Проблема ва мулоҳиза

Пули обу барқро ба нозир диҳем ё ба «Амонатбонк» супорем?

№136 (4242) 03.11.2020

Замони Иттиҳоди Шӯравӣ дар ҳар деҳа хаткашон буд, ки мардум ба ӯ ҳар моҳ пули масофаи барқ ва «радиои панҷсӯма»- ро месупориданд. Ӯ маблағи ҷамъшударо ба шуъбаи алоқа супурда, ба муштариён расид (квитансия) меовард. 

Ҳоло вазъият дигар аст. Дар маҳаллаи Бобоҷон Ғафурови шаҳри Ҳисор шаш сол пеш Искандар ном нозири барқи хушмуомила фаъолият мекард. Сокинони маҳалла ҳар моҳ маблағи барқи истифоданамудаашонро ба ӯ дода, расид  мегирифтанд. Ҳоҷати ба бонк рафта, навбат истодан набуд. Пас аз Искандар нозирон зуд — зуд иваз шуданд, вале мисли ӯ ба боварии мардум сазовор шуда натавонистанд.

Шоми 23 октябри соли равон аз шаҳри Душанбе ба Ҳисор бармегаштам, ки ҳамсарам телефон карда гуфт: — Ҳангоми дар ҷойи кор буданамон нозири барқ барои хотири қарзи  думоҳа хати барқро буридааст.

Табъам хира шуд, зеро ҳамсояҳо медонанд, ки тайи 22 соли дар маҳаллаи зикршуда зиндагӣ  кардан ҳар моҳ маблағи барқу об, партов ва канализатсияро аз ҳама пеш месупорем. Сабаби таъхир ивазшавии нозир буд. Мо танҳо ба он хотир, ки нозир барои бештар супурдани маблағ «бонус» (иловапулӣ) мегирад, маблағро ба ӯ медодем.

Субҳи рӯзи дигар маблағи масрафи барқро  супоридаму нозир дарҳол омада, сими барқро  васл кард. Ҳамон рӯз азм кардам, ки минбаъд пули истифодаи барқро танҳо ба марказҳои хизматрасонии филиали дар шаҳри Ҳисорбудаи БДА Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк» супорам.

Чунин мушкилӣ дар ҷамъоварии маблағи истифодаи об низ ҷой дорад. Масалан, дар деҳаи Муъминободи шаҳри Ҳисор аз давраи шӯравӣ маб­лағи истифодаи обро сарикасӣ  месупориданд. Дар ин замина исрофкорӣ дар истифодаи об ҷой дошт. Иддае обро, ба қавле, «бебаркаш» истифода бурда, маҳкам намудани ҷумакро фаромӯш мекарданд. Ду сол пеш дар ҳар хона ҳисобкунак гузоштанд. Акнун сокинон сарфакор шуда, фишори об то дараҷае баланд шуд, ки дар назди мактаби деҳа (МТМУ №30) шаш маротиба лӯлаи об кафид. Солҳои пеш ҳодисаҳое ҷой доштанд, ки нозирон маблағро аз сокинони деҳа гирифта, расид додаанду пулро ба суратҳисобашон нагузаронидаанд.

Ҳоло нозирон аз сокинони деҳа талаб доранд, ки ҳар кадом таҷҳизоти  обҳисобкунакро аз санҷиш гузаронанд. Агар онҳоро ба лабораторияи  минтақавии  дар шаҳри Турсунзодабудаи Агентии стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баранд, вақту маблағи зиёдро сарф кардан лозим меояд. Аз ин рӯ, барои муштариён обченкунакро ба Озмоишгоҳи ҳисобкунакҳои барқии шаҳри Ҳисор супурдан қулайтар аст. Тавре санҷишгари озмоишгоҳи мазкур Савриддин Саидов иброз дошт, маблағи гирифтани шаҳодатнома дар бораи санҷиши мутобиқати давлатии воситаи ченкунӣ 46 сомонӣ буда, барои бурда овардани таҷҳизот 4 сомонӣ роҳкиро гирифта мешавад.

Хулоса ин аст, ки ба мардум фаҳмондан лозим, то оянда маблағро на ба нозирон, балки ба бонк супоранд. Ҳоло дар вилояти Суғд ва шаҳри Душанбе бисёриҳо маблағи истифодаи барқу хизматрасониҳои  коммуналиро тавассути телефони мобилӣ пардохт мекунанд.

Хуб мешуд, ки намояндаҳои бонкҳо дар маҳалҳо бо мардум вохӯрда, роҳҳои осони пардохтро фаҳмонанд.

С. АМИНИЁН,

«Садои мардум»