- Ҳоло дар 118 кафедраи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон 1310 омӯзгор, аз ҷумла, 180 доктори илм ва 545 номзади илм, барои пешбурди фаъолияти таълимию методӣ ҷалб шудаанд. Инчунин, дар донишгоҳ 13 академик ва 12 узви вобастаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон фаъолият доранд. Шумораи донишҷӯён 25 ҳазору 746 нафар буда, аз онҳо 18 ҳазору 775 нафарро донишҷӯёни шуъбаи рӯзона, 5538 касро донишҷӯёни шуъбаи ғоибонаю таҳсилоти фосилавӣ ва 1433 нафарро магистрону докторантон ташкил медиҳанд, — иттилоъ дод ректори донишгоҳ Қобилҷон Хушвахтзода зимни нишасти матбуотӣ, ки дуюми феврали соли равон баргузор шуд.
Ҳамчунин, доир ба самти таълиму тарбия, илму истеҳсолот, муносибатҳои байналмилалӣ ва корҳои хоҷагию молиявии донишгоҳ маълумоти муфассал пешниҳод гардида, зикр шуд, ки пас аз омӯзиш ва пешниҳоди ҳуҷҷатҳои дахлдор Шӯрои Агентии сифати таҳсилоти олӣ ва касбӣ дар Эстония (EKKA) Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро мувофиқ ба талабот ва стандартҳои таҳсилоти аврупоӣ эътироф кард.
Маълум шуд, ки EKKA аккредитатсияи муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ва баҳодиҳии сифати барномаҳои таълимиро дар Эстония ва дигар давлатҳои хориҷа анҷом медиҳад. Бо ин мақсад 9 — 15 ноябри соли 2020 гурӯҳи коршиносони байналмилалӣ ба ДМТ ташриф оварда, фаъолияти онро пурра мавриди омӯзишу таҳлил қарор дода, ба талаботи аврупоӣ ҷавобгӯй буданашро санҷиданд.
Зикр гардид, ки Донишгоҳи миллии Тоҷикистон аввалин муассисаи таҳсилоти олии касбии Тоҷикистон маҳсуб меёбад, ки аз аккредитатсияи институтсионалии аврупоӣ пурра гузаштааст.
Б. КАРИМЗОДА,
«Садои мардум»