https://sadoimardum.tj

Манбаи беминнати равшанӣ ва гармӣ

№:86 (4982) 10 июл 2025, 10:56
0

Яке аз захираҳои фаровони энергетикӣ офтоб мебошад, ки ҳамчун манбаи барқароршавандаи энергия мавриди таваҷҷуҳ аст. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни ироаи Паёмашон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 28 декабри соли 2023 таъкид карданд, ки бо мақсади расидан ба ҳадафҳои «Стратегияи рушди иқтисоди «сабз» ҷиҳати бунёди неругоҳҳои барқӣ аз ҳисоби манбаъҳои барқароршавандаи энергия ва то соли 2030 ба ҳаҷми на кам аз 1000 мегаватт расонидани иқтидорҳои алтернативии истеҳсоли энергияи «сабз», яъне ба истифодаи захираҳои офтобиву бодӣ, тадбирҳои амалӣ андешида шаванд.

Мувофиқи ҳисоботи кормандони Бунёди байналмилалии табиат (WWF), то соли 2050 кишварҳои ҷаҳон пурра  бо энергияи барқароршаванда рӯ меоранд. Ҳоло аз ҷиҳати истифодаи неруи офтобу бод Ҷумҳурии Мардумии Чин дар ҷаҳон  ҷои якумро ишғол менамояд. ИМА, Ҷопон, Олмон, Туркия, Кипр, Шветсия, Дания, Фаронса Арабистони Саудӣ низ дар ин самт собитқадаманд.

Тоҷикистон дар миёни кишварҳои  ИДМ аз ҷиҳати истеҳсоли неруи барқи обӣ ҷои аввалро мегирад. Илова бар ин, дар кишвари мо ба истифодаи дигар манбаъҳои барқароршавандаи энергия, мисли ­энергияи офтоб ва бод низ, таваҷҷуҳи зиёд зоҳир мешавад. Бо ин мақсад соли 2010 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи истифодаи манбаъҳои барқароршавандаи энергия» қабул шуда, Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тадбирҳои иловагии истифодаи сарфаҷӯёнаи энергия»  ба тасвиб расидааст.

Мавриди зикр аст, ки имкони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти истеҳсоли энергия аз манбаъҳои барқароршаванда хеле васеъ мебошад, чунки дар ҷумҳурии мо давомнокии рӯзҳои офтобӣ дар як сол аз 2000 то 3000 соатро ташкил медиҳад.

Ба гуфти коршиносони соҳа, самаранокии радиатсияи офтоб дар аксар ноҳия­ҳо ба 1000 Ватт дар як метри  муаккаб  мерасад. Ин дар муқоиса бо кишварҳои аврупоӣ хеле зиёд мебошад. Ҳатто моҳи декабр метавон бо ин восита обро  +50 дараҷа, дар рӯзҳои кӯтоҳ то +30 дараҷа  гарм нигоҳ дошта, 65 дарсад неруи барқро сарфа  кард.

Соли 2024 дар ноҳияи Мурғоб неругоҳи офтобӣ бо тавоноии 800 кВт ба истифода супорида шуд, ки ин имкон медиҳад солона 3084997 кВт/соат қувваи барқ истеҳсол шавад. Ширкати «Помир - Энерҷӣ» соли ҷорӣ дар вилоят се неругоҳи офтобӣ бо иқтидори 3.715 мВт ­бунёд менамояд. 

Ҳамчунин, соли 2025 дар вилояти Суғд неругоҳи  офтобӣ бо иқтидори 200 мегаватт сохта ба истифода дода мешавад.

Дар маҷмуъ, ин иқдом барои соҳаи саноат, муассисаҳои иҷтимоию фарҳангӣ, тиҷоратӣ ва аҳолӣ бениҳоят муфид аст, зеро неруи барқ сарфа шуда, хароҷоти корхонаю муассисаҳо ва хонаводаҳо ба таври назаррас кам мегардад.

Нуралӣ НИЁЗОВ,

вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ҳамчунин дигар маводҳо: