Олимон муайян намудаанд, ки инсон навад дарсади маълумотро дар бораи муҳити зист ба воситаи чашмҳо дарёфт менамояд. Тибқи маълумоти Оҷонсии байналмилалии нобиноён, 253 миллион нафар дар ҷаҳон мушкилоти биноӣ доранд. Аз ин теъдод 65 дарсадашон афроди аз 40 — сола боло ва 35 дарсадашон кӯдакон мебошанд. Мо дар асри технологияҳои компютерӣ, суръати баланди мавҷ, ҳолатҳои номусоиди экологӣ умр ба сар мебарем, ки ин ҳолатҳо ба чашмони мо таъсири манфӣ мерасонанд. Ба ҳолати пастшавии биноӣ риоя накардани гигиенаи босира, таъсири воситаҳои техникӣ, аз ҷумла компютер, телевизор ва телефонҳои мобилӣ, ба узви биноӣ зарар мерасонанд.
Барои ҳифзу нигоҳдории биноии чашмон пизишкон истеъмоли ғизои солимро тавсия медиҳанд. Бояд мувофиқати байни хӯрок ва моддаҳои фаъоли биологӣ «сафедаҳо, чарбҳо, карбогидратҳо, витаминҳо ва маҳсулоти минералӣ» таъмин шавад. Ғизое, ки барои чашм фоида доранд, инҳоанд: сабзӣ, ки дар таркибаш бета-каротин дорад, ба витамини А табдил меёбад. Витамини А ба раванди барқароршавӣ ёрӣ ва барои пешгирӣ аз мушкили наздикбинӣ кумак мекунад. Афшурдаи ҷаъфарӣ ба тақвияти кори рагҳои хунгард ёрӣ расонда, барои барқарории фаъолияти чашм баъд аз рӯзи кории вазнин фоида дорад. Ҳангоми чашмсурхӣ конюнктивит, илтиҳоби қарния (кератит) ва оби марворид (катаракт) аз ин гиёҳ истифода мекунанд. Кунҷид (тухм ва ё равғанаш) дар таркибаш витаминҳои А, В ва С дорад. Он барои коҳиши дарди сар, ки дар натиҷаи фишор бар чашмон ба миён меояд, кумак мерасонад. Зардолу дар таркибаш витамини А дошта, чашмро аз таъсири нури офтоб, компютер ва телефон муҳофизат мекунад. Лимӯ дар таркибаш витаминҳои В1 ва С дошта, барои пешгирӣ аз мушкили наздикбинӣ ва ё дурбинӣ ёрӣ мерасонад. Ҳамчунин, барои дарди сар, ки дар натиҷаи хастагии чашмон баъд аз кори тӯлонӣ бо компютер ва телефон ба амал меояд, муфид аст. Тухми мурғ дар таркибаш лутеин ва гӯгирд (сулфур) дошта, чашмонро аз бемории оби марворид (катаракт) ҳимоя мекунад. Сир (чеснок) барои чашм аз он ҷиҳат муфид аст, ки дар таркибаш сулфур дорад ва дар тақвияти биноӣ таъсири мусбат мерасонад. Моҳӣ дар таркиби худ витамини Омега-3 бисёр дошта, барои тақвияти биноӣ фоидаовар аст. Карам, помидор ва бодиринг дар таркибашон лутеин дошта, биноии чашмро беҳтар сохта, барои пешгирӣ аз бемории оби марворид (катаракт) муфид ҳастанд. Маҳсулоти ширӣ дар таркибашон моддаи рӯҳ (синк) доранд. Маҳз, норасоии рӯҳ чашмро ба бемории оби марворид (катаракт) гирифтор мекунад. Дар маҳсулоти ширӣ витаминҳои В2 ва В12 низ мавҷуд аст, ки гардиши хунро дар чашм беҳтар менамоянд.
Бамаврид аст, дар бораи маҳсулоте, ки дар биноии чашм таъсири манфӣ мерасонанд, мушаххас маълумот диҳем. Бояд истеъмоли маҳсулоти ордӣ ва шириниҳоро, ки боиси хастагии чашмҳо мешаванд, маҳдуд кард. Ғизои намакӣ, маҳсулоти зудпаз ва нимтайёр ва дар дуд пухташуда ба ихтилоли фаъолияти рӯдаҳо ва гурда боис шуда, чашмҳоро низ дучори мушкил месозанд. Истеъмоли аз меъёр зиёди маҳсулоти гӯштӣ ба баландшавии фишори чашм боис мегардад. Дар таркиби баъзе маҳсулоти ғизоӣ, монанди чипс, бургеру хотдог, моддаи химиявии глутамати натрий вуҷуд дорад. Ин модда ба таври сунъӣ истеҳсол мешавад, ки на танҳо барои чашм, балки барои аъзои дигари бадани инсон ҳам зиён мерасонад.
Таҳияи Раҳмоналӣ ҲАБИБОВ,
«Садои мардум»