https://sadoimardum.tj

Вохӯрии вакилон бо ҳайати Хазинаи байналмилалии асъор

16 ноя 2026, 08:00
4

Панҷуми ноябри соли 2026 дар Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрии вакилон - аъзои Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба иқтисод ва молия бо ҳайати миссияи Департаменти масъалаҳои молиявии Хазинаи байналмилалии асъор баргузор гардид.
Зимни мулоқот ҷонибҳо вазъи кунунии шаффофияти молиявӣ, сатҳи дастрасӣ ва пуррагии маълумоти молиявӣ, сифати ҳисоботдиҳӣ, инчунин, равандҳои банақшагирӣ ва пешгӯии буҷети давлатиро мавриди баррасӣ қарор доданд.
Ба такмили заминаҳои меъёрии ҳуқуқӣ, низоми муайянсозӣ ва идоракунии хавфҳои молиявӣ ва баланд бардоштани эътимоднокии пешгӯиҳои макроиқтисодӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир карда шуд.
Зикр гардид, ки натиҷаҳои арзёбии мазкур ва тавсияҳои амалии коршиносони Хазинаи байналмилалии асъор барои муайян намудани самтҳои афзалиятнок ва такмили минбаъдаи низоми идоракунии молияи давлатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон заминаи мусоид фароҳам меоранд.
Дар фарҷом ҷонибҳо омодагии худро ҷиҳати таҳкими ҳамкориҳои судманд ва табодули таҷриба дар самти баланд бардоштани шаффофияти молиявӣ иброз намуданд.
Ф. Наҷмиддиниён

Ҳамчунин дигар маводҳо: