Фарвардин моҳи рӯиш ва эҳёст. Моҳе, ки офтоб дар бурҷи Ҳамал қарор мегирад ва торикиву сардӣ бардошта мешавад. Наврӯз пирӯз мегардад ва одамон низ фараҳманду шод ба истиқболи соли нав мераванд. Умари Хайём дар «Наврӯзнома» менависад: «Ҳар кӣ рӯзи Наврӯз ҷашн кунад ва ба хуррамӣ пайвандад то Наврӯзи дигар умр дар шодиву хуррамӣ гузорад».
Наврӯз таърихи дурударозро бо оини хоси ҷашну шодмонӣ фаро мегирад ва ҷашнест, ки хосу ом ва шоҳу гадо дар он баробар ширкат меварзанд.
Подшоҳони Аҷам дар бунёд гузоштани суннати наврӯзӣ саҳми бузург доранд. Наврӯз аз қадим оини бунёдкорӣ, шинохти неку бад, рушди шаҳру деҳот ва илму дониш будааст. Шоҳон дар ин кори хайр саҳми аввалиндараҷаро мегузоштаанд. Дар ин бора дар «Наврӯзнома» омадааст: «Ва дигар оини мулуки Аҷам андар дод додан ва иморат кардан ва дониш омӯхтану ҳикмат варзидан ва доноёнро гиромӣ доштан ҳиммате азим будааст».
Дар даврони хилофати Аббосиён Умари Хайём аз ҳалвоҳое ёд мекунад бо исмҳои «ҳошимӣ», «собунӣ» ва «лавзина», ки басо болаззат будаанд ва дастархони наврӯзиро оро медодаанд. Ҳамчунин, хокимон дар айёми Наврӯз ба мардум хилъат ва туҳфа мебахшиданд ва ин кор суннат ба ҳисоб мерафт.
Подшоҳ «соҳибхабарон»-ро ба ҳар шаҳру вилоят мегумошт ва онҳо ӯро аз ҳоли мардум бохабар мекарданд. Бинобар ин, «дастҳои татовул (дастдарозӣ кардан ба ҳаққи дигарон) кӯтоҳ будӣ ва бар ҳеҷ кас ситам наёрастандӣ кардан ва як дирам аз касе ба ноҳақ натавонистандӣ ситудан».
Яке аз одати шоҳон он будааст, ки агар касе барояшон чизе орад ё мутриб суруде бихонад ва ё шоире шеъре бихонад, ки аз он малик хушҳол гардад, мегуфтааст: «Зиҳ, яъне, аҳсант. Чунон ки зиҳ бар забони ишон бирафтӣ, аз хазина ҳазор дирам ба он кас додандӣ. Ва сухани хуш бузург доштандӣ».
Бар пояи адолат барпо доштани шоҳигарӣ хеле муҳим аст. Ҳамон рӯзе, ки шоҳе адолатро поймол кард, шоҳигариаш рӯ ба завол меовард. Ҷамшедшоҳи устураӣ, ки ба боваре асосгузори Наврӯз аст, барои рушди Эронзамин хидмати бузург кардааст, вале вақте мағрур гашту адолатро зери по гузошт, тахтро аз даст дод: «Ҷамшед дар аввал подшоҳе сахт одил ва худотарс буд ва ҷаҳониён ӯро дӯстдор буданд ва бад — ӯ хуррам… Чун аз мулки ӯ чаҳор саду анд сол бигзашт, дев бад — ӯ роҳ ёфт ва дунё дар дили ӯ ширин гардонид. Манӣ дар хештан овард, бузургманишӣ ва бедодгарӣ пеша кард… Ҷаҳониён аз ӯ ба ранҷ афтоданд. Ва шабу рӯз аз Эзад таоло заволи мулки ӯ мехостанд. Он фарри эзадӣ аз ӯ бирафт».
Яке аз суннати наврӯзии шоҳони Аҷам бахшояндагии онон аст. Дар айёми Наврӯз гунаҳкорон мавриди афви подшоҳ қарор мегирифтанд. Фақат се гуноҳро намебахшиданд, ки дар «Наврӯзнома» Умари Хайём онҳоро зикр мекунад: «Яке он, ки рози эшон (подшоҳон) ошкоро кардӣ. Ва дигар он кас, ки Яздонро носазо гуфтӣ ва дигар касе, ки фармонро дар вақт пеш нарафтӣ ва хор доштӣ».
Асп, шамшер, шароб ва боз низ зеби ҷавонмардону паҳлавонон буд. Ин чаҳор чизро доноён тавсиф мекарданд, шоҳон қадрдонӣ менамуданд. Асп, шамшер, шароб ва боз ҳар кадоме дар пойдории мамлакат ва хушбахтии одамон нақш доштанд.
Аспе, ки сафираш назанӣ менахурад об,
На мард кам аз аспу на май камтар аз об аст.
Шоҳон аз миёни парандагон ба боз таваҷҷуҳи махсус доштанд. Аз ин рӯ, пешиниён бозро муниси шикоргоҳи малик ва шодибахшанда бар дили шоҳ медонистанд. Ба бовари ниёгон, «шоҳи ҷонварони гӯштхор боз аст, шоҳи ҷонварони гиёҳхор асп, шоҳи гавҳарҳои ногудозанда ёқут, шоҳи гавҳарҳои гудозанда зар» мебошад. Аз ин рӯ, подшоҳон ба боз муҳаббати хос доштанд. Ин парандаи чобуку шикорӣ дар айёми Наврӯз ҷойгохи хос дошт ва ҳамроҳи шоҳ дар ҷашнҳо ширкат меварзид.
Аз ҷониби дигар боз мавриди эътимод буд. Тавассути ин паранда подшоҳон фол мегирифтанд. Агар боз ҳангоми парвоз сабук ба дасти шоҳ менишаст ва ба сӯи шоҳ менигарист, мегуфтанд, ки малик соҳиби вилояти нав мегардад. Ҳангоми аз дасти шоҳ ба парвоз даромадан сар фуруд меовард ва сипас сарашро мебардошт, маънои онро дошт, ки заъфе ба кори малик мерасад. Ҳамин тавр, ҳар як ҳаракати ин паранда барои подшоҳон маъно дошт.
Дар айёми Наврӯз гоҳе шоҳон тавассути боз фол мегирифтанд ва чӣ гуна омадани соли навро аз он мушахас мекарданд.
Бози давлат бози Наврӯз аст,
Зиндагӣ хубу дилафрӯз аст.
Умари Хайём дар «Наврӯзнома» бобати боз ва навъҳои он, ки аз ҷониби шоҳон парвариш карда мешуд, маълумоти муфиде медиҳад: «Анвоъ (боз) бисёр аст. Валекин аз ҳама сапедҷурда беҳтар ва бози сурхфом ва ё зарди тамом. Ва ба шикор ҳаристар сапедҷурда бувад, валекин беморнок буду бадхӯ. Ва пас аз вай зард ҳаристару тандурусттар. Ва аз ин ҳар ду сурхфом дурусттар, лекин бадхӯ бувад ва ба колбад (бадан) аз ҳама бузургтар бувад».
Дар Наврӯз ба шоҳ бозҳои дастомӯзро низ ба расми ҳадя меоварданд. Он парандагонро пеш аз туҳфа кардан аз назари чобукӣ ва зебоии андом месанҷиданд. Бозе барои шоҳ интихоб мешуд, ки «сахткӯш ва андомҳояш дархӯрди якдигар чунон ки сар кӯтоҳу хурд бувад ва пешонию чашмонаш фарох бувад. Ва синаи паҳну паст ва думчаву рони ситабр. Ва гӯшти вай сахт, соқҳояш ситабру гирду кӯтоҳ ва панҷа некӯву ангуштон қавӣ, нохунҳояш сиёҳу пой сабз». Ин гуна боз ба шоҳон писанд меомад ва парвозу шикори онро фоли нек медонистанд.
Ҳангоми сари сол – Наврӯзи фаррухпай, пеш аз ҳама, дидани рӯи некӯ фарраҳӣ меовард. Бинобар ин, либосҳои зебо дар бар, бо чеҳраҳои шукуфон канизону ғуломони хушрӯй вориди қабулгоҳи шоҳ мешуданд. Дарбориён низ худро меоростанд, аз атру хушбӯиҳо истифода мебурданд ва бо лабони пуртабассум ба истиқболи шоҳ мерафтанд. Онҳо бовар доштанд, ки ин амали онҳо тамоми сол хушбахтиву саодат меорад. Умари Хайём низ дар «Наврӯзнома» менависад: «Рӯи некӯро доноён саодате бузург донистаанд ва диданашро ба фол фаррух доштаанд. Ва чунин гуфтаанд, ки саодати дидори некӯ дар аҳволи мардум ҳамон таъсир кунад, ки саодати кавокиби саъд бар осмон».
Аз ин навиштаи Умари Хайём маълум мегардад, ки дидани рӯи хубу некӯ барои гузаштагон хеле муҳим будааст, ки ҳатто таъсири онро бо таъсири ситорагони осмон муқоиса менамояд. Аз ин ҷо масъалаи ҷойгоҳи хубиҳо, покиҳо, ки боис ба зиндагии шоиста мегардад, дар тасаввури ниёгон ба таври хеле барҷаста намоён мешавад.
Бар чеҳраи гул насими Наврӯз хуш аст,
Дар саҳни чаман рӯи дилафрӯз хуш аст.
Бо хубиҳо, шодиҳо, меҳрубониҳо, бахшояндагиҳо пешвоз гирифтани соли нав – Наврӯзи пирӯз тамоми солро саодатманд мегардонад. Ин боварҳо на танҳо решаҳои устуравӣ доранд, балки дорои воқеият низ мебошанд.
ВОРИС,
«Садои мардум»