Мулоқоти Пешвои миллат бо зиёиёни мамлакат

№32 (3669) 22.03.2017

20 марти соли 2017 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Кохи Наврӯз дар арафаи ҷашни фархундаи Наврӯзи байналмилалӣ бо зиёиёни мамлакат мулоқоти самимию судманд баргузор намуданд.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аҳли толор, кулли мардуми Тоҷикистон ва ҳамватанони бурунмарзиро бо ин ҷашни хусравонӣ самимона шодбош гуфта, оид ба эҳёи Наврӯзи бостонӣ ва хусусиятҳои хосу барҷастаи он, ки дар даврони соҳибистиқлолии кишвар ба яке аз дӯстдоштатарин ҷашнҳои миллии сокинони Тоҷикистони биҳиштосоямон табдил ёфтааст, андешаронӣ карданд ва изҳори бовар намуданд, ки зиёиёни тоҷик барои тарғибу таблиғи мунтазами суннатҳои ин ҷашни бостонӣ, оммавӣ гардонидани ғояву арзишҳои ҷовидонаи он ва ба ин восита таҳким бахшидани пояҳои фарҳангии зиндагии ҷомеаи мо талош меварзанд.

Доир ба соҳаи фарҳанг, ки ба беҳдошти дунёи маънавии инсон таъсири амиқ мегузорад, зарур шумурда шуд, ки аҳли эҷоди кишвар — олимон, ходимони адабиёт, театр, санъати тасвирӣ, мусиқӣ, кино ва дигарон, бо дарназардошти рисолати инсонсози фарҳанг, ба рушди ҳамаҷониба ва мунтазами он таваҷҷуҳи боз ҳам бештар зоҳир намоянд.

Сипас, як қатор иштирокчиёни мулоқот — Фарҳод Шокиров — докторанти Институти физикаву техникаи ба номи С. Умарови Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Мафтуна Назирова — адиби ҷавон, корманди ҳафтавори «Адабиёт ва санъат», Моҳпайкар Ёрова — ҳунарпешаи Театри давлатии ҷавонон ба номи Маҳмудҷон Воҳидов, Бузургмеҳри Баҳодур — адиби ҷавон, корманди рӯзномаи «Ҷумҳурият», Дилшод Раҳимов — муовини директори Пажӯҳишгоҳи илмӣ — тадқиқотии фарҳанг ва иттилооти Вазорати фарҳанг, Рафоати Файзалӣ — раиси Шӯрои духтарони Клуби волонтёрони Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Набизода Набӣ —  директори Муассисаи давлатии телевизиони «Синамо» баромад карда, доир ба дастгириҳои амиқи Пешвои миллат аз рушди бахшҳои иҷтимоӣ, ҷонибдории ташаббусҳои аҳли зиёи мамлакат ва дигар тадбирҳои созандаи Ҳукумати кишвар ибрози назар намуданд.

 www.president.tj