Дараи Алмосӣ, гӯсфанди зоти ҳисорӣ ва ангури гулобии тоифӣ дар феҳристи «Низоми мероси кишоварзии дорои аҳамияти ҷаҳонӣ»
Дараи Алмосии шаҳри Ҳисор, гӯсфанди зоти ҳисорӣ ва ангури гулобии тоифӣ аз ҷониби Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии Созмони Милали Муттаҳид расман ба феҳристи «Низоми мероси кишоварзии дорои аҳамияти ҷаҳонӣ» ворид карда шуданд.
Тавре аз Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд, 7-8 июл дар шаҳри Рими Ҷумҳурии Италия ҷаласаи гурӯҳи илмию машваратии Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии Созмони Милали Муттаҳид баргузор гардид. Дар он Дараи Алмосии шаҳри Ҳисори Ҷумҳурии Тоҷикистон, гӯсфанди зоти ҳисорӣ ва ангури гулобии тоифӣ аз ҷониби Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии Созмони Милали Муттаҳид расман ба феҳристи «Низоми мероси кишоварзии дорои аҳамияти ҷаҳонӣ» (НМКАҶ) ворид карда шуданд.
Ба низоми мероси кишоварзии Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии Созмони Милали Муттаҳид мавзеъҳое дохил мегарданд, ки аз ҷиҳати кишоварзӣ, гуногунии биологӣ ва фарҳангӣ аз дигар мавзеъҳо фарқ мекунанд.
То имрӯз аз минтақаҳои Аврупо ва Осиё танҳо 12 мавзеъ аз 5 кишвар - Андора, Австрия, Италия, Испания ва Португалия ба феҳристи «Низоми мероси кишоварзии дорои аҳамияти ҷаҳонӣ» шомил буданд. Акнун Дараи Алмосии Тоҷикистон низ ба ин рӯйхат ворид шуд, ки дар пайванди мероси ғании табиӣ дар минтақа ва ҷаҳон нақши муассир дорад. Илова ба ин, низоми агроҷангалпарварии дарахти санавбар ва бамбуки анъанавӣ, инчунин, моҳипарварӣ дар Ҷумҳурии Корея ва низоми чарогоҳӣ дар Португалия эътироф гардиданд.
«Тавассути васеъ гардидани шабакаи НМКАҶ бо минтақаҳо ва кишварҳои нав, НМКАҶ бори дигар нақши хоси худро дар намоиши низомҳои кишоварзӣ, ки анъанаҳо ва роҳҳои дастрасӣ ба васоити таъмини зиндагӣ, ки дар ҳамоҳангӣ бо табиатро тарғиб мекунад, нишон медиҳад. Дар ҳоле ки мо бо буҳрони иқлимӣ ва талафоти гуногунии биологӣ муқовимат менамоем, усулҳои аҷдодии баланд бардоштани устуворӣ ва истифодаи оқилонаи гуногунии биологӣ дар тағйир додани низоми агроозуқавории мо ҷиҳати ҳалли ин мушкилот аҳамияти бештар пайдо мекунанд», - таъкид кардааст директори раёсати масъалаҳои марбут ба тағйирёбии иқлим, гуногунии биологӣ ва муҳити зист дар Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии Созмони Милали Муттаҳид (ФАО) Каве Заҳедӣ.
Дараи Алмосӣ, ки дар минтақаи кӯҳии шаҳри Ҳисор ҷойгир аст, як низоми кишоварзии нодирро ташкил дода, дар он чорводорӣ дар ҳамбастагӣ бо зироаткорӣ ва боғдорӣ рушд намудааст. Дар ин ҷо навъҳои маҳаллии гандум, ҷав, сабзавот ва ангур, бахусус ангури гулоби тоифӣ, парвариш мешаванд, ки аз он шарбату мавиз ва нӯшокиву шароб истеҳсол мекунанд. Ҳамчунин, дар минтақа гӯсфанди зоти ҳисорӣ, ки ба шароити сахти иқлим мутобиқ мебошад, парвариш карда мешаванд.
Дар гузориши Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии Созмони Милали Муттаҳид таъкид шудааст, ки ин низоми ҳамгирошудаи агрочарогоҳӣ чарои мавсимии гӯсфандонро бо парвариши ангур, ғалладона, боғу сабзавот дар ландшафтҳои вазнини кӯҳистонӣ муттаҳид мегардонад. Низоми мазкур дар тӯли асрҳо ташаккул ёфта, амнияти озуқаворӣ ва васоити зиндагии аҳолиро таъмин карда, гуногунии агробиологӣ ва мероси фарҳангиро ҳифз менамояд. Ба донишҳои аҷдодӣ такя карда, низом ҷомеаҳои устувореро, ки бо эрозияи хок, норасоии об ва тағйирёбии иқлим дучор меоянд, дастгирӣ менамояд.
Дар ин дара экосистемаҳои гуногун ва доираи васеи зироати кишоварзию чорводорӣ, аз ҷумла навъҳои маҳаллии гандум, ҷав ва сабзавот, инчунин, зоти гӯсфандони маҳаллии ҳисорӣ мавҷуд ҳастанд. Ангури гулобии тоифӣ мақоми муҳимро дар айнияти дара, ки аз ҷиҳати сифат боарзиш мебошад ва дар шакли мавиз, ширинӣ (шиннӣ), шарбат ва шароб коркард мегардад, ишғол менамояд. Таҷрибаҳои кишоварзӣ тавассути анъанаи аҷдодӣ, аз ҷумла кишти контурӣ, нуриҳои органикӣ, тақвими Мучал, ки ба нишонаҳои экологӣ такя мекунанд ва усулҳои обёрии қадимӣ бо мақсади сарфаи об пешбарӣ карда мешаванд. Идоракунии ҷомеа тавассути кумитаҳои маҳалла, хоҷагиҳои деҳқонии оилавӣ, кооперативҳо ва ҳоҷагиҳои коллективӣ ҳамоҳанг мегардад, ки интиқоли дониш, мубодилаи захираҳо ва муттасилии фарҳангиро таъмин мегардонад.
Воқеан, яке аз намудҳои нодири чорвое, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон парвариш ёфтаву дар ҷаҳон номдор аст, гӯсфанди зоти ҳисорӣ мебошад. Он зоти тоҷикии аслӣ буда, таърихи пайдоишаш ба садсолаҳои пеш рафта мерасад. Ин гӯсфандро барои гӯшту равған парвариш менамоянд ва пайдоишу парвариши он аз водии Ҳисор ибтидо гирифтааст. Саршумори асосӣ ва зоти беҳтарини гӯсфанди ҳисорӣ дар Тоҷикистон мавҷуд буда, бештар дар водии Ҳисор ва вилояти Хатлон парвариш мешавад.
Бо шарофати вазни зиёд дар арсаи ҷаҳон минтақаи парваришу афзоишдиҳии гӯсфанди зоти ҳисорӣ танҳо дар Тоҷикистон маҳдуд нест. Тайи солҳои гуногун аз Ҷумҳурии Тоҷикистон гӯсфанди зоти ҳисорӣ ба ҷумҳуриҳои Осиёи Марказӣ ва аксар кишварҳои қаламрави ИДМ интиқол дода шуд.
Ҳоло саршумори беҳтарин гӯсфанди зоти ҳисорӣ дар корхонаҳои зотпарварии «Ҳисор»-и ноҳияи Фархор, корхонаҳои «Зотпарвар»-и шаҳри Ҳисор ва ноҳияи Шаҳринав, кооперативи истеҳсолии «Сомонҷон»-и ноҳияи Данғара, кооперативи истеҳсолии «Дилшод-Б»-и ноҳияи Варзоб ва дигар хоҷагиҳо парвариш меёбанд.
Ангури тоифӣ, ки дар минтақаи Ҳисор парвариш меёбад, бо назардошти муътадил будани иқлим ранги гулобӣ мегирад. Ин навъи ангур ба бемориҳо тобовар буда, донаи байзашакл, пӯсти ғафс ва таъми ширин дорад. Дар дохили хона зимистон дар ҳарорати то 15 дараҷа гармӣ то 5 моҳ нигоҳ доштанаш мумкин аст. Давраи ҳосилғундорӣ аз моҳи сентябр то декабр мебошад. Инчунин, аз ин навъи ангур шароб ё афшураҳои беҳтарин омода карда мешаванд. Буттамеваҳои ин навъи ангур ҳаҷми кофии афшура доранд ва миқдори шакар дар онҳо мутавозин аст. Ранги ангури тоифӣ ба ҳарорати минтақа вобастагӣ дорад.
Таъкид намудан бамаврид аст, ки Тоҷикистон дар Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил аввалин кишваре мебошад, ки аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳамчун дорои низоми беназири таърихии кишрварзӣ, ки гуногунии баланди биологӣ, устувории экосистема ва мероси миллии фарҳангиро муттаҳид мекунанд, эътироф гардидааст. Дастоварди мазкур натиҷаи татбиқи босамари сиёсати давлатӣ дар соҳаи кишоварзӣ мебошад.
Шариф АТОБУЛЛОЕВ,
«Садои мардум»
Ҳамчунин дигар маводҳо:





