29 сентябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Берлин дар ҳошияи Вохӯрии якуми сарони давлатҳои “Осиёи Марказӣ ва Ҷумҳурии Федеративии Олмон” бо ноиби кантслери Ҷумҳурии Федеративии Олмон, вазири федералии иқтисодиёт ва ҳифзи иқлим Роберт Хабек мулоқот карданд.
Дар рафти мулоқот маҷмӯи масоили ҳамкории Тоҷикистону Олмон мавриди баррасӣ қарор дода шуд.
Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид доштанд, ки густариши ҳамкориҳои тиҷоратӣ, иқтисодӣ ва сармоягузорӣ бо Ҷумҳурии Федеративии Олмон ба манфиати ҷонибҳо хоҳад буд.
Ҷонибҳо зимни мулоқот дарёфти роҳҳои нави ҳамкорӣ дар самтҳои ояндадори тиҷоратию иқтисодӣ, саноати кӯҳию хӯрокворӣ, кишоварзӣ, содироти маҳсулоти кишоварзӣ, нассоҷӣ ва масолеҳи сохтмонӣ, ҷалби сармоя ва технологияи пешрафтаи Олмон ба иқтисодиёти Тоҷикистонро муҳокима карданд.
Барои таҳкими ҳамкориҳои гуногунҷабҳа татбиқи лоиҳаҳои сармоягузорӣ, рушди инфрасохтори сайёҳӣ ва соҳибкорӣ зарур шумурда шуд.
Дар рафти мулоқот ҷонибҳо ҳамчунин ба масъалаҳои муҳитизистӣ, бахусус татбиқи ташаббусҳои обу иқлимии Тоҷикистон таваҷҷуҳ зоҳир намуда, таъкид карданд, ки минбаъд низ ҳамкориҳои судмандро дар ин замина идома хоҳанд дод.