Тоҷикистон афзалият ба истеҳсоли энергияи «сабз»
Қариб 80 дарсади энергия дар ҷаҳон аз ҳисоби сӯзондани захираҳои табиӣ (ангиштсанг, нефт, газ, захираҳои биологӣ) тавлид мешавад. Миёни манбаъҳои истеҳсоли энергия ангиштсанг то ҳол дар ҷаҳон мавқеи намоёнро ишғол мекунад. Соли 2024 дар тавозуни энергетикии ҷаҳон 35,4 дарсади истеҳсоли неруи барқ ба ангиштсанг рост омад. Ангиштсанг ғайр аз марказҳои барқу гармидиҳӣ, инчунин, дар соҳаи металлургия ва истеҳсоли семент низ истифода шуда, яке аз ихроҷкунандагони бузурги гази карбон ба шумор меравад. Неругоҳҳои ҳароратӣ, инчунин, ба фазо дуоксиди сулфур, туршии нитроген, пайвастагиҳои фулузоти гуногун ва чангу ғубор ихроҷ мекунанд. Аз ин рӯ, бо талаби созмонҳои экологӣ сол то сол ҳиссаи неругоҳҳои ҳароратӣ дар истеҳсоли неруи барқ кам шуда истодааст.
Яке аз серистифодатарин манбаи энергия дар ҷаҳон нефт ба ҳисоб меравад. Аз сабаби он ки нақлиёти бо сӯзишворӣ ҳаракаткунанда фазоро бо пайвастагиҳои зарарнок олуда мекунанд, ҷои онҳоро батадриҷ нақлиёти барқӣ ва бо биоэтанолу биогаз ҳаракаткунанда гирифта истодаанд. Аз рӯи маълумоти Агентии байналмилалии энергетикӣ, ҳиссаи нефт то соли 2040 дар тавозуни энергетикии ҷаҳон кам шуда, ба 28 фоиз мерасад.
Газ аз лиҳози экологӣ нисбат ба ангиштсанг ва нефт тозатар буда, талабот ба он дар соҳаҳои нақлиёт, саноат ва энергетика сол то сол афзуда истодааст. Мувофиқи маълумоти агентии мазкур ҳиссаи газ дар тавозуни энергетикии ҷаҳон соли 2030 ба 22 фоиз хоҳад расид.
Даҳсолаи охир, бинобар кӯшишҳо оид ба кам кардани ихроҷи газҳои парникӣ таваҷҷуҳ ба энергияи атомӣ зиёд шуда, дар 32 мамлакат 440 реактори атомӣ неруи барқ истеҳсол мекунанд. Ҳиссаи неругоҳҳои атомӣ дар истеҳсоли неруи барқи ҷаҳон 10 фоизро ташкил медиҳад. Аз ним кило уран баробари сӯхтани 1000 тонна ангиштсанг энергия истеҳсол мешавад. То фоҷиаи Чернобил энергияи атомӣ яке аз манбаъҳои ояндадори энергетика ба шумор мерафт. Баъдтар, садамаи Неругоҳи атомии Фукушимаи Япония низ баъзе кишварҳоро барои сохтани неругоҳҳои атомӣ дудила сохт. Ҳоло дар Фаронса 64 фоиз, Славакия - 61, Венгрия - 48 ва Финландия 42 фоизи истеҳсоли неруи барқ ба неругоҳҳои атомӣ рост меояд.
Мувофиқи таҳқиқоти коршиносон имрӯз манбаъҳои ояндадори энергия об, офтоб, бод ба шумор мераванд. Агар то соли 2021 ҳиссаи манбаъҳои барқароршавандаи энергия дар истеҳсоли неруи барқи ҷаҳонӣ 21-28 фоизро ташкил дода бошад, соли 2023 ин рақам аз 30 фоиз гузашт. Соли 2023 тақрибан 14,7 дарсади истеҳсоли неруи барқ дар ҷаҳон ба соҳаи гидроэнергетика рост омад. Ҳиссаи боқимондаи тавлиди неруи барқ ба таҷҳизоти офтобию бодӣ рост меояд.
Ба шарофати сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имрӯз Тоҷикистон на танҳо дар минтақа, балки дар ҷаҳон ба яке аз кишварҳои асосии истеҳсолкунандаи энергияи «сабз» табдил ёфтааст. Қариб 98 дарсади неруи барқ дар ҷумҳурии мо аз ҳисоби неругоҳҳои обӣ истеҳсол мешавад. Тавре Пешвои миллат таъкид намудаанд, «Ҳукумати мамлакат захираҳои гидроэнергетикиро сарвати миллӣ мешуморад. Бинобар ин, мо рушди соҳаи энергетикаи обиро ба сифати яке аз самтҳои афзалиятноки фаъолияти худ муайян карда, дар ҳамкорӣ бо шарикони байналмилалӣ таъмиру навсозӣ ва сохтмони иншооти энергетикиро идома медиҳем».
Пешвои миллат аз рӯзҳои нахустини Сарвари давлат интихоб шудан таъкид мекунанд, ки рушди мунтазами иқтисодиёти кишвар бе истиқлолияти энергетикӣ ва таъмини пурраи ҳамаи соҳаҳо бо неруи барқ ғайриимкон аст. Бинобар ин, дар даврони соҳибистиқлолӣ барои ҳалли мушкилоти энергетикӣ як қатор иншоот, аз қабили Неругоҳҳои барқи обии «Сангтӯда-1», «Сангтӯда-2» «Помир-1», Маркази барқу гармидиҳии «Душанбе-2» ва як қатор неругоҳҳои барқи обии хурд, бунёд ва мавриди истифода қарор гирифтанд. Инчунин, зеристгоҳҳои барқии «Душанбе-500» «Суғд-500», дастгоҳи тақсимкунандаи пӯшидаи элегазии 500 кв дар НБО «Норак», хати интиқоли барқи 500 кв «Ҷануб-Шимол» (ба масофаи 263,8 км), зеристгоҳҳои барқии 220 кв «Лолазор», «Хатлон», «Айнӣ», «Шаҳристон», «Шаҳринав», хатҳои интиқоли барқи 220 кв «Лолазор- Хатлон» (53,3 км), «Тоҷикистон- Афғонистон» (116 км), «Хуҷанд-Айнӣ» (83,2 км), «Қайроққум-Ашт» (74 км), «Геран- Румӣ» (78 км) ва ғайра низ ба истифода дода шуданд.
Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 28-уми декабри соли 2024 дар Паёмашон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъкид карданд: «Ҳукумати мамлакат бо мақсади расидан ба истиқлоли энергетикӣ ва дар ин замина, таъмин намудани рушди устувори иқтисоди миллӣ бо истифода аз ҳамаи имконияту сарчашмаҳои мавҷуда, хусусан манбаъҳои рушди энергияи «сабз», мунтазам чораҷӯйӣ карда истодааст».
Яке аз рӯйдодҳои фараҳбахш дар ҳаёти сокинони ҷумҳурӣ ба истифода додани ду чархаи НБО «Роғун» мебошад. Имрӯзҳо дар ин сохтмони бузурги аср корҳо бо суръати баланд идома дошта, дар ду соли охир ба ин мақсад аз ҳисоби буҷети давлатӣ беш аз 9 миллиард сомонӣ харҷ гардид. То имрӯз беш аз 50 фоизи корҳои сохтмонии НБО «Роғун» ба анҷом расидаанд. Сарвари давлат зимни ироаи Паём мужда доданд, ки аз моҳи майи соли 2027-ум аз ҳисоби истеҳсоли неруи барқ дар НБО «Роғун» ва силсилаи неругоҳҳои дарёи Вахш норасоии неруи барқ дар кишвар пурра бартараф ва Тоҷикистон ба истиқлоли комили энергетикӣ ноил мегардад.
Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дорои 280-330 рӯзи офтобӣ дар як сол аст, барои истифодаи энергияи офтобӣ низ имкони зиёд дорад. Тибқи «Стратегияи рушди иқтисоди «сабз» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2023-2037» дар мамлакат тавассути насби таҷҳизоти офтобӣ имкони истеҳсоли зиёда аз 25 миллиард квт. соат дар як сол мавҷуд аст.
Ба ин хотир, чанд соли охир дар Тоҷикистон як қатор лоиҳаҳои хурду миёнаи истифодаи энергия аз манбаъҳои офтобӣ ва бодӣ амалӣ шуданд. Аз ҷумла, дар шаҳри Душанбе, вилояти Хатлон, ноҳияи Мурғоби ВМКБ неругоҳҳои хурди офтобӣ бунёд гардиданд, ки дар таъмини неруи барқ дар иншооти алоҳида ва деҳаҳои дурдасти кӯҳистон нақши муҳим доранд. Амалишавии ин лоиҳаҳо собит намуд, ки манбаъҳои алтернативии энергия дар Тоҷикистон имкониятҳои зиёд доранд.
Пешвои миллат дар Паёмашон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 28-уми декабри соли 2023 дар ин хусус чунин таъкид намуданд: «Бо мақсади расидан ба ҳадафҳои «Стратегияи рушди иқтисоди «сабз» ҷиҳати бунёди неругоҳҳои барқӣ аз ҳисоби манбаъҳои барқароршавандаи энергия ва то соли 2030 ба ҳаҷми на кам аз 1000 мегаватт расонидани иқтидорҳои алтернативии истеҳсоли энергияи «сабз», яъне бо истифодаи захираҳои офтобиву бодӣ, тадбирҳои амалӣ андешида шаванд».
Дар ҷумҳурӣ барои рушди соҳаи энергетика заминаи мустаҳками қонунӣ фароҳам аст. Вобаста ба ин, парлумони мамлакат қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи энергетика», «Дар бораи сарфаҷӯӣ ва самаранокии энергия», «Дар бораи манбаъҳои барқароршавандаи энергия» ва санадҳои дигарро қабулу ҷонибдорӣ кард, ки мавриди амал қарор доранд.
Илова бар ин, дар мамлакат «Барномаи рушди соҳаи энергетикаи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2020-2030» қабул шудааст. Тибқи барномаи мазкур Тоҷикистон ба кишвари содироткунандаи неруи барқ табдил меёбад. Хоса, лоиҳаи «CASA-1000», ки аз як тараф, ба беҳтар намудани таъминоти неруи барқ дар Осиёи Ҷанубӣ мусоидат кунад, аз ҷониби дигар, иқтидори содиротии кишвари моро афзун намуда, ба рушди иқтисодиёти мамлакат мусоидат хоҳад кард.
Фарҳод КАРИМЗОДА,
вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Ҳамчунин дигар маводҳо:





