Аёдати иштирокчиёни Ҷанги дуюми ҷаҳон
Вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сурайё Дӯстмуродзода ва намояндагони шурои собиқадорони ҷангу меҳнати шаҳри Ҳисор ба аёдат ва табрики иштирокчиёни Ҷанги дуюми ҷаҳон Раҷаб Усмонови 103-сола ва Карим Рашиди 113-сола рафтанд.
Зимни суҳбат Сурайё Дӯстмуродзода қаҳрамонони ҷангро ба муносибати 80-солагии Ғалаба муборакбод гуфта, корнамоии онҳоро намунаи олии ҷавонмардӣ ва ватандӯстӣ барои наслҳои баъдӣ арзёбӣ намуд.
Иброз гардид, ки бо шарофати соҳибистиқлолии мамлакат зери таваҷҷуҳи доимии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дорем ва Тоҷикистон рӯз то рӯз шукуфову зеботар мегардад.
Иштирокчиёни Ҷанги дуюми ҷаҳон изҳор намуданд, ки ҷавонони ҷумҳурӣ бояд шукронаи осудагию тинҷӣ ва сулҳу субот намуда, зери сиёсати Сарвари давлат ҳамеша дар ҳифзу ҳимояи Ватан талош варзанд.
М. СУЛТОНОВ,
«Садои мардум»
Ҳамчунин дигар маводҳо:




