Мулоқоти Файзалӣ Идизода бо Кэтрин Смиттон
8-уми майи соли 2025 Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Файзалӣ Идизода бо сафири Подшоҳии муттаҳидаи Британияи Кабир ва Ирландияи Шимолӣ хонум Кэтрин Смиттон мулоқот намуд.
Дар мулоқот таъкид гардид, ки Подшоҳии муттаҳидаи Британияи Кабир ва Ирландияи Шимолӣ яке аз аввалин кишварҳое мебошад, ки Тоҷикистонро ҳамчун давлати соҳибихтиёр ва мустақил эътироф намуда, 15 январи соли 1992 робитаҳои дипломатиро расман ба роҳ монд.
Дар доираи таҳкими равобити байналмилалӣ ва тавсеаи ҳамкории дуҷониба сафарҳои намояндагони ҳар ду кишвар мунтазам амалӣ гардида, масъалаҳои муҳим дар самтҳои афзалиятнок дар асоси усулҳои ҳамдигарфаҳмӣ ва шарикӣ баррасӣ мегарданд.
Барои рушди робитаҳои байнипарламентии ҳар ду кишвар фаъолияти гурӯҳҳои дӯстӣ ва ҳамкории Маҷлиси намояндагон бо Палатаи обшинаи Британияи Кабир ва табодули таҷрибаи вакилони ҳар ду кишвар дар самти мусоидат ба фаъолияти қонунгузорӣ муҳим арзёбӣ гардид.
Изҳори боварӣ карда шуд, ки тавассути муколамаҳои доимии сатҳи баланд робитаҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Британияи Кабир дар ҳама самтҳо мазмуну мундариҷаи нав касб намуда, дар оянда доираҳои зиёди мавриди таваҷҷуҳ ва барои тарафҳо манфиатоварро фаро хоҳанд гирифт.
Ҳамчунин дигар маводҳо:




