Эътироф бояд кард, ки баргузории нишастҳои матбуотӣ, ки идомаи мантиқии ғамхориву таваҷҷуҳи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба аҳли қалам маҳсуб мешавад, журналистон ва тавассути онҳо аҳли ҷомеаро дар шинохти мансабдорони раддаи аввал амиқтар мебарад. Шояд дар олам кам кишваре мавҷуд аст, ки роҳбари он аз тариқи фармони алоҳида мансабдоронро муваззаф намудааст, то мунтазам ба назди журналистон бароянд ва ҳисобот диҳанд.
Ҳифзи бозори истеъмолӣ, такмили малакаи кормандон, фаъолияти озмоишгоҳҳо, сатҳу сифати корҳои фаҳмондадиҳӣ ва тақдири минбаъдаи маҳсулоти ғайристандартии ошкоршуда аз мавзӯъҳои меҳварии нишасти матбуотии Агентии «Тоҷикстандарт» буд.
Дар он, ки 21 июли соли 2022 баргузор гардид, директори агентӣ Темурҷон Абдулваҳҳобзода якҷо бо зердастон ба саволҳои журналистон посухҳои муфассали бо далелу рақам асоснок доданд.
Бо истинод ба факту арқоми пешниҳодгардида метавон гуфт, ки дар шаш моҳи аввали соли ҷорӣ фаъолияти кормандони агентӣ қобили мулоҳиза ва арзандаи ситоиш аст.
Ба иттилои директори Агентии стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдо Темурҷон Абдулваҳҳобзода тайи шаш моҳи аввали соли равон дар озмоишгоҳҳои ташхисии маҳсулоти ғизоии агентӣ аз рӯи сифату бехатарӣ ва тамғагузорӣ 4645 кг маҳсулоти гӯштӣ, 5621 кг равған, 3797 литр нӯшокиҳои спиртӣ ва ғайриспиртӣ, 1316 кг маҳсулоти қаннодӣ, 300 кг маҳсулоти ширӣ, 16 984 кг иловагиҳои ғизоӣ, 700 кг қанду набот, асал, 11960 кг намак, 500 850 кг ғалладонагӣ, 400 кг консерва, 3 ҳазору 211 кг меваи хушк, 142 88 дона тухм ва дигар маҳсулоти ғайристандартӣ эътироф гардида, мутобиқи тартиби муқарраргардида нисбат ба субъектҳои хоҷагидор чораҳои маъмурӣ андешида шуданд.
Инчунин, дар натиҷаи гузаронидани назорати давлатӣ 619 386 кг маҳсулоти гуногуни ба талабот ҷавобгӯнабуда (аз ҷиҳати бехатарӣ ва аз рӯи тамғагузорӣ дар борҷома) ба қайд гирифта шуд. Дар ин давра маҳсулоти ғайрихӯроквории гуногун, аз қабили маводи шустушӯӣ, тамоку, масолеҳи сохтмонӣ, фурӯзонакҳои тафсону каммасраф, антифриз, маводи парфюмерӣ, тамғакоғаз, селитра ва бозичаҳо бо сабаби ҷавобгӯ набудан ба талаботи меъёрӣ аз муомилот гирифта, барои нобудсозӣ ё коркарди дубора пешниҳод гардиданд.
Дар самти ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон, таъмини риояи талаботи ҳуҷҷатҳои меъёрии техникӣ дар раванди гузаронидани назорати давлатӣ дар субъектҳои хоҷагидории ҷумҳурӣ аз тарафи мутахассисони агентӣ барои риоя накардани талаботи ҳуҷҷатҳои меъёрии техникӣ, вориду фурӯши маҳсулоти пастсифат ва хатарнок, риоя накардани ҳуқуқи истеъмолкунандагон дар 2 ҳазору 550 ҳолат ба маблағи беш аз 624 ҳазор сомонӣ ҷарима таъин ва ба буҷети давлат пардохт шуд.
Далер АБДУЛЛО,
«Садои мардум»