https://sadoimardum.tj

Аз Шурои Маҷлиси намояндагон

№:148 (5044), 16 дек 2025, 18:32
0

Понздаҳуми декабри соли 2025 таҳти раёсати Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Файзалӣ Идизода ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.

Дар он масъалаҳо «Дар бораи лоиҳаи Қарори якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тартиби кори Ҷаласаи якуми якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати ҳафтум», «Оид ба лоиҳаи Қарори якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзномаи Ҷаласаи якуми якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати ҳафтум», «Дар бораи лоиҳаи Қарори якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба тасдиқ намудани Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи аз вазифаи вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон озод намудани Ҳасанзода Г. К.», «Дар бораи лоиҳаи Қарори якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба тасдиқ намудани Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи аз вазифаи вазири мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон озод намудани Шералӣ Мирзо», «Дар бораи лоиҳаи Қарори якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба тасдиқ намудани Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи аз вазифаи вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикис­тон озод намудани Завқизода З. А.», «Дар бораи лоиҳаи Қарори якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба тасдиқ намудани Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин намудани Холмаҳмадзода С.», «Дар бораи лоиҳаи Қарори якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба тасдиқ намудани Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи вазири мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин намудани Собир­зода Э. А.», «Дар бораи лоиҳаи Қарори якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба тасдиқ намудани Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Дар бораи вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин намудани Абдураҳмонзода А.С.» мавриди баррасӣ қарор гирифта, вобаста ба онҳо қарорҳои Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул шуданд.

Масъалаҳо «Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳуҷҷати электронӣ ва имзои электронӣ», «Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи дору, молҳои тиббӣ ва фаъолияти фарматсевтӣ» ва «Дар хусуси Конвенсия дар бораи мақоми ҳуқуқии ҳайатҳое, ки ба давлатҳои иштирокдори Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил фиристода мешаванд» барои додани хулоса ба кумитаҳои Маҷлиси намояндагон ва раёсати ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардиданд.

«Садои мардум»

Ҳамчунин дигар маводҳо: