Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паём ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон (соли 2018) саноатикунонии босуръати мамлакатро ҳадафи чоруми стратегӣ эълон намуданд. Ин дастури Пешвои миллат оқилонаю саривақтӣ буда, барои рушди иқтисодиёти миллӣ, таъмини аҳолӣ бо ҷои кору маоши муносиб, ғанигардонии буҷети давлат ва рақобатпазиргардонии иқтисоди миллӣ дар арсаи байналмилалӣ мусоидат менамояд.
Тавре маълум аст, барои раванди мунтазами истеҳсолот яке аз омилҳои асосӣ таъминоти корхонаҳои саноатӣ бо қувваи барқи доимӣ ва босифат ба шумор меравад. Маҳз аз ҳамин сабаб, баъди бакордарории чархаҳои якуму дуюми Неругоҳи барқи обии «Роғун» имконияти таъмини аҳолӣ ва корхонаҳои саноатӣ бо қувваи барқи доимӣ ва босифат пайдо гардид. Сафари аввалини кории Президенти мамлакат, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 12 октябри соли 2020 (баъди як рӯзи маъракаи интихоботи президентӣ) ба НБО-и «Роғун» сурат гирифт, ки ин бори дигар аз таваҷҷуҳи доимии Роҳбари давлат ба ин иншооти бузург шаҳодат медиҳад.
Барои амалигардонии ҳадафи чоруми стратегии миллӣ-саноатикунонии босуръати мамлакат барномаи мушаххас таҳия гардида, ситоди доимоамалкунандаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шудааст.
Самтҳои асосии рушди саноати мамлакат коркарди пурраи сарватҳои зеризаминӣ, пахта, пилла, пӯст, пашм, меваю сабзавот, алюминий ва истеҳсоли маҳсулоти сохтмонию хӯрокворӣ мебошад. Зеро коркарди пурраи маҳсулоти дар мамлакат вуҷуддошта ва истеҳсоли маҳсулоти воридотивазкунанда ва ба содиротравонгардида ба рушди саноати миллӣ мусоидат мекунад. Дар ҷаҳони муосир давлатҳои истеҳсолкунандаи молҳои соҳаи саноати вазнин-мошинсозӣ, саноати мудофиавӣ, истеҳсоли таҷҳизоти электронӣ, технологияҳои истеҳсолӣ ва ғайра дар рушди саноати ҷаҳонӣ саҳми бузург доранд. Бинобар ин, ба ташкил намудани истеҳсолоти саноати вазнин низ таваҷҷуҳи доимӣ зарур аст.
Барои ташкили истеҳсолот омӯзиши бозори фурӯши маҳсулот омили асосӣ мебошад. Аз ин рӯ, дар асоси маълумоти гумрукӣ номгӯй ва миқдори молу маҳсулоти ба ҷумҳурӣ воридшавандаро муайян намуда, дар заминаи ашёи маҳаллӣ ба роҳ мондани истеҳсолоти маҳсулоти ватанӣ зарур шуморида мешавад. Албатта, дар ҷаҳон давлате вуҷуд надорад, ки тамоми маҳсулоти саноатиро истеҳсол намояд. Лекин, марҳила ба марҳила ташкил намудани истеҳсоли молҳои серхаридор бо истифода аз ашёи ватанӣ дар заминаи технологияи муосир ба мақсад мувофиқ мебошад.
Дар баробари дигар омилҳо, идоранамоии таҷҳизоту технологияҳои муосир сатҳи баланди касбии мутахассисонро талаб менамояд. Ба ин маънӣ, аз ҷониби Пешвои миллат эълон гардидани солҳои 2020-2040 — Солҳои омӯзиши фанҳои дақиқ, риёзӣ ва табиатшиносӣ дар ҳалли ин масъала кумак хоҳад кард. Чунки маҳз инсонҳои дорои тафаккуру фикрронии техникӣ метавонанд дар корхонаҳои саноатӣ фаъолияти босамар дошта бошанд.
Ҳарчанд ки банақшагирии даврони шӯравии иқтисодиётро ҳоло баъзеҳо танқид менамоянд, бояд эътироф намуд, ки пешрафти дурусту бонизоми саноат маҳз дар натиҷаи банақшагирии стратегии илман асоснок ба даст меояд.
Рушди стихиявии соҳа боис ба зиёдшавии як намуди корхонаҳо, масалан, дӯзандагӣ, мегардад, ки аксарияти онҳо бинобар сабаби набудани фармоиш ва надоштани тарроҳону чеварони баландихтисос зуд аз фаъолият бозмемонанд. Ба ҳамин монанд, корхонаҳои коркарди аввалияи пахта низ аз зиёдшавии шумораашон ба ҳамдигар рақобати носолим намуда, дар давоми сол як-ду моҳ кор мекунанду халос. Ҳарчанд чунин ташаббуси соҳибкорон боис ба дастгирӣ бошад ҳам, фаъолияти ғайрисамараноки ин гуна корхонаҳо ба мақсад мувофиқ нест.
Барои рушди устувори соҳа зарур аст, ки дар ноҳияҳо, вобаста ба мавҷудияти ашёи хоми маҳаллӣ, захираҳои меҳнатӣ, инфрасохтори зарурӣ ва дигар омилҳо Барномаи ҳудудии таъсисдиҳии корхонаҳои саноатӣ ба нақша гирифта шавад. Инчунин, хуб мешуд, агар Ҳукумати мамлакат ноҳия ба ноҳия дар асоси таҳлилҳои дуруст бунёди корхонаҳои саноатиро ба нақша гирифта, соҳибкоронро ба ташкил намудани истеҳсолот ҳидоят менамуд. Албатта, дар марҳилаи аввал бояд дар доираи барнома барои ҳавасмандгардонии соҳибкор аз ҷиҳати ҳуқуқӣ, ташкилӣ ва иқтисодӣ кумак расонида шавад.
Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки дар ҳаҷми маҷмӯи маҳсулоти саноатии мамлакат 24,1 дарсадро истеҳсол ва тақсимоти барқ, газ, об ва гармӣ ва 17,6 дарсадро саноати истихроҷи маъдан ташкил медиҳанд. Ҳол он ки нишондиҳандаи аввал, яъне, вориднамоии истеҳсолоту тақсимоти барқ, газ, об ва гармӣ, ба категорияи маҳсулоти саноатӣ мантиқан чандон дуруст нест, зеро вазъи соҳаро ба таври воқеӣ ифода намекунад.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дурандешона содироти маъдани коркарднамударо ба манфиати умумимиллӣ мувофиқ нашуморида, дастур доданд, ки коркарди пурраи маъданҳо то маҳсулоти ниҳоӣ дар мамлакат ташкил карда шавад. Яъне, мамлакат набояд давлати содироткунандаи ашёи хом бошад, балки ба хориҷа бояд моли тайёр содирот карда шавад. Ин тарзи корбарӣ боис ба таъсиси ҷойҳои кории иловагӣ ва дарёфти маблағ аз арзиши иловашуда мегардад.
Яке аз нишондиҳандаҳои асосии баҳогузории рушди саноат дар байни мамлакатҳои ҷаҳон истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба ҳисоби миёна ба ҳар сари аҳолӣ мебошад. Дар ҷумҳурӣ ин нишондиҳанда зиёда аз 220 доллари амрикоиро ташкил медиҳад. Ҳол он ки дар давлатҳои аз ҷиҳати саноатӣ рушдёфтаи ҷаҳон ин нишондод чандин маротиб зиёд аст. Масалан, дар Ҷумҳурии Халқии Хитой зиёда аз 9 ҳазор доллар, дар Федератсияи Россия қариб 10 ҳазор доллар ба як нафарро ташкил медиҳад. Албатта, барои ба ин сатҳ расидан кори зиёдеро ба анҷом расонидан зарур аст.
Ба давлати саноатӣ-аграрӣ табдилдиҳии мамлакат, дар баробари дигар манфиатҳои иқтисодию иҷтимоӣ, инчунин, боис ба ташаккулёбии табақаи муҳими ҷомеа-синфи коргар бо тафаккури техникӣ гардида, ба шуури ҷамъиятӣ таъсири мусбат мерасонад.
Ҳарчанд давоми ҳазорсолаҳо ниёкон дар соҳаҳои адабиёт ва фанҳои ҷамъиятӣ ба дастовардҳои бузург ноил гардида бошанд ҳам, дар самти кашфиёти техникӣ дастовардҳои зиёд надоранд.
Эълон гардидани солҳои 2020 — 2040 ҳамчун Солҳои омӯзиши фанҳои дақиқ, риёзӣ ва табиатшиносӣ бо саноатикунонии босуръати мамлакат алоқаманд буда, инқилоберо барои тағйирдиҳии тафаккури ҷавонон ба сӯи омӯзиши фанҳои дақиқ ва ихтироот ба вуҷуд меоварад.
Ифтитоҳи шумораи зиёди корхонаҳои саноатӣ дар шаҳру ноҳияҳои гуногуни мамлакат шаҳодати он аст, ки бо иқдомҳои хирадмандонаи Пешвои миллат-марди саодатсозу саноатсоз Ватани азизамон дар ояндаи наздик ба давлати рӯ ба тараққии саноатӣ мубаддал мегардад.
Хайруллои АМОНУЛЛО,
раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба энергетика, саноат, сохтмон ва коммуникатсия