Вохӯрии Пешвои миллат бо Абдурризо Раҳмонии Фазлӣ

№25-26 (4287-4288) 25.02.2021

50972811991_047bd68cfb_o23 феварли соли 2021 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вазири кишварии (корҳои дохилии) Ҷумҳурии Исломии Эрон Абдурризо Раҳмонии Фазлиро ба ҳузур пазируфтанд.

Зимни суҳбат ҷанбаҳои алоҳидаи муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Эрон, бахусус ҳолат ва дурнамои ҳамкориҳои ҳар ду кишвар дар соҳаи амниятӣ мавриди баррасӣ қарор гирифта, таъкид шуд, ки то ба ҳол миёни кишварҳо зиёда аз 160 санади ҳамкории дуҷониба, аз ҷумла Ёддошти тафоҳум оид ба усул ва чаҳорчӯби ҳамкории дуҷониба дар соҳаи амният, ба имзо расид, ки заминаи ҳуқуқии муносибатҳои ҷонибҳоро ташкил медиҳанд.

Пешвои миллат, ҳамчунин, татбиқи ҳамаҷонибаи санади дар соҳаи амниятӣ баимзорасидаро, ки ҷиҳати тақвияти ҳамкориҳои байни мақомоти умури дохилии ҳар ду кишвар заминаи мусоид фароҳам овардааст, зарур шумурда, таваҷҷуҳи ҷониби Эронро ба аҳамияти иҷрои фаъоли муқаррароти санади зикршуда ҷалб карданд.

Дар пасманзари пандемияи коронавирус мавзӯи зуҳуроти буҳрони шадиди иқтисодиву молиявии ҷаҳонӣ, ки бешубҳа, ба вазъи кунунӣ ва ояндаи кишварҳои минтақа ҷиддан таҳдид мекунад, баррасӣ гардида, ҷонибҳо дар бораи иқдомҳои амалии ҳукуматҳои ҳар ду кишвар ҷиҳати мубориза бо пандемия мубодилаи иттилоъ намуданд.

Инчунин, дар хусуси масъалаҳои умдаи шиддат гирифтани рақобатҳои геосиёсӣ ва таҳдиду хатарҳои замони муосир ба амнияти ҷаҳонӣ ва минтақавӣ низ суҳбат шуд.

www.president.tj