Муҳокимаи парламентӣ

Саломатӣ давлати бебаҳост

№66 (3051) 03.06.2013

DSC_2006

27 майи соли 2013 таҳти раёсати муовини Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Мирганд Шабозов муҳокимаи ошкорои парламентӣ «Оид ба иҷрои Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати татбиқи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 августи соли 2004  №348 «Дар бораи тасдиқи Нақшаи стратегии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба солимии репродуктивии аҳолӣ дар давраи то соли 2014» баргузор гардид.

 Ба ҷаласа роҳбарони вазорату идораҳои марбута, кормандони масъули Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъват шуда буданд.

Баъди тасдиқи рӯзномаи ҷаласа муовини Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон М.Шабозов зимни шарҳу баёни баррасии масъалаи зикршуда аз ҷумла гуфт, ки солимӣ неруест, ки ба беҳдошти вазъи иҷтимоию иқтисодӣ ва инкишофи инсон шароити мусоид фароҳам меорад. Бо назардошти ин, санадҳои қонунгузории қабулгардида характери иҷтимоиро доро буда, ба фароҳам овардани шароити мусоиди зиндагӣ нигаронида шудаанд.

Аз ин рӯ, Нақшаи стратегии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба солимии репродуктивии аҳолӣ, ки бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 августи соли 2004 №348 қабул гардидааст, омили муҳимтарини суръатафзои устуворӣ, паст кардани сатҳи камбизоатӣ ва баланд бардоштани дараҷаи зиндагии аҳолӣ мебошад.

Нақшаи стратегии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба солимии репродуктивии аҳолӣ дар доираи стратегияи Бюрои Минтақавии Аврупоии Ташкилоти Умумиҷаҳонии Тандурустӣ «Саломатӣ барои ҳама дар асри XXI» дар асоси қонунҳо ва санадҳои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Тоҷикистон, бо назардошти вазъи имрӯзаи солимии репродуктивии аҳолӣ таҳия гардида, ба таъмини сифати амалҳо дар соҳаи солимии репродуктивӣ ва танзими оила нигаронида шудааст.

Бо назардошти муҳимияти масъала, Маҷлиси намояндагон зарурати муҳокимаи ошкораи парламентиро доир ба ин мавзуъ баррасӣ намуда, роҳбарияти Вазорати тандурустӣ, Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати молия ва дигар мақомоти дахлдорро даъват намудааст.

Сипас, сухан ба раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ, оила ва ҳифзи саломатӣ Хайринисо Юсуфӣ дода шуд:

- Шоистаи тазаккур аст, ки ҳамаи мо зери таассуроти нерубахши Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имрӯз яке аз масъалаҳои мубрами соҳаи ҳифзи иҷтимоӣ –солимии репродуктивӣ ва модаршавии бехавфро баррасӣ менамоем. Ғояи асосии Паёми навини Сарвари давлат –саломатии ҳамагонии миллат ва тамоми қишрҳои ҷомеа аст. Ин масъала аз масоили аввалияест, ки дар ҷадвали барномаҳои ояндаи Ҷумҳурии Тоҷикистон мақоми нахустин дорад ва татбиқи он масъулияти бузурги ҳар як шаҳрванд ва хоса вакилони парлумон аст. Дар ин самт баррасии раванди татбиқи «Нақшаи стратегии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба солимии репродуктивии аҳолӣ дар давраи то соли 2014» далели таваҷҷуҳи хосаи мақомоти ҳуқуқэҷодкунандаи давлат, аз ҷумла парлумони кишвар, мебошад.

Тавре аз маълумоти қаблан дастрасшуда маълум гардид, дар муддати татбиқи «Нақшаи стратегии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба солимии репродуктивии аҳолӣ дар давраи то соли 2014» фаъолияти амалишаванда на танҳо ба вусъат додани чорабиниҳои ҳифзи солимии репродуктивӣ, балки ба тамоми ислоҳоти сохтори идоракунии тандурустӣ, хизматрасониҳои тиббӣ, амнияти санитарию эпидемиологӣ, умуман ҳамаи соҳаҳои солимии аҳолӣ дар азнавсозӣ ва ҳамоҳангсозии вазифаҳои соҳаи иҷтимоӣ, аз ҷумла соҳаи тандурустӣ ва ҳамчунин барои тақвиятбахшии вазифаҳои асосии он нигаронида шудаанд. Қобили зикр аст, ки дар давраи амалисозии ин санади  муҳим соҳаи тандурустии кишвар ба як қатор дастовардҳои назарнамо ноил шудааст. Модели хизматрасонии сохторҳои солимии репродуктивӣ, тақвияти неруи кадрӣ, мукаммалсозии инфрасохтор, такмил ва беҳбуди таъминот бо доруворӣ, аз ҷумла маводҳои ҳозиразамони бехавфи пешгирикунандаи ҳомиладорӣ, дар асоси дастовардҳои илмӣ татбиқи усулҳои нави ташхисию табобатӣ бо истифодаи технологияҳои муосир, танзими оила, иштироки аҳолӣ дар ҳалли масъалаҳои тандурустӣ, дигар тадбирҳоро дар бар мегирад. Маҳз кӯшишҳои пайвастаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати тандурустӣ боис шуданд, ки дар ду даҳсолаи давраи истиқлолият дар натиҷаи азму талошҳои зиёд нишондиҳандаи фавти модарон ва кӯдакон мутаносибан 2,5 – 3 маротиба коҳиш ёфт.

DSC_2009Баъди зикри ин ва дигар дастовардҳои соҳаи ҳифзи саломатии аҳолӣ Хайринисо Юсуфӣ роҷеъ ба мушкилоти ҷойдошта дар раванди амалисозии рушди солимии репродуктивӣ, аз ҷумла чунин гуфт:

- Мавриди зикр аст, ки дар баробари дастовардҳои назаррас дар самти солимии репродуктивӣ имкониятҳои истифоданашаванда ва мушкилоти муайяни ба ин соҳа алоқаманд низ мавҷуданд. Мехоҳам қисме аз онҳоро номбар кунам:

1. Ҳамкории нокифояи байнисоҳавӣ вобаста ба амалисозии Нақшаи стратегии солимии репродуктивӣ. Маблағгузории  нокифояи мақомоти маҳаллӣ  ба масъалаҳои солимии репродуктивӣ. Таъминоти нокифояи муассисаҳои ёрии таваллудӣ бо об. Харобии системаи коммуникатсионӣ ва таъминоти пасти нақлиёти ҷамъиятӣ дар баъзе минтақаҳо. Ҷараёни ҳамгиройии масъалаҳои солимии репродуктивӣ, дастрасии маҳдуд ба ёрии контрасептивӣ дар сатҳи КАТС.

2. Сатҳи нокифояи иттилоотнокии роҳбарони соҳаи тандурустӣ дар бораи иҷрои Нақшаи стратегии солимии репродуктивӣ дар баъзе маҳалҳо. Корбарии нокифоя оид ба баланд бардоштани сатҳи маърифатнокии аҳолӣ вобаста ба танзими оила, нишонаҳои хатарноки ҳомиладорӣ ва таваллуд, инчунин оид ба чорабиниҳои амалишуда дар соҳаи кӯмаки таваллудӣ, ҷой доштани зоишҳои хонагӣ дар маҳалҳои дурдаст, ки боиси оризаҳои баъдитаваллудӣ дар натиҷаи кӯмаки дастнораси акушерӣ мегардад. Суръати пасти пешрафти соҳаи солимии репродуктивии мардҳо, аз ҷумла безурриётии мардона, дастгирии маҳдуди ноболиғон ва ҷавонон ба хизматрасониҳои солимии ҷинсӣ ва репродуктивӣ низ яке аз масъалаҳои мубрами соҳа мебошанд.

3. Бо сабаби норасоии захираҳо барои татбиқи Нақшаи стратегии солимии репродуктивӣ на ҳамаи бандҳои механизми амалисозӣ ва натиҷаҳои мунтазира иҷро гардиданд. Масалан, барои харидории контрасептивҳо аз ҳисоби маблағгузории буҷети давлатӣ марҳила ба марҳила ҷудо намудани маблағ пешбинӣ шуда буд, аммо то ҳол ин масъала ҳалли худро наёфтааст.

Баъди баёни масъалаҳои ҳалталаб оид ба роҳҳои ҳалли онҳо Х.Юсуфӣ чунин тавсияҳоро пешниҳод намуд:

1. Зиёд намудани маблағгузорӣ аз буҷети давлатӣ барои соҳаи тандурустӣ, аз ҷумла барои рушди хизматрасонии солимии репродуктивӣ. Ҳавасмандкунии кормандони тиббии соҳаи солимии репродуктивӣ ва татбиқи пардохти тафриқаи маблағи маоши меҳнат барои кормандони КАТС ва СР.

2. Пурзӯр намудани ҳамкории байнисоҳавӣ дар масъалаҳои солимии репродуктивӣ, аз ҷумла пешгирии вируси норасоии масунияти одам (бемории пайдошудаи норасоии масуният), бемориҳои бо роҳи алоқаи ҷинсӣ гузаранда, танзими оила, модаршавии бехавф, солимии ноболиғон, ҷавонон, рушди системаи миллии пешгирии саратони гарданаки бачадон ва ғадуди ширӣ дар мукаммалсозии заминаи моддию техникӣ, системаи коммуникатсионӣ, таъминоти обии муассисаҳои кӯмаки таваллудӣ. Беҳтар намудани роҳҳо ва соҳаи нақлиёти ҷамъиятӣ дар минтақаҳои дурдаст.

3. Интегратсияи барномаҳои амудии солимии репродуктивӣ бо кӯмаки аввалияи тиббию санитарӣ, беҳтар намудани дастрасӣ ба се намуди контрасептивҳо дар сатҳи бунгоҳҳои саломатӣ.

4. Таҷдиди назари Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи солимии репродуктивӣ ва ҳуқуқҳои репродуктивӣ» бо назардошти принсипҳои хизматрасонии аз мавқеи гендерӣ ҳассос, таъмин намудани хизматрасонии мақсаднок барои табақаҳои осебпазири аҳолӣ, аз ҷумла ноболиғон ва ҷавонон, инчунин хизматрасонии солимии репродуктивӣ барои тамоми марҳилаҳои умр.

5. Пурзӯр намудани соҳаи иттилоотии солимии репродуктивӣ тавассути зиёд намудани вақти ҳатмии пахши барномаҳо дар телевизион ва радио оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ бо таваҷҷуҳи махсус ба солимии репродуктивӣ, аз ҷумла маълумот дар бораи татбиқи технологияҳои муосири ҳифзи солимии модару кӯдак. Татбиқи соҳаи ягонаи иттилоотии идоракунии тандурустӣ, аз ҷумла кормандони роҳбар дар маҳалҳо оид ба ислоҳоти ҷоришаванда дар самти солимии репродуктивӣ, солимии модарон дар чорчӯбаи Стратегияи миллии солимии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2010-2020, ҷалби фаъоли мардҳо ба масъалаҳои солимии репродуктивӣ, интихоби иттилоотии усулҳои танзими оила ва ҳифзи солимии репродуктивӣ.

6. Такмили таҳсилоти то ва баъдидипломӣ, беҳтар намудани дастрасии кормандони тиббӣ ба таҳсилоти муттасили баъдидипломӣ (ройгон ва ё аз ҳисоби буҷети давлатӣ маблағгузоришаванда) вобаста ба солимии репродуктивӣ, танзими оила, модаршавии бехавф ва солимии ноболиғон.

Сипас, вазири тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон Нусратулло Салимов роҷеъ ба масъалаи баррасишуда муфассал суханронӣ кард.

- Ҳадафи Нақшаи стратегии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба солимии репродуктивии аҳолӣ беҳтарсозии солимии репродуктивии аҳолӣ дар асоси эътирофи ҳуқуқи репродуктивии марду зан ба огоҳ будан ва дастрасӣ доштан ба усулҳои беҳтар, самарабахш, дастрас, танзими оила ва таваллуди кӯдак, пешгирии бемориҳои бо роҳи алоқаи ҷинсӣ гузарандаро дар бар мегирад. Нақша аз шаш самти асосии фаъолият ва даҳ вазифа иборат аст, — гуфт ӯ ва идома бахшид:

- Муваффақияти татбиқи нақшаи зикргардида аз ҳамкорӣ бо дигар вазорату кумитаҳои дахлдор ва лоиҳаю барномаҳои ҳифзи саломатии модару кӯдак дар кишвар ва аз ҳалли вазифаҳои гузошташуда вобаста мебошад.

Вазорати тандурустӣ бо мақсади татбиқи нақшаи мазкур як қатор чорабиниҳоро ба анҷом расонид ва дар ин самт ҳамкории вазоратҳои маориф, фарҳанг, рушди иқтисод ва савдо, кумитаҳои телевизион ва радио, ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ, занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро зикр намудан лозим аст.

- Ҳамзамон дар самти татбиқи Нақшаи стратегӣ саҳми мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ беҳбудиро талаб менамояд, — гуфт вазир. Роҷеъ ба иҷрои вазифаҳои асосии Нақшаи стратегӣ мавсуф иброз дошт, ки дар самти интихоби репродуктивӣ, ки ба баланд бардоштани сатҳи огоҳии аҳолӣ аз ҳуқуқи онҳо ба интихоби мустақилона ва огоҳ будан нисбати миқдор ва вақти таваллуди кӯдакон, мусоидати самарабахши ноил гардидан ба муносибати масъулона ва некуаҳволии оила равона карда шудааст, аз ҷониби Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон  як қатор ҳуҷҷатҳои меъёрии ҳуқуқӣ, ба монанди «Тартиби расонидани кӯмаки контрасептивӣ дар муассисаҳои соҳаи репродуктивӣ», «Гузаронидани усули ҷарроҳии ихтиёрӣ дар байни занон», «Стандартҳои миллӣ ва дастурамал оид ба усулҳои пешгирии ҳамли номатлуб, усулҳои тазриқӣ, усули истеъмолшаванда ва воситаҳои дохилираҳмӣ», «Исқоти ҳамли бехатар ба воситаи маводи доруворӣ» ва «Ченакҳои мониторингӣ оид ба кӯмаки контрасептивӣ» таҳия ва тасдиқ карда шуд.

Бо мақсади баланд бардоштани сатҳи огоҳии аҳолӣ аз ҳуқуқи онҳо ба интихоби мустақилона ва огоҳӣ нисбати миқдор ва вақти таваллуди кӯдакон, мусоидати самарабахши ноил гардидан ба муносибати масъулона ва некуаҳволии оила ҳамасола аз ҷониби мутахассисони марказҳои солимии репродуктивии ҷумҳурӣ дар байни аҳолии ҳама шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ, аз он ҷумла занону духтарони ноҳияҳои дурдасти кӯҳистон суҳбату вохӯриҳо гузаронида мешавад. Бо ин мақсад ҳамасола барномаҳои телевизионӣ ва радиоӣ таҳия  шуда, пешкаши аҳолӣ мегардад. Дар Вазорати тандурустӣ бошад, студияи барномаи «Мадади Сино» фаъолият мекунад.

Аз ҷониби мутахассисони соҳа мунтазам дар ҳама шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ маъракаҳои кӯмаки контрасептивӣ гузаронида мешавад, ки дар ин маъракаҳо нисбати донистани ҳуқуқҳои репродуктивии занону духтарон баромадҳо карда, ба занон хизматрасониҳои контрасептивӣ пешниҳод карда мешавад.

DSC_2033Айни ҳол дар доираи Созишномаи байни Вазорати тандурустӣ ва Хазинаи аҳолии Созмони Милали Муттаҳид ҳамаи марказҳои солимии репродуктивии шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ бо маводҳои пешгирандаи ҳамл, ба монанди воситаҳои дохилираҳмӣ, ҳабҳои ҳормонӣ, маводи «Депо провера» ва маводҳои монеавӣ бо пуррагӣ (100 фоиз) таъмин мебошанд. Таъминоти ин марказҳо ҳамасола маблағи зиёда аз 200 ҳазор доллари амрикоиро ташкил медиҳад. Мутаассифона, зикр кардан лозим аст, ки харидории ин маводҳо аз ҷониби ташкилотҳои кӯмакрасон амалӣ карда мешавад.

Маблағҳои ҷудошавандаи ташкилотҳои кӯмакрасон барои хариди маводҳои контрасептивӣ сол то сол кам шуда истода, аз соли 2014 тамоман қатъ мегардад. Бинобар ин, имрӯз моро мебояд дар масъалаи ҷудо намудани маблағ барои хариди маводҳои контрасептивӣ андеша намоем.

Аз соли 2011 дар ҷумҳурӣ ду намуди нави усули пешгирандаи ҳамли номатлуби гормонии зерипӯстии «Импланон» ва «Жаделе» ворид карда шуд, ки ин интихоби аҳолиро нисбати усулҳои пешгирии ҳамли номатлуб васеъ мегардонад.

Яке аз нишондоди ба танзим даровардани таваллуд дар ҷумҳурӣ, ин миқдори заноне мебошад, ки дар фосилаи камтар аз ду сол таваллуд мекунанд. Бояд гуфт, ки соли 2002 миқдори заноне, ки дар фосилаи камтар аз ду сол таваллуд мекарданд ба 37,2 фоиз баробар буд. Тибқи нақша дар соли 2014 ин нишондод бояд ба 30 фоиз расонида шавад ва ин нишондод дар соли 2012 ба 26,1 фоиз баробар гаштааст.

Ҳамчунин зикр кардан лозим аст, ки тибқи маълумотҳои мавҷуда айни ҳол (соли 2012) шумораи миёнаи кӯдакон дар як оила то ба 3,9 нафар дар деҳот ва 3,3 нафар дар шаҳр кам гардидааст (соли 1990 шумораи миёнаи кӯдакон дар оила 6,7 нафарро ташкил медод).

Роҷеъ ба нишондиҳандаҳои асосии соҳа вазъи солимии модару кӯдак вазири тандурустӣ зикр намуд, ки бо мақсади беҳтар намудани хизматрасонии тиббӣ ба модарону кӯдакон Вазорати тандурустӣ тибқи стандартҳои байналмилалӣ технологияҳои самараноки кӯмаки перинаталиро ба таваллудхонаҳои ҷумҳурӣ ворид намуд. Ҳамчунин 30 стандарти миллӣ оид ба соҳаи акушерӣ таҳия ва тасдиқ карда шуд, ки ин стандартҳо ҷойи усулҳои табобатии куҳнашудаи бесамарро иваз намуданд.

Дар ҳамин замина дар тамоми шуъбаҳои таваллудӣ ва таваллудхонаҳои кишвар толорҳои зоишии алоҳида ташкил карда, ба зиёда аз 90 фоиз мутахассисони ҷумҳурӣ ин технологияҳо омӯзонида шуданд.

Бо назардошти он ки солҳои 2000 шумораи зиёди мутахассисони таҷрибанок ҷумҳуриро тарк карданд, Вазорати тандурустӣ омӯзонидани табибони акушер-гинекологҳоро бо малакаҳои ҷарроҳӣ ба роҳ монд. Айни замон дар муассисаҳои тотаваллудӣ ва таваллудии шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ 1350 акушер-гинекологҳо фаъолият менамоянд, ки аз ин шумора зиёда аз 35 фоизашон амалиёти ҷарроҳӣ гузаронида метавонанд.

Вазъи солимии занони ҳомила яке аз масъалаҳои афзалиятноки Вазорати тандурустӣ ба ҳисоб меравад. Тибқи таҳлилҳои Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон  ва натиҷаи ташхис дар байни занони ҳомилаи шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ бемории камхунӣ 47,0 фоиз, бемории ҷоғар 13,9 фоиз  ва бемориҳои гурда 9,8 фоизро ташкил медиҳад.

Тибқи «Нақшаи стратегии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба солимии репродуктивии аҳолӣ» нишондиҳандаи шумораи зоишҳои хонагӣ дар соли 2014 бояд то ба андозаи 25 фоиз паст карда шавад. Зикр кардан лозим аст, ки ин нишондиҳанда дар соли 2002 ба 38,7 фоиз баробар буд ва то соли 2012 ин нишондиҳанда то ба 10 фоиз паст карда шудааст. Мутаассифона, дар баъзе ноҳияҳои дурдасти кишвар то ҳол шумораи зоишҳои хонагӣ ташвишовар мебошад, ки барои ҳалли ин мушкилот амалӣ намудани чорабиниҳои лозимӣ зарур аст.

Нусратулло Салимов зимни суханронии хеш ҳамзамон масъалаҳои мубориза бо бемориҳои бо роҳи алоқаи ҷинсӣ, вируси норасоии масунияти одам ва бемории пайдошудаи норасоии масуният, зӯроварӣ ва хариду фурӯши занон, шаҳвати маҷбурӣ, саратони ғадуди шир, солимии шаҳвонӣ ва репродуктивии наврасонро ба таври муфассал таҳлил карда, роҷеъ ба мушкилоти мавҷуда ва дарёфти роҳҳои ҳалли онҳо, аз ҷумла чунин гуфт:

- Масъалаи баланд бардоштани сатҳи маълумотнокии аҳолӣ оиди солимии репродуктивӣ яке аз масъалаҳои ҳалталаби соҳа ба ҳисоб меравад, зеро аз сатҳи огоҳии занон нисбати донистани нишонаҳои хатар ҳангоми ҳомиладорӣ, назорати антенаталӣ ва муроҷиати саривақтӣ ба табибон ҳолати солимии зан вобастагии зиёд дорад. Дар ин самт мебояд ҳамкории вазорату идораҳои дахлдор, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо ва ҷомеа мустаҳкам карда шавад. Масъалаи фаъолгардонии иштирок ва баланд бардоштани сатҳи масъулияти мардон ва аҳли оила дар қабули қарорҳо оид ба масъалаҳои солимии репродуктивӣ яке аз масъалаҳои ҳалталаб ба шумор рафта, аз масъулони сохторҳои алоқаманд, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ талаб менамояд, ки ба он диққати ҷиддӣ диҳанд.

Ҳамчунин як қатор мушкилоти дигар дар соҳаи ҳифзи солимии аҳолӣ мавҷуд аст, ки ҳалли онҳо метавонад ба беҳтаргардонии сатҳу сифати зиндагии мардум мусоидат намояд, аз ҷумла беҳтар намудани таъминот бо доруворӣ ва таҷҳизот, нақлиёти санитарӣ, ворид намудани технологияҳои муосир, рушди соҳаи генетикаи тиббӣ, беҳтар намудани системаи оморӣ ва технологияи иттилоотӣ, таъсис додани марказҳои перинаталӣ барои паст намудани фавти модарон ва навзодон ва ғайра.

Дар охир вазир диққати ҳозиринро ба масъалаи маблағгузории соҳа ҷалб намуда, зикр кард, ки танҳо дар соли 2012 барои харидорӣ намудани ваксинаҳо аз ҳисоби буҷети ҷумҳурӣ ва ташкилотҳои байналмилалӣ 7 млн. 751 ҳазору 104 доллари америкоӣ (аз ин маблағ 510656 доллари америкоӣ аз Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон) ҷудо карда шудааст.

Мутаассифона, зикр кардан лозим аст, ки татбиқи «Нақшаи стратегии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба солимии репродуктивии аҳолӣ дар давраи то соли 2014» асосан аз ҳисоби маблағҳои қарзӣ, грантӣ ва ташкилотҳои байналмилалӣ амалӣ шуда истодааст. Ҳамчунин бояд тазаккур дод, ки то ҳол барои соҳаи ҳифзи саломатии модару кӯдак маблағҳои алоҳидаи буҷетӣ ҷудо намегардад. Бинобар ин, имрӯз мо бояд дар масъалаи ҷудо намудани маблағгузории мақсадноки соҳавӣ, бахусус барои хариди маводҳои контрасептивӣ, тестҳои фаврӣ барои ташхиси саривақтии вируси норасоии масунияти одам, дастрас намудани маводҳои доруворӣ барои табобати ин беморӣ ва ғайраҳо андеша намоем.

Дар робита ба масъалаи маблағгузории соҳаи тандурустӣ муовини вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Руҳулло Ҳакимов иттилоъ дод, ки ҳамасола зиёда аз 50 фоизи хароҷоти буҷети давлатӣ барои нигоҳдории муассисаҳои соҳаҳои ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, кӯмакпулиҳо, имтиёзҳо ва татбиқи ислоҳот дар ин самт равона мегарданд.

Бинобар ин, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2004 оқибатҳои ҷараёндоштаи нобаробарии гендерӣ (ҷинсӣ)-ро, ки ба саломатии занон таъсири махсус мерасонад, ба инобат гирифта, ҳамчун яке аз ҳадафҳои ислоҳот дар соҳаи тандурустӣ «Нақшаи стратегии Ҷумҳурии Тоҷикистони оид ба солимии репродуктивии аҳолӣ дар давраи то соли 2014» таҳия ва тасдиқ намуд.

Р.Ҳакимов бо камоли қаноатмандӣ изҳор кард, ки солҳои охир ҳамкории парлумони мамлакат бо Вазорати молия пайваста тақвият меёбад.

- Маҳз бо дастгирии вакилони Маҷлиси намояндагон ба мақомоти дахлдор муяссар гардид, ки ислоҳоти соҳаро роҳандозӣ намуда, оид ба беҳтар намудани солимии модару кӯдак масъалагузорӣ намоянд ва дар ҷумҳурӣ аз соли 2004 сар карда, марказҳои солимии репродуктивӣ таъсис диҳанд. Мақсади асосии Нақшаи стратегӣ оид ба солимии репродуктивии аҳолӣ ва марказҳои таъсисдодашуда ин беҳтарсозии солимии репродуктивии аҳолӣ дар асоси эътирофи ҳуқуқи репродуктивии марду зан ба огоҳ будан ва дастрасӣ доштан ба усулҳои бехатар, самарабахш, дастрас ва қобили қабули танзими оила ва таваллуди кӯдак, инчунин пешгирии бемориҳои бо роҳи алоқаи ҷинсӣ гузаранда мебошад.

Дар буҷети соли 2013 барои фаъолият ва нигоҳдории ин марказҳо 3,5 млн. сомонӣ пешбинӣ гардидааст.

Инчунин бояд хотиррасон намуд, ки аз ҳисоби буҷети давлатӣ барои фаъолият ва нигоҳдории таваллудхонаҳое, ки сметаи алоҳидаи хароҷотӣ доранд, дар соли ҷорӣ 76,2 млн.сомонӣ пешбинӣ карда шуда, дар беморхонаҳои маркази ноҳияҳо шуъбаҳои таваллуд аз ҳисоби маблағҳои барои ин беморхонаҳо пешбинигардида низ фаъолият менамоянд.

DSC_2052Буҷети давлатии соҳаи тандурустӣ дар соли ҷорӣ аз ҳисоби ҳамаи манбаъҳо 911 млн.сомониро ташкил дод, ки нисбати соли 2012-ум 195 млн.сомонӣ ё 27,2 фоиз зиёд мебошад ва 7,4 фоизи ҳаҷми умумии хароҷоти буҷети давлатӣ ва 2,2 фоизи ММД-ро ташкил медиҳад (Буҷети давлатии соли 2013-и соҳаи тандурустӣ нисбат ба соли 2006 қариб 9 баробар зиёд гардидааст), -гуфт Р.Ҳакимов.

Роҷеъ ба масъалаи баррасишуда инчунин раиси Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон Дилмурод Давлатов маълумот пешниҳод кард.

Вай зимни суханронӣ зикр кард, ки дар давраи солҳои 2006-2011 аз ҷониби мутахассисони мақомоти назорати давлатии молиявӣ дар Маркази миллии солимии репродуктивӣ се маротиба ва дар Маркази солимии репродуктивии шаҳри Душанбе панҷ маротиба санҷишҳои молиявӣ гузаронида шудааст, ки мутаносибан ба маблағи 1.5 ҳазор сомонӣ ва 5,4 ҳазор сомонӣ зарари молиявӣ ошкор ва барқарор карда шудааст.

Рафти омӯзиш ва таҳлили мавзуи мазкур нишон дод, ки «Нақшаи стратегии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба солимии репродуктивии аҳолӣ дар давраи то соли 2014» бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 августи соли 2004 таҳти №348 тасдиқ гардида, ҳамоҳангсози он Комиссияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои нуфус ва инкишоф муқаррар карда шудааст.

Бо мақсади дар амал ҷорӣ намудани талаботи Нақшаи мазкур дар муҳлати муқарраргардида Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон  ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ вазифадор гардидаанд, ки аз ҳисоби маблағҳои ҷудогардидаи буҷетӣ ва донории ташкилотҳои кӯмакрасон ҳадафҳои стратегии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар ин самт дар амал татбиқ намоянд.

DSC_2042Дилмурод Давлатов натиҷаҳои омӯзиш ва таҳлили рафти иҷрои Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба татбиқи «Нақшаи стратегии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба солимии репродуктивии аҳолӣ дар давраи аз моҳи сентябри соли 2004 то 31 декабри соли 2012»-ро ба таври муфассал бо мисолҳои мушаххас манзури вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон кард.

Дар поёни суханронии хеш Д.Давлатов барои ноил шудан ба мақсад ва афзалиятҳои миллӣ, афзалиятҳои дахлдори бахши тандурустӣ ва таъмини беҳбудии солимии репродуктивии аҳолӣ, андешидани чораҳои зеринро зарур шуморид;

1. Бо назардошти таҷрибаи пешрафтаи байналмилалӣ ва тавассути тақсимоти судманди захираҳои молиявӣ такмил додан ва татбиқ намудани ҳуҷҷатҳои барномавии амалкунанда дар соҳаи ҳифзи модару кӯдак, аз ҷумла «Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи рушди саломатии кӯдакон ва наврасон дар давраи то соли 2015», «Нақшаи миллии чорабиниҳо оид ба таъмини ҳифзи саломатии модарон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи то соли 2014» ва «Стратегияи миллии солимии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2010-2020».

2. Ташкил намудан ва дуруст ба роҳ мондани ҳамкориҳо бо ташкилотҳои байналмилалии молиявӣ ҷиҳати ба равандҳои афзалиятноки рушди системаи тандурустӣ равона намудани кӯмакҳои беруна, барқарорсозии муассисаҳои муолиҷавию профилактикӣ, бо асбобу анҷоми зарурии тиббӣ, таҷҳизот ва доруворӣ таъмин намудани онҳо ва ба ин восита беҳбудӣ бахшидан ба дастрасӣ ва сифати хизматрасонии тиббӣ.

3. Таъмини шаффофият, истифодаи мақсаднок ва самараноки кӯмакҳои беруна бо роҳи мунтазам гузаронидани мониторинги амалисозии лоиҳаҳои сармоягузорӣ аз тарафи ташкилотҳои хориҷии кӯмакрасон ва дар Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон дуруст ба роҳ мондани ҳисоботи пурраи молиявӣ оиди азхудкунии маблағҳои пешбинигардида ва азхудкардашуда аз рӯйи қисматҳои асосии лоиҳаҳо ва ғайра.

Мавсуф пешниҳод кард, ки дар оянда зимни банақшагирӣ оиди таҳти омӯзиш, таҳлил ва баҳодиҳӣ қарор додани масъалаҳои марбут ба ваколати Палатаи ҳисоб иштироки намояндаи Палатаи ҳисоб таъмин карда шавад.

Баъди шунидани ахбороти масъулони зикргардида вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Низом Қосим, Умаралӣ Ҳисайнов, Саодат Амиршоева, Лутфулло Саидмуродов оид ба масъалаи муҳокимашуда саволҳо дода, ҷавобҳои қаноатбахш гирифтанд. Сипас, вакилон Домуллоҷон Ҷабборов, Мироҷиддин Ҳакимов ва Нодира Турдиматова ба музокира баромаданд.

Дар охир мутобиқи банди 277-уми Дастури Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо назардошти таклифу пешниҳодот ва эродҳое, ки дар гузоришҳо ва саволу баромадҳо зикр гардиданд, аз рӯйи масъалаи мавриди муҳокима қарор ва тавсиянома қабул карда шуд.

Б.КАРИМЗОДА, «Садои мардум». 

Суратгир Аҳлиддин ИСОЕВ