Ҳамовозӣ

Набояд фориғболу бетараф бошем!

№61 (4481) 21.05.2022

Мухлиси доимии матбуоти даврӣ ҳастем ва ҳар як шумораи рӯзномаи «Садои мардум» — ро варақ мезанем. Аз ҷумла, дар шумораи 8 январи соли ҷорӣ матолиби ҷолиб мутолиа намудем. Мақолаҳои Сайфиддин Суннатӣ «Давраи тиллоии нақлиёти барқӣ фаро расид», Бобоҷон Нурзод «Решапайванди Паём», Нӯъмон Низомӣ «Боргоҳи Ҳофиз — ганҷинаи бебаҳои таъриху фарҳанг» ва мақолаи Амирхӯҷа Абдураҳимов «Шаммае аз рӯзгор ва осори Ғанӣ Абдулло» — ро мутолиа карда, як ҷаҳон маънӣ бардоштем. Барои мо, ки ба таълиму тар­бияи­ насли наврас ва тарғиби фарҳангу маънавиёт машғулем, бештар мақолаи Бурҳониддин Каримзода бо номи «Акси тифл дар рӯи торт чӣ маънӣ дорад?» писанд омад.

Воқеан, масъалаи дар мақола инъикосгардида боиси нигаронист.

Роҷеъ ба базмҳои арӯсӣ бо муаллифи мақола ҳамовоз ҳастем. Мо анъанаҳои хуби базморойӣ, асбобҳои беҳтарини мусиқӣ, рақсу таронаҳои марғуби миллӣ дорем, онҳоро бояд ривоҷ диҳем. Ҳоло садои баланду гӯшхароши асбобҳои мусиқии барқӣ ва таронаҳои бемаънии баъзе ҳофизон ба ҷои роҳат бахшидан шунавандаро асабӣ месозанд.

Қаблан омодагӣ ба тӯйҳои хонадоршавӣ ҷолибу хотирмон буд. Пеш аз ба хонаи духтардор ба хостгорӣ рафтан се субҳидам модар ё хоҳари домод назди дарвозаи духтардорро мерӯфтанд. Волидайни духтар, бо дарназардошти ин розигӣ медоданд, ки ба хостгорӣ  биёянд. Шаби никоҳ дар хонаи арӯс бо иштироки дугонаҳои арӯс, дӯстони домод ва хешу ақрабо бо риояи талаботи роиҷ базм барпо мешуд. Рӯзи тӯй сурудҳои «Шаҳи мо омаде», «Шаҳ муборак бошад», «Тӯй муборак бошад» ва дигар таронаҳои  шӯху маросимӣ садо медоданд. Дар як гӯша мардон пойандоз мекашиданд, ба шарофати домоду арӯс барои кӯдакон ширинӣ мечошиданд. Қабули домод, маросими зери чодар низ хеле ҷолибу шавқоваранд. Сипас, садои мутрибону ҳофизон баланд мешуд ва зери таронаҳои «Бурор буроруш кунен», «Бурор бурор арӯса», «Гулта мебарем, барги гулта мебарем» ва ғайра арӯсро ба хонаи домод гусел мекарданд. Алҳол бошад, арӯсшаванда ба кошонаи ҳусн рафта, ду — се соат вақт сарф карда, бо маблағи калон (се — чор ҳазор сомонӣ) худро ороиш медиҳад. Сарфи маблағи зиёд барои карнаю сурнайнавозон, наворбардор, аксбардор, мошинҳои гаронарзиш, сайру тамошо идомаи мантиқии ин раванд мебошанд.

Дар ҳаёти инсон тавлиди тифл рӯйдоди фараҳбахш аст. Тифли навзод ба хонадон хурсандию шодӣ меорад, аммо хароҷоте, ки дар ин маврид мешавад, ба бисёр волидон гарон аст. Ришваситонӣ дар баъзе аз таваллудхонаҳо, маъракаороиҳои сермасраф дар хона маъмул шудааст. Дар тар­бияи кӯдакону наврасон бисёр волидон бепарвоянд. Баъзан аз забони калонсолон мешунавем, ки ба фарзандонашон мегӯянд: «Хондагиҳо чӣ шуданд, ки ту шавӣ», «Бачаи фалонӣ савод надорад, Россия рафта омад, соҳиби хонаю мошин шуд», «Мактаб­ро, ки тамом кардӣ, рав Россия». Ин гуфтаҳо хоҳ- нохоҳ ба бачаҳо таъсир мекунанд ва барои ояндаашон ҳамин «роҳ» — ҳоро интихоб менамоянд.

Шукрона, ки дар кишвари амну рушдёбанда ба сар мебарем. Пешвои миллат муҳтарам Эмома­лӣ Раҳмон саъю талошашонро баҳри пешрафти беш аз пеши Ватан, беҳбуд ёфтани рӯзгори мардум дареғ намедоранд. Вале бояд мадди назар дошт, ки дар ҷомеа камбудию норасоӣ вуҷуд дорад ва бояд баҳри ислоҳи онҳо холисона саҳм гузорем.

Шамсиддин Шаҳобиддинов,

роҳбари маҳфили театр-студияи Маркази эҷодии кӯдакон ва наврасони шаҳри Ваҳдат,

Гуландом Қаландарова,

омӯзгори МТМУ № 138