Ифтитоҳи толор варзиш ва терминали мусофирбарӣ дар Кӯлоб
Дар арафаи Ҷашни 34-умин солгарди Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар маҳаллаи Ориёнои шаҳри Кӯлоб толори варзиши сангбардорӣ ва дар деҳоти Зиракӣ деҳаи Гулбоғ терминали мусофирбарии «Гулбоғ» мавриди истифода қарор дода шуданд.
Зимни ифтитоҳ зикр шуд, ки толори мазкур бо маблағгузории Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб сохта шуда, барои таъмини таҷҳизоти муосири варзиш маблағи 400 ҳазор сомонӣ сарф гардидааст.
Ҳамчунин, иттилоъ доданд, ки ба хотири таъмини шароити хуб ба мусофирон дар дохили терминали мусофирбарӣ толори интизорӣ ва ошхона низ сохта шуда, минбаъд нақлиёте, ки аз самти ноҳияҳои Муъминобод, Ховалинг, инчунин, деҳоти Даҳана ва Зиракӣ ба самти шаҳри Кӯлоб мераванд, аз терминали мазкур истифода мебаранд.
И. РАҶАБАЛӢ,
«Садои мардум»
Ҳамчунин дигар маводҳо:





