Аз нишастҳои матбуотӣ

Муҳоҷирати меҳнатӣ 76 ва бозгашт аз он 78 дарсад кам шуд

№22 (4284) 18.02.2021

ШИРИН АмонзодаМоҳҳои январ-ноябри соли 2020 музди миёнаи меҳнати кормандони соҳаҳои иқтисодиёти ҷумҳурӣ 1377,17 сомониро ташкил дод, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2019-ум 3,9 дарсад зиёд мебошад. Ин нуктаро вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ширин Амонзода 11 феврали соли равон зимни нишасти матбуотӣ зикр кард.

Бино ба гуфти ӯ, бо мақсади таъмини назорати давлатӣ ва санҷиши риояи муқаррароти қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ фаъолияти 1928 субъекти хоҷагидор мавриди санҷиш қарор гирифт. Дар натиҷа, 8489 қонунвайронкунӣ ошкор гардида, 6411 ҳолат ба масъалаҳои меҳнат, 1218 ба бехатарии меҳнат ва риояи стандартҳо, 297 ба муҳоҷират ва 563 ҳолат ба шуғли аҳолӣ иртибот доранд. Дар маҷмӯъ, соли сипаришуда бо дахолати Хадамоти назорати давлатӣ дар соҳаи меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ 31,5 миллион сомонӣ ба буҷет ва шаҳрвандон пардохт шуд.

Соли гузашта 129 807 шаҳрванди кишвар ба муҳоҷирати меҳнатӣ рафтаанд, ки нисбат ба соли 2019-ум 170477 нафар ё 76 дарсад кам буда, 117912 нафари онҳо ба Федератсияи Россия ва 4574 нафар ба Ҷумҳурии Қазоқис­тон сафар кардаанд. Бозгашти муҳоҷирони меҳнатӣ ба Ватан дар ин давра 90333 нафарро ташкил дода, дар қиёс соли пеш 78 дарсад кам мебошад.

- Айни ҳол дар ҷумҳурӣ 19 субъекти хоҷагидор дорои иҷозатнома оид ба интиқоли қувваи кор буда, 9 субъект фаъолияти хуб доранд. Аз ҷониби онҳо 1071 нафар дар хориҷи кишвар, аз ҷумла, Федератсияи Россия, Қазоқистон ва Ҷумҳурии Полша, ба кор таъмин гардиданд, — зикр кард Ширин Амонзода.

Маълум гардид, ки соли 2020 аз тарафи шахсони ҳуқуқӣ ва воқеӣ зиёда аз 193 ҳазор ҷойи кори доимӣ ва мавсимӣ таъсис ёфтааст.

Шариф АТОБУЛЛОЕВ,

«Садои мардум»