Аз нишастҳои матбуотӣ

Намоишгоҳи маҳсулоти Тоҷикистонро 7000 нафар тамошо карданд

№18 (4280) 09.02.2021

Ҷумъахонзода Ҷамшед ҶурахонСоли сипаришуда бо кӯшиши роҳбарият ва кормандони масъули сохторҳои Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикис­тон дар ҳамкорӣ бо ширкату корхонаҳои ҷумҳурӣ 18 намоишгоҳ ташкил шуд.

Раиси Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамшед Ҷумъа­хонзода зимни нишас­ти матбуотӣ 3  феврали соли равон зикр кард, ки бо назардошти вазъи эпидемиологӣ дар ҷаҳон, бо мақсади муаррифии молу маҳсулоти ватанӣ дар хориҷи кишвар, рушди содирот, дарёфти шарикони ҳамкор, ҷалби сармоя, таъсиси  корхонаҳои муштарак Палата бори аввал Намоишгоҳи фосилавӣ (онлайн)-и «Made in Tajikistan»-ро бо забонҳои русӣ ва англисӣ баргузор намуд. Он аз 26 ноябр то 17-уми декабри соли 2020 баргузор гардида, 150 ширкати ватанӣ молу маҳсулотро муаррифӣ намуданд. Мувофиқи маълумоти оморӣ, зиёда аз  7000 нафар аз кишварҳои дуру наз­дик аз намоишгоҳ дидан карданд.

Ҳамчунин, Палата бо дастгирии «Лоиҳаи тиҷоратикунонии соҳаи кишоварзӣ», ки аз ҷониби Бонки ҷаҳонӣ маб­лағгузорӣ мешавад, иштироки  ширкатҳои ватаниро дар Намоишгоҳи 27-уми байналмилалии озуқаворӣ, нӯшокӣ ва барои истеҳсоли ашёи хом «Прод Экспо-2020», ки дар Маркази намоишгоҳи «Экспоцентр»-и шаҳри Москваи Федератсияи Россия 10 — 14 феврали соли сипаришуда баргузор гардид, таъмин намуд.

- «Прод Экспо-2020» бузургтарин намоишгоҳи байналмилалии озуқаворӣ ва нӯшокиҳо дар Федератсияи Россия ва Аврупои Шарқӣ ба ҳисоб рафта, дар он зиёда аз 2600 молистеҳсолкунанда аз 70 кишвар, аз ҷумла Беларус, Гурҷис­тон, Туркия, Федератсияи Россия, Қазоқистон, Ҳиндустон, Германия, Хитой, Нидерландия, Ӯзбекистон, Уругвай ва дигар  мамлакатҳои ҷаҳон, ширкат варзиданд. Аз ҷумҳурии мо дар он беш аз 10 ширкат иштирок намуда, нӯшоба, меваҳои хушк, лимӯ, меваю саб­завоти  консервашударо ба намоиш гузоштанд ва соҳиби ҷойи якуму медал гардиданд,- гуфт Ҷамшед Ҷумъахонзода.

Алҳол дар давлатҳои хориҷи дуру  наздик 7 намояндагии Палата фаъолият намуда, ба рушди робитаҳои иқтисодӣ ва тиҷоратии ҷумҳурӣ бо  ин давлатҳо мусоидат менамоянд. Дар оянда Палата мақсад дорад, ки намояндагиҳоро дар Япония, Германия, Беларус, Россия, ИМА низ ифтитоҳ кунад. Соли 2020 ба узвияти Палата 79 корхонаю ташкилоти нав ҷалб гардида, шумораи умумиашон ба 831 адад расид.

С. АМИНИЁН,

«Садои мардум»