Конститутсия принсипи таҷзияи ҳокимиятро муқаррар кард

№131 - 132 (4714 - 4715) 03.11.2023

директори конунгуориКонститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон 6 — уми ноябри соли 1994 бо раъйпурсии умумихалқӣ қабул шуд. Он ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвандро арзиши олӣ эътироф намуда, яке аз муқаддасоти давлати соҳибистиқлоли тоҷикон мавриди эҳтироми халқи Тоҷикистон аст.

Бо директори Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, номзади илми ҳуқуқ Иззатулло Саидзода Ҳабибулло перомуни нақши Конститутсия дар рушди давлати миллӣ, аҳамияти он ҳамчун қонуни асосии кишвар, низоми қонунгузории Тоҷикистон ва раванди мутобиқнамоии санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ба Конститутсия ҳамсуҳбат шудем.

- Ба андешаи шумо, Конститутсия дар сарнавишти давлати миллӣ ва дар рушди он то кадом андоза мусоидат кард?

- Яке аз ҷанбаҳои асосии Конститутсия таъсири он ба низоми сиёсӣ мебошад. Конститутсия сохтор ва вазифаҳои мақомоти олии давлатиро муайян ва принсипи таҷзияи ҳокимият ва механизми назорати онҳоро муқаррар кард, ки дар натиҷа, низоми сиёсӣ устувор ва давлати миллии мо дар соҳаҳои гуногуни ҳаёти ҷамъиятӣ рушд ёфт ва барои тараққиёти иқтисодиёти миллӣ низ мусоидат намуд. Мувофиқи он фаъолияти озоди иқтисодӣ, соҳибкорӣ, баробарҳуқуқӣ ва ҳифзи ҳуқуқии ҳамаи шаклҳои моликият, аз ҷумла моликияти хусусӣ, кафолат дода шуд. Инчунин, Конститутсия Тоҷикистонро давлати иҷтимоӣ эълон намуда, дар тӯли 29 сол барои ҳар як инсон шароити зиндагии арзанда ва инкишофи озодонаро фароҳам овард ва дар рушди соҳаи иҷтимоӣ мусоидат кард.  Аз ин лиҳоз, ҳуқуқ ва озодиҳои асосии шаҳрвандон дар Конс­титутсия муайян, ҳифз ва баробарии онҳо дар назди қонун таъмин гардида, он механизмҳои ҳифзи ҳуқуқҳои ақаллият ва гурӯҳҳои осебпазирро танзим менамояд, ки ин ҳама муқаррарот ба рушди ҷомеаи шаҳрвандӣ ва ташаккули муҳити солими иҷтимоӣ саҳми бориз дорад.

Ҳамин тариқ, Конститутсия дар ташаккули низоми сиёсӣ, тараққиёти соҳаҳои иқтисоду иҷтимоиёт ва дигар паҳлуҳои ҳаёти ҷамъиятӣ, дар маҷмӯъ, ба рушди давлати миллӣ нақши ҳалкунанда дорад.

- Нақши Конститутсияро ҳамчун қонуни асосии кишвар дар рушди қонунгузории миллӣ чӣ гуна арзёбӣ мекунед?

- Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикис­тон ҳамчун қонуни асосии кишвар дар рушди қонунгузории миллӣ нақши муҳим дорад. Дар Конститутсия Ҷумҳурии Тоҷикистон давлати ҳуқуқбунёд эълон гардида, вазъи ҳуқуқии ҳокимияти қонунгузор, субъектони ташаббуси қонунгузорӣ ва зинаҳои (давраҳои) фаъолияти қонунгузорӣ муайян шудааст. Яъне, таҳия ва қабули қонунҳо ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ дар асос ва заминаи Конститутсия сурат гирифта, устувории низоми ҳуқуқи миллӣ таъмин гардидааст.

Пас аз қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон низоми қонунгузории давлат мунтазам ташаккул ёфта, имрӯз, тибқи феҳристе, ки дар Маркази миллии қонунгузорӣ пеш бурда мешавад, қонунҳо дар шаклҳои гуногун 396 ададро ташкил менамоянд. Айни замон, низоми қонунгузории Тоҷикистон аз Конститутсия, 17 қонуни конститутсионӣ, 21 кодекс ва 357 қонун иборат буда, дар баробари ин санадҳои зерқонунӣ, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии байналмилалӣ, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф кардааст, иборат мебошад.

- Коршиносон Конститутсияи Тоҷикистонро дар қатори 10 ­Конститутсияи беҳтарини дунё ҷой додаанд…

- Воқеан, меъёрҳое, ки Конститутсияи Тоҷикистон муқаррар кардааст, диққати олимон ва мутахассисони ҳуқуқшиноси ҷомеаи ҷаҳониро ҷалб намудааст. Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси омӯзиши таҷрибаи байналмилалӣ, урфу одати мардуми тоҷик, бо назардошти арзишҳои миллии кишвари азизамон таҳия ва қабул гардид. Тоҷикистон давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд, ­дунявӣ, соҳибихтиёр ва ягона эътироф карда шуд. Ҳамин аст, ки олимон ва мутахассисони ҷаҳонӣ ба он баҳои баланд медиҳанд. Агар мо Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро таҳлил намоем, маълум мегардад, ки дар он оид ба тамоми соҳаҳои ҳуқуқи кишвар меъёр муқаррар шудааст. Мушоҳида намудани холигӣ дар Конститутсияи мамлакатамон оид ба ин ё он соҳаи ҳуқуқ ғайриимкон аст, зеро мустаҳкамии меъёрҳои он бартарафкунандаи тамоми камбудиҳои эҳтимолист. Ба таври мушаххас ифоданамоии иродаи халқи тоҷик дар дебочаи Конститутсия  арзиши ин санади ҳуқуқиро дар миёни дигар давлатҳои ҷаҳон эътироф намуд.

Мақоми беҳтаринро додан ба Конс­титутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, пеш аз ҳама, дар он ифода меёбад, ки дар он иродаи халқи тоҷик ифода ёфтааст. Ин ҳуҷҷати тақдирсозро шаҳрвандони кишвар тавассути раъй­пурсии умумихалқӣ қабул намудаанд. Дар Тоҷикис­тон халқ баёнгари соҳибихтиёрӣ ва сарчашмаи ягонаи ҳокимияти давлатӣ буда, онро бевосита ё ба воситаи вакилони худ амалӣ мегардонад. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳокимият аз они халқ аст ва халқ онро бевосита ё ба воситаи вакилонаш амалӣ мегардонад. Мафкураи ҳеҷ ҳизб, иттиҳодияи ҷамъиятӣ, динӣ, ҳаракат ва гурӯҳе наметавонад ба ҳайси мафкураи давлатӣ эътироф шавад ва ҳаёти ҷамъиятӣ дар асоси равияҳои гуногуни сиёсӣ ва мафкуравӣ инкишоф меёбад.

Меъёрҳои Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз нигоҳи ҳуқуқӣ мустаҳкам, пурра, пайдарҳам ба ҳисоб рафта, дар танзимнамоии муносибатҳои ҷамъиятӣ нақши калон дорад. Бинобар ин, ин ҳуҷҷати тақдирсозро коршиносони байналмилалӣ дар шумори даҳ Конс­титутсияи беҳтарину мардумитарин давлатҳои узви Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо эътироф намудаанд, ки боиси ифтихори ҳар як шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон аст.

- Қонунҳое амал мекунанд, ки пеш аз замони соҳибис­тиқлолӣ қабул шуда бошанд?

- Айни ҳол чунин қонунҳо нестанд. Шояд санадҳои меъёрии ҳуқуқии зерқонунӣ бошанд. Бинобар ин, қонунгузор дар моддаи 9 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ» меъёр пешбинӣ менамояд, ки санадҳои меъёрии ҳуқуқии собиқ Иттиҳоди Ҷумҳуриҳои Шӯравии Сотсиалистӣ (ИҶШС) ва Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии (ҶШС) Тоҷикистон дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон то қабули қонун ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии дахлдор дар сурати ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф кардааст, мухолифат накарданашон, амал мекунанд.

КОЛЛАЖ- Мехоҳем суҳбатро оид ба раванди мутобиқнамоии меъёрҳои қонунгузорӣ ба Конститутсия идома диҳем. Он чӣ гуна ҷараён мегирад?

- Мувофиқи моддаи 10 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон эътибори олии ҳуқуқӣ дорад ва меъёрҳои он мус­тақиман амал менамоянд. Қонунҳо ва дигар санадҳои ҳуқуқие, ки хилофи Конститутсияанд, эътибори ҳуқуқӣ надоранд. Ин меъёри конститутсионӣ водор месозад, ки қонунгузорӣ механизмҳои доир ба таъмини волоияти Конститутсия ва мутобиқнамоии меъёрҳои он бо қонунгузориро ба Конститутсия пешбинӣ намояд.

Якчанд механизмҳое мавҷуданд:

1) Назорати конститутсионӣ — Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон назорат аз болои мутобиқати қонунҳо ва санадҳои меъёрии ҳуқуқиро ба Конститутсия амалӣ менамояд. Агар Суди конститутсионӣ қонун ё санади меъёрии ҳуқуқиро ба Конс­титутсия номутобиқ ҳисобад, онро беэътибор эълон менамояд.

2) Экспертизаи ҳуқуқӣ — пеш аз қабули қонун ё санади меъёрии ҳуқуқӣ, онҳо аз экспертизаи ҳуқуқӣ бо мақсади мутобиқ будани онҳо бо Конститутсия мегузаранд. Ин имкон медиҳад, ки қонунҳо ё ин ки санадҳои меъёрии ҳуқуқии ғайриконс­титутсионӣ қабул нагарданд.

3) Назорати судӣ — судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин, назорати риояи қонунҳоро ба меъёрҳои Конс­титутсия амалӣ менамоянд. Агар суд муайян намояд, ки қонун ё муқаррароти он бо Конститутсия номувофиқ аст, метавонад дар бораи беэътибор донистани он ба Суди конститутсионӣ муроҷиат намояд.

4) Назорати парлумонӣ — Парлумони Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуқуқ дорад, ки риояи қонунҳоро ба меъёрҳои Конс­титутсия назорат намояд. Агар қонун ба Конститутсия мувофиқат накунад, парлумон метавонад онро тағйир диҳад ё бекор намояд.

5) Назорати ҷамъиятӣ — шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуқуқ доранд, агар онҳо ҳисоб намоянд, ки ҳуқуқу озодиҳои онҳо бо қонун ё санади меъёрии ҳуқуқии ғайриконститутсионӣ поймол шудааст, ба Суди конститутсионӣ ё дигар мақомоти ваколатдор муроҷиат намоянд.

Ҳамаи ин механизмҳо имкон медиҳанд, ки раванди мутобиқнамоии меъёрҳои қонунгузорӣ ба Конститутсия таъмин ва ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон ҳифз гардад.

Ислоҳоти конститутсионӣ ба рушду таҳкими давлатдорӣ то кадом андоза мусоидат кард?

- Меъёрҳои Конститутсия абстрактӣ набуда, балки воқеан, дарҷгардида (меъёрҳои фаъол) мебошанд. Конститутсия на танҳо муносибатҳои ҷамъиятиро фаъолона танзим менамояд, балки ба таърихи навини давлат бевосита таъсир мегузорад.

Бинобар ин, бо назардошти таъмин намудани рушди бемайлону устувори ҷомеа ва амалӣ гардонидани мақсадҳои стратегии халқи тоҷик 26-уми сентябри соли 1999, 22-юми июни соли 2003 ва 22-юми майи соли 2016 тавассути раъйпурсии умумихалқӣ ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон тағйиру иловаҳо ворид карда шуд. Дар натиҷа, ин санади тақдирсоз боз ҳам мукаммал гардид, хусусан рукнҳои давлатдорӣ, ки заминаҳои зарурии ҳифзи истиқлолияти миллӣ, сулҳу субот ва ваҳдати миллиро таъмин мекунанд, устувор гардиданд.

 Дар асоси  тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон 26-уми сентябри соли 1999 дар мамлакат парламенти касбии доимоамалкунанда таъсис ёфт ва тибқи тағйиру иловаҳо муҳлати ваколати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳафт сол, муҳлати ваколати судяҳо ба даҳ сол расонида шуд.

Дар натиҷаи тағйиру иловаҳои соли 2003 инсон ва ҳуқуқу озодиҳои ӯ арзиши олӣ эълон шуданд; раъй­пурсии умумихалқӣ ва интихобот ҳамчун шакли олии ифодаи иродаи бевоситаи ҳокимияти халқ эътироф гардид; ҳизбҳои сиёсӣ чун унсури низоми сиёсӣ шинохта шуданд; ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд чун мақсад, мазмун ва татбиқи қонунҳо, фаъолияти ҳокимияти қонунгузор, иҷроия ва маҳаллӣ, мақомоти худидораи маҳаллӣ эътироф шуданд; ҳуқуқи ҳар шахс ба баррасии парванда дар суди босалоҳият, мустақил ва беғараз эълон гардид; асосҳои демократии фаъолияти ҳизбҳои сиёсӣ мустаҳкам шуданд; тарғиби бадбинии иҷтимоӣ, нажодӣ, миллӣ, динӣ ва забонӣ манъ шуд; вазифаи давлат дар соҳаи солимгардонии муҳити зист, инкишофи варзиши оммавӣ ва туризм мушаххас гардиданд; ҳуқуқи шахс ба таҳсили умумии асосии ройгон дар муассисаҳои таълимии давлатӣ ва таҳсили ибтидоӣ, касбӣ, касбии миёна ва олӣ устувор гардид; синни 25-солагӣ ва таҳсилоти олӣ барои интихоб шудан ба мансаби вакили Маҷлиси намояндагон, синни 35 ва таҳсилоти олӣ барои аъзои Маҷлиси миллӣ муқаррар шуд; асосҳои қатъи ваколатҳои аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакили Маҷлиси намояндагон мушаххас гардиданд; салоҳияти Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон ҳангоми гузаронидани ҷаласаҳои якҷоя ва дар алоҳидагӣ танзим шуданд; салоҳиятҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мушаххас гардиданд; муҳлати ваколати маҷлисҳои вакилони халқ 5 сол муайян шуд; ба низоми судӣ, Суди иқтисодии ВМКБ, судҳои иқтисодии вилоятҳо ва шаҳри Душанбе дохил шуданд.

Дар тағйиру иловаҳои соли 2016 шакли идоракунии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон пешбинӣ карда шуда, институти Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат муқаррар гардид. Синни номзад ба интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва интихоб шудан ба узви Маҷлиси миллӣ ва вакили Маҷлиси намояндагон 30-солагӣ муқаррар гардида, як қатор тағйирот оид ба вазъи мақомоти судии кишвар, тағйиру иловаҳои техникию имлоӣ ва монанди инҳо ворид шуданд.

- Ташаккур барои суҳбат.

Шариф АТОБУЛЛОЕВ,

«Садои мардум»