Чанде пеш котиби генералии Созмони ҳамкории Шанхай Владимир Норов ва намояндагони дипломатии 20 давлат ба вилояти мухтори Синзян Уйғури Хитой сафар карданд. Бино ба маълумоти хабаргузориҳои маҳаллӣ, онҳо дар Урумчи ва Қашғар намоишгоҳи мубориза бахшида ба терроризму экстремизмро аз назар гузаронида, бо мақомот ва сокинони маҳаллӣ суҳбат анҷом доданд.
Зикр гардид, ки давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай аз густариши терроризму экстремизм дар минтақа ва ҷаҳон нигаронанд, зеро он ба амнияти байналмилалӣ, тамомияти арзии давлатҳо, рушди муносибатҳои дӯстонаи байни онҳо, инчунин, амалӣ намудани ҳуқуқ ва озодиҳои асосии инсон таҳдид мекунад.
Ёдовар шудан бамаврид аст, ки масъалаи муборизаи якҷояи аъзои созмон бар зидди терроризм, ҷудоиандозӣ ва экстремизм дар ҳама шакл, инчунин, мубориза бар зидди гардиши маводи мухаддир ва яроқ, дигар намудҳои фаъолияти ҷиноии фаромиллӣ ва муҳоҷирати ғайриқонунӣ яке аз вазифаҳои асосии СҲШ ба ҳисоб рафта, дар банди аввали Хартияи он дарҷ шудааст.
Фароҳамсоз Шарофат АБДУЛВОҲИДОВА,
«Садои мардум»