Хутали қадим шомили феҳристи Юнеско шуд
Сомонаи Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ аз шомил шудани ёдгориҳои таърихӣ-фарҳангии Хутали Қадим ба Феҳристи мероси фарҳанги умумиҷаҳонии ЮНЕСКО мужда расонд. Ба иттилои манбаъ, қарори дахлдор 12-уми июли соли равон, зимни Иҷлоси 47-уми Кумитаи мероси ҷаҳонӣ, ки дар шаҳри Париж доир шуд, қабул гардид. Ёдгориҳои таърихӣ-фарҳангии Хутали Қадим 5-умин мавзеи Тоҷикистон ҳамчун мероси ҷаҳонӣ муаррифӣ шудааст.
Тибқи гузориши ЮНЕСКО, ин ёдгориҳо фарҳанги гуногунҷанбаи Хутали Қадим, давлати мустақили асримиёнагиро нишон медиҳанд, ки аз асрҳои VII то XVI-и мелодӣ дар қаламрави вилояти Хатлон шукуфоӣ доштаанд. Ин давлат ҳамчун маркази фаъоли истеҳсолии Роҳи бузурги абрешим ба мубодилаи арзишҳои фарҳангии минтақавӣ низ таъсири калон расонидааст.
Номинаи «Хутали Қадим», ки 11 ёдгорӣ - қалъаи Ҳулбук, шаҳристони Ҳулбук, шаҳраки Манзартеппа, қалъаи Золи Зард, мақбараи Мавлоно Тоҷиддин, шаҳраки Золи Зар, Шаҳртеппа, корвонсарои Тоҳир, дайри буддоии Хишттеппа, шаҳраки Ҳалевард (Кофирқалъа), дайри буддоии Аҷинатеппаро дар бар мегирад, аз соли 2023 бо талоши муштараки мутахассисони Комиссияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба корҳои ЮНЕСКО-и Вазорати корҳои хориҷӣ, Вазорати фарҳанг, дастгирии Пажӯҳишгоҳи байналмилалии Осияи Марказӣ, Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи Аҳмади Дониши АМИТ, Осорхонаи миллии бостонии Тоҷикистон ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон пешбарӣ шудааст.
Мирзошариф Абдусаломов, ҳамоҳангсози миллӣ оид ба масъалаҳои фарҳангӣ дар ЮНЕСКО, зимни суҳбат гуфт, ки гурӯҳи корӣ барои омодасозии парвандаи номинатсияи «Хутали Қадим» беш аз 200 ёдгории вилояти Хатлонро мавриди омӯзиш қарор дода, аз онҳо 11 ёдгории мазкурро интихоб ва парвандаи номинатсияро таҳия намуд.
Ӯ ёдгориҳои мазкур ва шомилшавии онҳоро ба феҳристи ЮНЕСКО чунин шарҳ дод: «Хутали Қадим дар дарозои таърих зери таъсири ҳукмронии Ҳайталитҳо, Қағанати Турк, Хилофати Араб, Сомониён, Ғазнавиён ва муғулҳо қарор гирифтааст. Он дар масири Роҳи бузурги абрешим қарор дошта, ба рушди тиҷорат ва маснуот, ба монанди намак, тилло, нуқра, мусоидат кардааст. Ин макон дорои боқимондаҳои гуногун, аз ҷумла маъбади буддоӣ, қасрҳо, маҳаллаҳои аҳолинишин, марказҳои ҳунармандӣ ва корвонсаройҳост, ки аҳамияти стратегии онро тасдиқ мекунад. Ҳама 11 ёдгории ин макон таҳти ҳимояи давлат қарор доранд ва чораҳои зарурӣ барои пешгирӣ аз эрозия ва фарсудашавии онҳо андешида шудаанд».
Дар замони Истиқлоли давлатӣ як қатор мероси фарҳангии моддии миллати тоҷик дар сатҳи ҷаҳонӣ муаррифӣ ва ба Феҳристи мероси фарҳанги умумиҷаҳонии ЮНЕСКО шомил гардиданд. Инҳо ёдгориҳои таърихию фарҳангии шаҳраки Саразм (бо таъриху тамаддуни 5500-сола), ёдгориҳои Шоҳроҳи бузурги абрешим: долони Зарафшон-Қароқум (Панҷакенти Қадим, Санҷаршоҳ, Хоҷа Муҳаммади Башоро, Тали Хамтӯда, Низоми обёрикунии Токсанкорез, қалъаҳои Қум, Муғ ва Ҳисорак) мебошанд.
Аз ҷониби ЮНЕСКО пазируфтани силсилаёдгориҳои Хутали Қадим гувоҳи он аст, ки дар ҳудуди Тоҷикистон ёдгориҳои бостонию таърихии зиёде мавҷуданд, ки на танҳо таҷассумгари миллати тамаддунофари моанд, балки ин миллат дар пайдоишу инкишофи тамаддуни башар нақши мондагор дорад. Раванди шомил намудани ин ёдгориҳо ба Феҳристи мероси фарҳанги умумиҷаҳонии ЮНЕСКО идома дошта, ҷаҳон оянда ба ин восита аз фарҳангу тамаддуни мо бештар огоҳ мешавад.
Фарзона ФАЙЗАЛӢ,
«Садои мардум»
Ҳамчунин дигар маводҳо:





