https://sadoimardum.tj

Ҳушдор

Дорухат пораи коғаз нест

№:26 (5078), 04 мар 2026, 17:46
2

Вақте дар дорухона фарматсевт аз бемороне, ки доруҳои аз ҷиҳати фармакологӣ сахттаъсир (доруҳои зидди бемориҳои саръ (эпилепсия), саратон (рак), андуҳгинӣ (депрессия), ором, беҳис ва ё мадҳушкунанда, рафъкунандаи дардҳои шадид) мепурсанд, дорухати ба расмиятдаровардашуда талаб мекунад, корафтодагон аз сабаби надонистани қоидаҳои дар ин самт амалкунанда бо фарматсевт баҳс менамоянд. Баъзан чунин баҳсҳо ба муноқиша, суханони қабеҳ ва ҳатто шикастани рафҳои шишагии дорухона меанҷоманд. Ҳол он ки ба дорухати нодуруст ба расмиятдаровардашудаи табиб додани дору боиси ба ҷазои интизомӣ, маъмурӣ ва ҷиноятӣ кашида шудани фарматсевт ё корманди дорухона мегардад.

Аминам, хонандаи гиромӣ аллакай дарк намуд, ки сабаби ин ҳама нофаҳмиҳо байни корафтодагону кормандони хизматрасонии тиббию фарматсевтӣ ҳамон ҳуҷҷате мебошад, ки дар он табиб табобати таъинкардаашро на ҳамеша пурра ва дуруст ба расмият дароварда, онро ба «пораи коғаз» табдил медиҳад. Бо назардошти ин вазъ ва бо мақсади пешгирӣ намудани чунин ҳолатҳо тасмим гирифтем дар бораи эътибори ҳуқуқии дорухат каме маълумот диҳем:

1. Дорухат ҳуҷҷат, яъне, санади ҳуқуқиест, ки шаклҳо, қоидаҳои ба расмият даровардан ва талабот ба мазмуни он тибқи қисми 1 моддаи 25 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи дору, молҳои тиббӣ ва фаъолияти фарматсевтӣ» аз тарафи мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи тандурустӣ тасдиқ мешавад.

2. Ҳуҷҷатест, ки мувофиқи муқаррароти сархати ҳафтуми моддаи 1 қонуни зикршуда дар он муроҷиати хаттии табиб оид ба додани дору аз дорухонаҳо бо нишондоди воя ва тарзи истеъмоли он дарҷ мешавад. 

3.  Ҳуҷҷатест, ки ба бемор барои ба даст овардани молҳои тиббӣ, доруворӣ, аз ҷумла воситаҳои наш­ъадор, моддаҳои психотропӣ ва доруворие, ки бо шартҳои имтиёз­нок дода ё фурӯхта мешаванд, ҳуқуқ медиҳад.

4. Ба корманди муассисаи дорухонагӣ барои тайёр кардан, фурӯхтан ва ройгон ё бо имтиёзи муайян додани ҳамин маводи доруии дар дорухат сабтшуда иҷозат медиҳад (ҳолатҳои дар бандҳои 3 ва 4 дарҷшуда дар сархати ҳафтуми моддаи 69 Кодекси тандурус­тии Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар шудаанд).

5. Ҳуҷҷатест, ки мувофиқи қисми 2 моддаи 25 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи дору, молҳои тиббӣ ва фаъо­лияти фарматсевтӣ» дар он дору бояд бо номи байналмилалии ғайрипатентӣ ва тибқи фармоиши Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи қоидаҳои ба расмият даровардани дорухат ва талабот нисбати он» аз 18 нояб­ри соли 2008, №644, бо забони лотинӣ навишта шавад. 

6. Инчунин, дорухат ҳуҷҷати махсуси муҳосибӣ ва ҳисоботию оморӣ ба шумор меравад. Дар асоси он кадом номгӯи маводи доруӣ, дар кадом шакл ва вояи доруӣ, бо кадом нарх, миқдор ва арзиши умумӣ ба аҳолии ҳудуди маъмурии мушаххас фурӯхта ё ба таври имтиёзӣ дода шудааст, муайян мешавад.

Тавре маълум мегардад, дорухат танҳо муроҷиати хаттии табиб ба фарматсевт (чуноне ки байни мутахассисони тиб маъмул шудааст) набуда, ҳуҷҷат - санади ҳуқуқии ғайримеъёрии бо тартиби муайян чоп, тақсим, нигоҳдорӣ, ҳисобу китоб ва ба қайд гирифташаванда, мувофиқи қоидаҳои мушаххас аз тарафи табиб ба расмият даровардашуда мебошад.

Мақсади ба бемор бо дорухат додани дору истифодаи самараноки дору тибқи меъёр, аз дорухона маҳз ба беморе, ки барои ӯ дору таъин шудааст, додани дору, пешгирии истифодаи ғайритиббии дору ва таъмини гардиши қонунии дору мебошад.

Бинобар сабаби аҳамияти хоса доштани риояи тартиби ба расмият даровардани дорухат дар пешгирии суистеъмол ва гардиши ғайриқонунии дору, аз ҷумла дорувории нашъадор, психотропӣ, сахттаъсир ва заҳрдор, Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ 6 фармон ва дигар санадҳои меъёриро ҷиҳати пурзӯр кардани назорат ба тасвиб расонидааст. Яке аз сабабҳои батакрор қабул шудани фармонҳо аз тарафи табибон на ҳамеша пурра ва дуруст иҷро шудани ин талабот мебошад.

Баъзан табибон бо сабабҳои гуногун дар варақаи дорухат ному насаб, синну сол, суроғаи бемор, рақами телефони худро сабт намекунанд, ному таркиби доруро бо забони ғайрилотинӣ менависанд ё барои «дуюмбора саргардон нашудани бемор» миқдори онро аз меъёри муқарраршуда зиёд менависанд, муҳри муассисаи тандурустиро намегузоранд ва ё дар варақаи дорухати худчоп ё шакли номувофиқи дорухат номгӯи зиёди дору таъин мекунанд. Тибқи фармоиши №644 Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ бо чунин дорухат ба бемор додани дору манъ аст ва онҳо аз тарафи фарматсевт тариқи гузоштани муҳри «дорухат эътибор надорад» аз муомилот бароварда мешавад. 

Ҷолиби диққат аст, ки ҳангоми бе дорухат ё бо дорухати нодуруст ба расмият даровардашуда ба беморон надодани доруҳои таъиншуда кӯшишҳои аз дигар дорухона тавассути шахсони миёнараву корчаллон, новобаста аз баланд будани нарх, пайдо кардани дору мушоҳида мешавад. Дар ин ҳолат дорухати нодуруст ба расмиятдаровардашуда муҳаррики муомилоти ғайриқонунии доруҳои махсус назоратшаванда мегардад.

Кормандони соҳаи тандурустӣ бояд ҳамеша дар хотир дошта бошанд, ки ҳар як воҳиди доруи махсусназоратшаванда ­(наш­ъадор, психотропӣ, сахттаъсир, заҳрдор, прекурсорҳои дар тиб истифодашванада), ки бидуни риояи қоидаҳои муомилот ба бемор таъин ё дода мешавад, метавонад мавриди истифодаи нодуруст ё ғайритиббӣ (заҳролудкунӣ, худзаҳролудкунӣ) ва суистеъмоли онҳо гардад. Истифодаи нодуруст ва ё ғайритиббии дору ҳатман боиси муаммою мушкилоти иловагӣ дар ҳифзи саломатии аҳолӣ, ташаккули тарзи ҳаёти солим ва оромию бехатарии ҷомеа мешавад.

Шаҳрвандон низ бояд бидонанд - доруҳое, ки аз муассисаҳои дорухонагӣ бояд бо дорухат дода шаванд, бе дорухати табиб ё дорухати нодуруст ба расмият даровардашуда пешниҳод ё фурӯхта намешаванд.

Латиф МИНГБОЕВ,

раиси Иттифоқи фарматсевтони Тоҷикистон

Ҳамчунин дигар маводҳо: