Агар тавлиди кинои тоҷик ба соли 1929 мувофиқ омада бошад, омӯзиш, тадқиқ ва шинохти он аз солҳои 50-уми асри ХХ оғоз ёфтааст. То ин муддат баъзе муаллифони рус бо тадқиқи кинои тоҷик машғул буданд, аммо киношиносӣ ҳамчун илм дар Тоҷикистон ҳанӯз мавҷуд набуд. Аз кадрҳои маҳаллӣ нафароне буданд, ки ба театр таваҷҷуҳ доштанд, лекин ба кино эътибор камтар буд.
Ин масъулияти ҷиддӣ бар дӯши ҷавоне афтод, ки акнун шуъбаи тоҷикии факултети филологияи Университети давлатии Ӯзбекистон ба номи А. Навоии шаҳри Самарқандро хатм карда, ба Тоҷикистон омад. Киношиноси ҷавон Ато Аҳроров солҳои 1960-1961 аввал чун лаборанти калон ва баъд ходими хурди илмии шуъбаи таърихи санъати Институти таърихи ба номи Аҳмади Дониши Академияи фанҳои РСС Тоҷикистон ба кор шурӯъ кард.
Бояд қайд намуд, ки фаъолияти Ато Аҳроров дар боби танқиди кино ҳанӯз аз соли 1959, аз овони таҳсил дар университет, оғоз ёфта, аввалин тақризҳояш дар бораи филмҳои ҳунарии режиссёрҳо Комил Ёрматов «Вақте ки гулҳо мешукуфанд» ва Борис Кимёгаров «Қисмати шоир» (дар ҳамдастӣ бо дӯсти ҳамкурсаш, имрӯз – адиби шинохтаи бачагон Насим Раҷабов) дар матбуоти даврӣ («Ӯзбекистони сурх» ва «Ленин йӯли», Самарқанд) чоп шуда буданд.
Тадриҷан дигар мақолаҳои ӯ бо номи «Экран – оинаи ҳаёт» (рӯзномаи «Тоҷикистони советӣ», соли 1961), «Филмҳои Студияи телевизион» («Тоҷикистони советӣ», соли 1961), «Байрақи оҳангар» («Шарқи Сурх», 1961, № 11), «Чанд сухан дар бораи кинои ҳуҷҷатии тоҷик» («Тоҷикистони советӣ», соли 1962), «Назаре ба асарҳои кино» (маҷаллаи «Садои Шарқ», соли 1966, №11) ва ғайра ба табъ расиданд.
Солҳои 1963 — 1966 Ато Аҳроров дар Москва, дар аспирантураи Институти таърихи санъати Вазорати маданияти ИҶШС таҳсил карда, дар мавзӯи «Кинои тоҷик дар солҳои 1929-1965» рисолаи номзадӣ дифоъ намуд. Солҳои 1966- 1995 фаъолияташ чун ходими хурд, ходими калон, ходими пешбари илмии шуъбаи таърихи санъати Институти таърихи ба номи Аҳмади Дониш пурсамар буд.
Инак, чанд намуна аз навиштаҳои сершумораш дар он солҳо: «Рояли сафед» ва санъати мазҳака» («Комсомоли Тоҷикистон», 1969), «Экран ва қаҳрамони муосир» («Садои Шарқ», 1969, № 10), «Эпос на экране» («Памир», 1972, №6), «Телевизионный эпос: поиски, находки» («Коммунист Таджикистана», 1977), «Диди рассомии таҳиягар» («Маориф ва маданият», 1980), «Навкорони кинои тоҷик», («Садои Шарқ», 1983, №3), «Санъат ҷонфидоӣ мехоҳад» («Комсомоли Тоҷикистон», 1984), «Биниши фарох аз умқи андешаҳост» («Адабиёт ва санъат», 1990), «Бако Садыков: «Я сделал шаг к зрителю…» («Народная газета», 1992) ва амсоли инҳо.
Метавон гуфт, ки ба шарофати қаҳрамони матлаб он холигие, ки дар омӯзиши таърих ва танқиди кинои тоҷик мавҷуд буд, тадриҷан аз байн рафт. Солҳои зиёде, ки Ато Аҳроров роҳбари комиссияи назария ва танқиди Иттифоқи кинематографистони Тоҷикистон буд, ӯ ба фаъолияти комиссия равнақ бахшид. Барои мунаққидони кино ва рӯзноманигорон бо иштироки мунаққидони москвагӣ семинарҳо ташкил мешуданд. Дар матбуот таваҷҷуҳ ба масъалаҳои кинои миллӣ афзуд. Рӯзноманигорон ва адибони шинохта Борис Милявский, Михаил Табачников, Любов Киямова, Тамара Хетагурова, Элина Тарасова, Валерий Смирнов, мутахассисони маҳаллӣ Сайфулло Ҷӯрабоев, Ҳазрат Сабоҳӣ, Саъдуллоҳ Раҳимов, Саноат Азизова, Ӯктам Иброҳимов, Раъно Маҳмудова, Зоҳир Саъдуллоҳ ва дигарон дар бораи кинои миллӣ бештар навиштанд. Дар матбуот таҳлили филмҳои нав, пешниҳодҳои ҷолиб оид ба равнақи кинои тоҷик рӯи кор омаданд.
Солҳои зиёд Ато Аҳроров ровии барномаи телевизионии «Дар олами кино» буда, доир ба паҳлуҳои гуногуни кинои советӣ, ҷумҳуриҳои бародар ва кинои миллии тоҷик силсилаи барномаҳо таҳия мекард. Маҳз мақола ва барномаҳои телевизионии эшон буданд, ки мо — шогирдон бори нахуст дар бораи поягузорони кинои тоҷик Василий Кузин, Комил Ёрматов, Ғуломризо Баҳор, Қутбиддин Олимӣ, Иброҳим Барамиқов, Нарзулло Тиллоев, Маҳмадқул Арабов, Борис Кимёгаров, Тоҳир Собиров ва хизматҳои эшон дар пешрафти кинои тоҷик маълумоти ҷолиб ва дақиқ пайдо намудем.
Устодро метавон муаррифгари кинои тоҷик дар арсаи собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ шуморид. Ба ҳайси узви Шӯрои бадеӣ ва коллегияи сенарияи Киностудияи «Тоҷикфилм», узви раёсат ва раиси комиссияи назария ва танқиди Иттифоқи кинематографистони РСС Тоҷикистон дар конференсия ва симпозиумҳо, кинофестивалҳои умумииттифоқӣ ва минтақавӣ, инчунин дигар чорабиниҳои вобаста ба кино ҷумҳурии моро намояндагӣ намуда, чун донандаи касби хеш бо бурҳони қотеъ ва забони русӣ баромад мекард.
Ёдам ҳаст, ки соли 1990 дар чанд шумораи рӯзномаи «Паёми Душанбе» (7-уми март, 11-уми апрел, 17-уми май ва 13-уми июн), дар бобати он ки нақши Восеъро дар филми нави режиссёр Тоҳир Собиров «Ашк ва шамшер» кӣ бозӣ мекунад, баҳси доманадор ба вуқӯъ пайваст. Ҳар кас фикру андешаҳояшро баён карда, мехост, ки актёри дӯстдоштааш — Ҳошим Гадоев ё Мӯсо Исоев нақши ин қаҳрамони халқиро офарад.
Аз номбурда хоҳиш кардам, ки фикру андешаҳояшро доир ба баҳс баён намуда, онро хотима бахшад. Устод маводи чопшударо омӯхта, таҳти унвони «Истеъдод сарвати миллат аст» («Паёми Душанбе» 3-юми августи соли 1990) мақолаи беғаразона навишт ва ба баҳс нуқта гузошт. Аз ҷумла чунин нигошта буд: «Дар замони пуршӯру шари имрӯзаи мо ба баҳсу мунозираҳои бепоён дар атрофи масоили мухталиф ва хурду калони сиёсиву иҷтимоӣ одат накардаем, вале на дар атрофи маданияту ҳунар, санъату маънавиёт. Ҳарчанд хуб медонем ва баъзан ишора ҳам мекунем, ки ноқисиҳои иҷтимоӣ ва тангназариҳои сиёсӣ аз ҷоҳилии маънавӣ бармеояд. Худо накарда, агар аз ҳаёти маънавии мо ё ҳунару ҳунарварӣ ягон баҳс бархезад, ба зудӣ «доварҳое» ёфт мешаванд, ки баҳсро дар ҳолати ҷанинаш пахш мекунанд. Бояд, ки кор баръакс бошад: дар гирди масоили адабиёт, санъат, маънавиёт ҳар чӣ бештар баҳсу мунозира сурат бигирад, ҳар чӣ зудтар роҳи аз банди ҷаҳолат озод шудани мо равшан мегардад.
Барои ман баҳсе, ки дар саҳифаҳои «Паёми Душанбе» (7-уми март, 11-уми апрел, 17-уми май ва 13-уми июни соли 1990) доир ба масъалаи интихоби ҳунарпеша дар нақши асосии Восеъ дар филми бадеии «Ашк ва шамшер» бархостааст, ғайричашмдошт буд. Гумон надоштам, ки зумрае аз тамошобинони мо ба ин масъала ин қадар таваҷҷуҳ зоҳир намуда, бо як ҷӯшу хурӯш ва самимият фикру ақидаи худро изҳор медоранд. Дар назари аввал бунёди масъала чандон мураккаб нест, тамошогарон мехоҳанд, ки нақши қаҳрамони миллӣ Восеъро ҳунарпешагони шинохтаи кинои тоҷик Ҳошим Гадоев ё Мусо Исоев бозанд».
Ҳар як ширкати кино дар боби интихоби мавзӯъ ва жанр, ташкили гурӯҳи филмофарӣ, санҷидану даъват кардани коргардону филмбардор, актёру оҳангсоз озод ва мустақил аст. Офаридани филми «Ашк ва шамшер» ( режиссиёр Т. Собиров) ва интихоби актёрҳо дар он низ ба ҳамин асос сурат мегирад.
Дар хулосаи мақола муаллиф ба чунин андешаҳо меояд. «Тахминан 10 — 15 сол муқаддам мо аз набудани қувваҳои фикрӣ дар соҳаи санъат шикоят мекардем. Имрӯз, ки чунин рӯзноманигорон ва чунин мухлисони кино пайдо шудаанд ва онҳо иқтидори фикр кардан доранд, мо бояд онҳоро эҳтиром намоем. Охир ҳам актёру коргардони соҳибистеъдод ва ҳам мухбири соҳибфикр ва умуман ҳар як фарде, ки тафаккури худро дорад, сарвати мост!».
Маҳорат ва таҷрибаи андӯхтаи Ато Аҳроров дар мақола ва китобҳои тадқиқотии пурарзишаш баръало дида мешавад. Асарҳои ӯ, ки то ин дам нашр шуда, қимати баланди илмӣ доранд: «Таджикское кино: 1929-1969» (Душанбе, «Дониш», 1971), «Таджикское кино: 1969-1974» (Душанбе, «Эр-граф» — 2010), бобҳои кинои тоҷик дар асари чорҷилдаи «История советского кино» (Москва, «Искусство», 1969-1978), бобҳои «Кино» дар ду ҷилди нашри энсиклопедии «Таджикская Советская Социалистическая Республика» (Душанбе, «Ирфон», 1974-1984), «Санъати кино» (Душанбе, «Ирфон», 1974), китоби «Таджикский экран» (Душанбе, «Ирфон», 1980), «Кино Таджикистана» (дар ҳамдастӣ бо С. Азизова, Москва, 1982), боби «Кино» дар китоби «Исторический процесс социалистических наций» (Москва, «Мысль», 1987), буклети «Таджикское кино: вчера и сегодня» («Потсдам», 1988), боби кинои тоҷик дар китоби «Кино Советской Центральной Азии» (бо забони фаронсавӣ, Париж, 1991), «Луғати русӣ – тоҷикии истилоҳоти санъат» (Душанбе, 2003) аз ҳамон ҷумлаанд.
Мавсуф бештари вақташро дар бойгониҳои шаҳрҳои Москва ва Душанбе гузаронида, аз пайдо намудани ягон сурати нодир ё маълумоти нав хеле шод мешуд. Дар ин миён фурсат ёфта, шахсан бо саромадони кинои тоҷик Василий Кузин, Комил Ёрматов, Лев Кулешов, Владимир Хабур, Иброҳим Барамиқов, Борис Кимёгаров, София Тӯйбоева, Шамсӣ Ҷӯраев ва дигарон вохӯрда, оид ба тавлиди кинои тоҷик маълумоти ҷолиб ва арзишманд ба даст овард.
Бо амри тақдир Ато Аҳроров соли 1996 ба зодгоҳаш – шаҳри Самарқанд кӯчид. Дар Самарқанди бостонӣ ба қадри фарзандони фарзонааш мерасанд. Ин буд, ки Ато Аҳроров солҳои 1997-2003 ба вазифаи устоди кафедраи илмҳои ҷамъиятшиносии Институти давлатии тиббиёти Самарқанд ва солҳои 2005 — 2012 дотсенти кафедраи илмҳои гуманитарии шуъбаи дар Самарқандбудаи Университети технологияҳои иттилоотии шаҳри Тошкандро бар уҳда дошт. Дар ин муддат бо илм низ машғул буд ва мақолаҳояшро доир ба эстетика, киношиносӣ ва маданиятшиносӣ ба табъ расонид.
Бист сол устод аз Тоҷикистон дур, вале ин маънои онро надорад, ки ӯ аз муҳити эҷодӣ дар канор буд. Ҳамин ки шароит даст медод, вай ба шаҳри Душанбе омада, бо навигариҳои кинои миллӣ, фаъолияти эҷодии ходимони кино ошно мегардид. Бо шогирдонаш вохӯрда, аз комёбиҳояшон хеле шод мешуд. Дар ҳамон солҳо ҷавононе, ба мисли Людмила Казакова, Тилло Некқадамов, Ӯктам Иброҳимов ва Равшан Темиров, худро бо кино пайвастанд ва ҳар кадоме дар киношиносӣ ва танқиди кино муваффақ гардида, мақолаву китобҳои шоиста навиштанд. Онҳо дар анҷуману маҳфилҳои ҷашнӣ баромад карда, хешро бо ифтихор шогирдони Ато Аҳроров меҳисобанд.
Соли 2008 Ато Аҳроров масъулияти хеле баланд — раиси жюрии конкурси филмҳои тоҷикиро дар Кинофестивали байналмилалии «Дидор-3» (дар шаҳри Душанбе) ба зимма дошт ва онро беғаразона иҷро намуд.
Метавон гуфт, ки баъд аз кӯчидани устод аз шаҳри Душанбе дар фазои илми киношиносӣ ва танқиди кино холигие ҳис мегардид. Ҳукумати Тоҷикистон хизматҳои шоёни асосгузори илми киношиносӣ дар Тоҷикистон, муҳаққиқи таърихи кинои тоҷик, номзади илмҳои санъатшиносӣ Ато Аҳроровро ба назар гирифта, соли 1991 ӯро бо унвони ифтихории Ходими шоистаи ҳунари Ҷумҳурии Тоҷикистон қадрдонӣ намуд.
Тилло НЕКҚАДАМОВ,
«Садои мардум»
P.S. Ҳамчун шогирд қарзи худ шумурдам, ки мақолаи мазкурро ба ифтихори 85-солагии устод Ато Аҳроров (3-юми августи соли 2023) дар рӯзномаи «Садои мардум» чоп кунам. Аз ин хусус бо устод 16-уми апрели соли 2023 суҳбати телефонӣ доштам. Мақоларо хонда, хеле кӯтоҳ ва хоксорона иброз доштанд:
- Аз ҳад зиёд таъриф кардед. Агар зарур шуморед, чоп кунед…
Афсӯс, ки устоди азизи мо ба солгарди зодрӯзашон нарасиданд.
Рӯҳашон шоду манзили охираташон обод бошад!