халқӣ гуфта мешавад, «ба миқдори сари сӯзан сарфа кардани зан баракатро дар хонадон дучанд меафзояд». Соҳиби дастархону маъракаҳо ва сарфакори беҳтарини зиндагӣ занону модарон ҳастанд.
Гулбаҳор РАҲМОНОВА,
«Садои мардум»
Ҳамчунин дигар маводҳо:





