Зиндагӣ дарёст, аммо он гоҳе ором асту гоҳи дигар тӯфонӣ. Инсон бояд шиновари хуб бошад, ки тану ҷонро ба дарё биёмезад. Гоҳе бо мавҷҳое хурӯшон ба авҷ раваду гоҳи дигар ба қаъри он ғӯта занад ва дурру гавҳар ба каф орад. Навори дарёи зиндагӣ мисли навори филм аст. Дар он саҳифаҳои умр сабт мешаванд. Ҳар чӣ, ки аз сар мегузарад, дар он навор акс ёфта, барои оянда маҳфуз мемонад.
Одамон рӯзгорро зинат мебахшанд. Роҳ бунёд менамоянд, шаҳр месозанд, маъдан истихроҷ мекунанд, даштҳои ташналабро обёрӣ карда, ба боғу бӯстон мубаддал мегардонанд. Адибон асар эҷод мекунанд, олимон кашф месозанд… Ҳамин тавр, ҳаёт босуръат пеш меравад. Замон ба ақиб барнамегардад. Бинобар ин, умрро ғанимат мегӯянд, таъкид месозанд, ки ба қадраш бирасем. Шоир ҳам таъкид кардааст:
Зиндагонист мисли кӯҳистон,
Ҳар хамаш сад хами дигар дорад.
Дар паси ағбаҳои мушкилгард,
Ағбаҳое баландтар дорад.
Соли 1948. Ҷанги Бузурги Ватанӣ се сол пеш хатм ёфтаву дар мамлакат барқароркунӣ босуръат идома дошт. Одамон барои фардои дурахшон талош меварзиданд. Дар ноҳияи Қалъаихумб (ҳоло Дарвоз) низ мардум бори вазнини ҷангро аз дӯш партофта, зиндагии осудаҳолона доштанд. Дар мактаби миёнаи рақами 1, ки номи И. В. Сталинро дошт, 100 талаба бо умеду орзу таҳсил менамуданд. Дар миёни онҳо писараки қобилу дидадаро Назриддин ҳам мехонду бо савияи дониш аз дигарон фарқ мекард.
Он даврон зиндагӣ мушкили фаровон дошт. Бори рӯзгорро бардоштан осон набуд. Бинобар ин, на ҳар кас имкон дошт таҳсилро идома диҳад. Ба ҳамин хотир, аз он сад нафари зикршуда 42 кас соли 1958 мактабро хатм намуданд. Дар миёни онҳо Назриддин ҳам буд.
Ҳар инсон на танҳо дар зиндагии шахсӣ, балки дар ҳаёти ҷомеа низ нақш мегузорад. Аммо нақши одамони одӣ аксар вақт аз назарҳо пинҳон мемонад, вале агар амиқтар биандешем, дарк месозем, ки онҳо корҳои бузургро дар баробари давлату миллат анҷом медиҳанд. Назриддин ҳам аз ҳамон қабил инсонҳои шариф аст.
Вай баъди хатми мактаб ду сол дар колхози ба номи И. В. Сталин заҳмат кашид. Сипас, барои идомаи таҳсил ба шаҳри Душанбе омад. Он солҳо мамлакат ба табиб ниёз дошт, бинобар ин, Назриддин ҳуҷҷатҳояшро ба бахши дорусозии Омӯзишгоҳи тиббии шаҳри Душанбе супорид.
Соли 1963, баъди хатми омӯзишгоҳ ба зодгоҳ баргашт. Ӯро бо хушҳолӣ пешвоз гирифтанд. Азбаски табибони касбӣ дар Қалъаихумб ангуштшумор буданд, ӯ мутахассиси зарурӣ ба ҳисоб мерафт. Китобу дастур, умуман, адабиёти илми дорусозӣ камёфт буданд. Вале Назриддин сарсупурдаи пешаи интихобкарда буд. Вай барои дар кор муваффақ шудан талош кард. Китобҳои дорусозиро ҷустуҷӯ намуд. Агар дар матбуоти даврӣ мақолае дар бораи дорусозӣ нашр мешуд, онро ҳатман мутолиа ва дар раванди фаъолият истифода менамуд. Истеъдод ва талоши ӯро дида, мудири дорухонаи марказии №51 таъин карданд.
Қаҳрамони матлаб дар миёни мардум чун дорусоз ном баровард. Вай собитқадамона дар ин ҷода пеш мерафт. Хурду калон эҳтиромаш мекарданд. Зеро заҳмати ӯ натиҷа медод, фаъолияти пурсамарашро ба назар гирифта, ба нишони сарисинагии Аълочии нигоҳдории тандрустии ИҶШС (СССР) сазовор донистанд. Барои вай ин қадрдонӣ рӯҳу илҳоми тоза бахшид.
Замоне ки артиши Иттиҳоди Шӯравӣ ба хоки Афғонистон даромад, Назриддин серкортар шуд. Ҷанг дар хоки кишвари ҳамсоя авҷ гирифт, сарбози зиёде қурбону захмдор гаштанд. Сари вақт бо дору таъмин кардани размандагон муҳим буд. Ба ин кор Назриддин ҳам ҷалб гашт. Вай барои наҷот додани ҷони садҳо сарбози захмдор дорувориро бандубаст карда, ба ҷабҳа мефиристод. Ин фаъолияти вай низ беподош намонд. Ӯро сазовори нишони сарисинагии «Аълочии Қӯшунҳои сарҳадии ИҶШС» дараҷаи якум донистанд. Вай аз он шод гашт, ки барои ҳифзи саломатии афсарону аскарон самимона хидмат кард. Интизор набуд, ки кораш қадрдонӣ мешавад.
Назриддини Нидо аз зумраи касоне буд, ки хидмат ба Ватану миллатро вазифаи муқаддас мешуморид. Кору амали софдилонааш низ аз назарҳо ғоиб намемонд. Ҳамин фаъолияти пурсамараш буд, ки ӯро вакили Анҷумани якуми дорусозони РСС Тоҷикистон интихоб намуданд. Инчунин, вай барандаи медали хотиравии 130-солагии И. В. Сталин мебошад, ки аз ҷониби Федератсияи Россия қадрдонӣ шудааст. Дорандаи унвони Дорусози дараҷаи аввал буду бо медали хотиравии 70-солаги ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ сарфароз гаштааст.
Ман ин марди наҷибро хуб мешинохтам. Инсони суҳбаторову нуктадон буд. Аз дидори дӯстон шод мегашт. То соли 2017 мудирии дорухонаи рақами 51- и маркази ноҳияи Дарвозро ба уҳда дошт. Вақтҳои охир аз кам мондани сафи рафиқону ҳамсолон шикоят мекард. Онҳоро бо некӣ ба хотир меоварду дар бораашон суханони нек мегуфт. Ниҳоят, худ низ беш аз як сол қабл дори фониро падруд гуфт, вале номи неку кори некашро ба ёдгор гузошт.
Абдураҳмон СУЛАЙМОНӢ,
ноҳияи Дарвоз